04

Июн, 2025
Чоршанбе

04

Июн, 2025
Чоршанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

АЗ ГАРМИЧАҲОИ РӮЙ ХАЛОС ШУДАН МЕХОҲЕД?

 Агар гармичаҳо дер-дер аз худ дарак диҳанд, пас дониста бошед, ки бояд шумо воситаҳои косметикии худро иваз намоед. Дар чунин ҳолат, шумо метавонед бе кӯмаки духтур  аз пайи нест кардани гармичаҳои рӯятон шавед.

Барои нест кардани гармичаҳои пӯсти рӯйи танҳо бояд усули дурусти нигоҳубини пӯстро донист. Дар хотир нигоҳ доред, ки воситаҳои нигоҳубини пӯст ё ниқобҳоро бояд вобаста ба навъи пӯст интихоб намуд.

Аксари мардум бар он ақидаанд, ки барои нест кардани гармичаҳо бояд рӯйро тез-тез шуст, ки ин фикр хатост. Гармичаҳо аслан дар пӯсти равғанин зиёд мешаванд. Маҳз, ана ҳамон равған пӯсти рӯйи моро муҳофизат ва нарм нигоҳ медорад. Дар натиҷаи зиёд шустани пӯсти рӯй равғани он зиёд мешавад, ки ин низ яке аз омилҳои  боз ҳам зиёдтар шудани гармичаҳо мегардад. Барои ҳамин, кӯшиш кунед, рӯятонро рӯзе аз 2-3 маротиба зиёдтар нашӯед ва барои истифода набурдани  воситаҳои махсус ҳаракат намоед. Скабро ҳам камтар истифода баред, зеро дар таркиби онҳо лӯлачаҳое мавҷуданд, ки ҳангоми истифода пӯсти бе ин ҳам нозуку гармичадори шумо метавонад варам кунад. Беҳтараш аз воситаҳои обакии махсуси барои нест кардани гармичаҳо пешбинишуда истифода намоед.

Ҳамзамон кӯшиш кунед, рӯйхати таомҳои истеъмол мекардаатонро тағйир диҳед. Кола, лимонад, картошкабирён, ҳар гуна таомҳои зудтайёршаванда ва коферо фаромӯш кунед. Мева, сабзавот, кабудӣ ва чойи кабуд ҳам барои нигоҳ доштани пӯсти рӯйи ботароват ва бадани обутобёфта ниҳоят муфиданд.

Сабаби дигари пайдо шудани гармичаҳо дар рӯй ин бад шудани кори рӯдаҳо мебошад. Барои ҳамин, кӯшиш кунед, кори рӯдаҳоро ба танзим дароред. Барои ин, ҳар саҳар оби намакин (як қошуқча намак дар ним литр об), пас аз 30 дақиқа як стакон кефир нӯшед. Агар хоҳед, ки ин амал натиҷаи дилхоҳ диҳад, яъне рӯдаҳоятон тозаву гармичаҳои рӯятон гум шаванд, пас кӯшиш кунед, онро чанд муддат пайи ҳам иҷро намоед. Оби шӯр пасмондаҳои хӯроки ҳазмнашудаи меъда ва рӯдаҳоро ҷамъ намуда, онҳоро аз орагнизм хориҷ мекунад, кефир бошад, боқимондаҳои онро мешӯяд.

Нӯшидани оби чашмаҳо ё оби бегаз ҳам организмро солим нигоҳ медорад, ҳам пӯсти рӯйро аз пайдошавии ҳама гуна гармичаҳо муҳофизат мекунад. Барои ин, лозим аст, ки рӯзе 2-2,5 литр об нӯшед.

Барои аз гармичаҳои рӯй халос шудан ба тозагӣ риоя кардан ва нигоҳ доштани вазъи саломатии худ дар ҳолати мӯътадил лозим аст. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар як шахс худи ӯст.

 

Таҳияи ПАРВИНА
:.  Зебоӣ 14.03.2011 05:20 7439

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz