Ӯ гули худрӯеро дар хонадони коргари одӣ мемонд. Дареғо, ки пайвандонаш ҳанӯз иллати азалию бемории ҷонкоҳро дар батни модар бо малулию оби дида ба худ қабул кардаанд.Тасаввур ҳам намерафт, ки ин тифли маъсуму беҷурм дар оянда ба кадом фатҳи қуллаи мурод даст меёфта бошад, ҳанӯз ноаён боқӣ мемонад. Гулғунча фарзанди чаҳорум буду волидон, ин олиҳаи ҳуснро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуданд. Мехостанд, ки ба иллати пояш малҳам ёбанд, то ки ӯ ба мисли дугонаҳояш шӯхию даводавӣ намояд…
Вақти ҳафтсолагӣ Гулғунчаро ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42-и шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар деҳкадаи Неъматобод, ҷиҳати аз бар кардани алифбо раҳнамун месозанд.
Соли 2009 дабистонро бо баҳои хубу аъло ва интизоми намуна хатм намуд. Соли 2010 ҳуҷҷатҳояшро ба Муассиссаи давлатии литсей-парваришгоҳи касбии махсуси маъюбони шаҳри Душанбе супурда, онро бо тахассуси корманди соҳаи иттилоот ва интернет ба итмом мерасонад.
Аз овони туфулият ба варзишу воситаи бардамӣ волаю шайдо гашта, хаёлан худро «дар майдони сабзгунаи бозиҳои хелмахели варзишӣ» ба парвоз медид. Ӯ ба варзиш майли беҳамто дошту байни ҳамтақдиронаш аз рӯи бахш ва навъҳои ҷудогонаи он: вазнбардорӣ, дасттобдиҳӣ, ҳаво додани гулӯла, лаълича, гурз ва бадминтон миёни шогирдони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд дар сабқату мусобиқаҳо фаъолона ширкат менамояд. Гулғунча Неъматзода дар мусобиқаҳои варзишии миллию байналмилалӣ оид ба намудҳои болозикр ширкат варзида, сазовори 75 диплому грамота ва 58 нишон бо дараҷаҳои 1–2-юми варзишӣ ва даҳҳо маротиба ғолиби сабқатҳои кишвар низ, гардидааст.
Баъди хатми муваффақонаи Муассисаи литсей-парваришгоҳи касбии махсуси маъюбон, бо дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷатҳояшро соли 2012 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, ба факултети «Сайёҳии кӯҳӣ» бо ихтисоси «Шореҳи варзиш ва чавгонбоз» супурда, Донишкадаро бо рӯйи сурх ва сари боло ба итмом расонд.
Соли аввали таҳсили 2012 ҳамчун коргузор дар факултети «Варзиш», солҳои 2013–2014 ба сифати коргузор – озмоишгар дар кафедраи «Забонҳои хориҷӣ», 2015–2017 котиби ноиби ректор оид ба таълим фаъолияти пурсамар менамояд.
Гулғунча бо сипос мегӯяд, ки Парвардигор чунин як Сарвари давлати оқилу фарзона, ғамхору меҳрубонро насибашон гардондааст. Ба шарофати ғамхории бемайлони ӯ бисёр маҷруҳону барҷомондагон соҳиби ихтисос шудаанд.
Ин олиҳаи ҳусн алорағми маъюбии азалии худ ба нафъи халқу Ватани азизаш хизмати босазо карда истодааст.
Ман агар маъюб ҳастам, ҷони ман маъюб нест,
Ақли ман, идроки ман, имони ман маъюб нест.
Ман агар дар зиндагӣ аз як по маҳрум шудам,
Зӯри даҳ ангушт, дар дастони ман маъюб нест.
Оре, Неъматзода Гулғунча аз бонувони қави¬иродаест, ки ба идомаи дарди умри азалии худ даво бахшида, дар зиндагӣ маҷрои тозаи хешро дарёфта. Ҳамеша ба кирдори нек роҳ меҷӯяд, онро мепӯяд, маънии зиндагиро меёбад.
Ҳоло ин бонуи фарзона, соҳибҳунар ва модари азиз, ситораи саҳнаи варзиш дар МД «Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ҳамчун мутахассис фаъолият менамояд.
Бо зеҳни азалии хеш ба пешаҳои наҷиби порагарӣ, дӯзандагӣ, лоиҳаофаринӣ, баҳри ҷавонписарону гулдухтарон ҳамчун тарроҳ либосҳои шинаму замонавии мӯди аврупоӣ ва миллиро тавъам бо ҳам омехта, ҳар дархос¬ту фармоиши мизоҷро бо суръату сифати аъло дӯхта, табъи латифи эшонро вобаста ба талаботи бозори ҷаҳонӣ қонеъ мегардонад.
Бо Ифтихорномаи дараҷаи якуми Муассисаи давлатии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов (2017), Ифтихорномаи Федератсияи варзишгарони имконияташон маҳдуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010) қадр шудааст.
Соли 2012 тавассути телевизиони «Баҳо¬ристон» барномаи хотирмоне ҷиҳати маъюби азалии худ ба муштариён муроҷиат карда, худро ҳамчун варзишгарбону муаррифӣ карда тавонист. Соли 2013 Гулғунча аз қаҳрамонони марказии барномаи телевизиони «Сафина» буда, аз нафосати варзиши бадани бонувон ҷилои ҳунар намуда, нақши худро ҳамчун модар - бонуи варзишгар басо самимию ҷаззоб офарид.
Роҳи Гулғунча дар варзиш тулонӣ набошад ҳам, то ҷое имкон дошт, ба пирӯзиҳо даст ёфт. Алорағми иллати модарзодӣ дар арсаи варзиш майдондорӣ кард.
Гулғунча идомаи умри хешро дар камолоти фарзанди накую дилбанди хеш - Алайҳими панҷсола насиба карда, ба хотири фардои дурахшони ҳаёт гоми устувор мениҳад.
Мирзосафар ШАМСИДДИНОВ,
Рӯзноманигор