04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

МАЙДОНДОРӢ

 

Bonu 07_2022__IMG_202_fmt4

Тантанаи Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари тоҷикон сол ба сол пуршукӯҳтар гашта, ба авҷи аъло мерасад. Чорабиниҳои фарҳангиву вазишӣ, бахусус дар даҳсолаи охир бас наҷиб тарҳрезӣ мегарданд, ки он ҳама боиси хушҳолии хурду бузург мешавад.

Маҳз дар ҳамин ид гӯштигирӣ, аспдавонӣ (пойга), бузкашӣ ва дигар бозиҳо диққати ҳамаро ҷалб месозанд. Боиси фараҳмандист, ки МИҲД-и шаҳри Душанбе дар Наврӯзгоҳи пойтахт гӯштигирӣ ва пойгаро роҳандозӣ намуд. Соли равон сабқати кураш ва ҳам гӯштии тоҷикӣ доир шуд, ки дар ин ду чорабинӣ аз гӯшаҳои дуру наздики кишвар ва мамолики хориҷӣ паҳлавонони зиёде ширкат варзида, мартабаи гӯштиро ба авҷи аъло бардоштанд.

Баҳори имсола барои сокинони мамлакат бениҳоят хуш омад. Нахуст, сокинон шаш рӯз истироҳат доштанд. Дувум, ҳаво дар тамоми гӯшаҳои Ватани сарсабз муътадил буд. Савум дар пойтахт - дар Наврӯзгоҳ мусобиқаҳои гӯштии кураш ва гӯштии миллӣ бо иштироки беандозаи паҳлавонони дохил ва хориҷ дар сатҳи баланд гузашт. Ниҳоят, мусобиқаҳои гӯштии пуровозаву шоиста дар ноҳияҳо ҳаводорони зиёдеро хушҳол гардонданд. Аз ҷумла, чорабиниҳои наврӯзӣ дар Кӯлоб, деҳаи Пушинг ва маркази ноҳияи Данғара, шаҳри Бохтар (ҳамасола бо ибтикори соҳибкор Нусратулло Файзуллоев), навоҳии Рашт, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва деҳоти Чоркӯҳи Исфара басо хотирмон буданд.

Ин дафъа ТВ «Варзиш» хизмати босазо анҷом дод. Сабқатҳои болозикрро бо завқ тамошо кардем. Паҳлавонони зиёди наврас, устодони варзида хуб майдондорӣ карда, бо тарзу услуб ва гӯштигириашон қалби ҳаводорони хешро тасхир сохтанд. Аммо омири майдонҳои гӯштиҳои имсолаи наврӯзӣ паҳлавони хубрӯву матин аз деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ Мадинаи Рустам буд. Ин духтараки ҷасури 15-сола дар чандин майдони гӯштии наврӯзӣ, аксар бо писарбачаҳо – ҳамсолони худ зӯрозмоӣ намуда, шаҳди ғалаба чашид. Мадина гули сари сабади майдонҳои гӯштигирӣ шуд.

Дар деҳаи Пушинг панҷ паҳлавонписарро мағлуб кард. Бо пирӯз омадан ба ҳарифи шашум, бар замми солими эълоншуда як асп туҳфа гирифт. Дар маркази ноҳияи Данғара низ нағз гӯштӣ гирифт. Телевизор ва қолини гаронбаҳо насибаш гашт. Дар шаҳри Бохтар низ ном ба номи ин духтарак буд. Фарзанди обруманди Ватан, соҳиби маърака Нусратулло Файзуллоев шахсан Мадинаро аҳсант хонда, ғалабаи ӯро бо маблағи пулӣ ва солими шоиста қадр кард.

  • „ МАДИНАИ РУСТАМ

Мухлисону ҳаводорони гӯштии миллӣ аз зуҳури як майдондори шоиста ба ваҷд омаданд. Мо низ аз зӯрозмоӣ ва падидаи нав дар майдони гӯштигирии имсола ангушти ҳайрат газидем. Аксар аз кадомин диёр ва аз кадомин хонадон зуҳур кардани ин паҳлавони навраси умедбахшро намедонанд ва пурсон мешаванд, ки аз куҷост.

Мадинаи Рустам бо аҳли хонаводааш дар деҳаи пуровозаи Кадучии ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекунад. Падару модар шаш фарзанди хешро дар бағали меҳр мепарваранд. Чуноне воқиф гаштем, ҳамааш овоне сар зад, ки бародараш Бозорбой ба тамрини гӯштии ҷудо оғоз намуд. Мадина он замон дар синфи дуюм мехонд. Бо илтимос аз бародар, савори велосипед ба деҳаи ҳамсоя мерафтанд. Аз шуғли духтар модараш норизову писарашро накуҳиш дод, ки минбаъд хоҳарашро бо худ набарад. Аммо Мадина ҳамоно рустӣ аз модар пиёда ба толори гӯштӣ рафта машқ мекард.

Барои гарданшахӣ аз модар борҳо сарзаниш шунидааст. Аммо Мадина аз роҳи раваш пас нагашт. Пуштибони духтар падараш, Рустам Қурбон буд. Дид, ки духтараш ба гӯштӣ шавқи беандоза дорад, ба ҳамсараш гуфт: «Аз раҳ нагардонаш».

  • „ ПАДАР - РАҲНАМО

Рустам Қурбон таҳсилдидаи Институти тарбияи ҷисмонии Душанбе ва мутахассиси гӯштӣ - мураббии ҷудо аст. Аммо бо тақозои замон аз пушти ин шуғл кор набурд. Гоҳу ногаҳ дар хона ба писараш ин ё он усули гӯштиро машқ медод ва ин тамринҳо ба Мадина беасар намонданд.

Ҳамин тавр, Мадина зӯроз­моиро идома бахшид. Мураббиаш Маҳмадулло Ғуломов дар пешрафту пирӯзиҳои нахустини ин духтараки нотарс саҳм гирифт. Боварии мураббӣ ба гӯштигири наврас болу пар бахшид. Вай оҳиста – оҳиста дар мусобиқаҳо ғолиб меомад. Ҳарифонаш аслан писарбачаҳо буданд. Аз навиди ғалабаҳои нахустини Мадина падар дар курта намеғунҷид.

  • „ ҒОЛИБИ ВАРЗИШ


Bonu 07_2022__IMG_202_fmt5


Зафармандии чашмраси Мадинаи Рустам панҷ сол қабл ба вуқуъ пайваст. Соли 2017 ба ифтихори солгарди чемпиони Осиё ва ҷаҳон Мамадрасулов мусобиқаи гӯштӣ доир гашт, ки дар ин сабқат Мадина 11 ҳариф – писарбачаҳоро мағлуб кард. Барои ғалабаи мутлақ Мадина бо солими арзанда – ду қолин ва маблағи пулӣ шарафманд шуд.

Бо маслиҳати падар 5000 сомонии мукофотро ба модараш нисор намуд. Модар мутаассир гашт, чанд дона ашки шодӣ бари рӯяш ғел хӯрд.

Ҳамин тавр, ғалаба пушти ғалаба шуд. Мадина дар мусобиқа ба ифтихори ҷаҳонпаҳлавон Сайдмуъмин Раҳимов пирӯз омад. Дар зӯрозмоӣ ба ифтихори паҳлавони номии кишвар Худойназар Боқиев соҳиби ҷом гардид. Соли 2021 Ҷоми Имронро болои сар бардошт.

  • „ РОҲИ ОЗМУДА

Гурдофариди арсаи паҳлавонӣ Мадинаи Рус­там алҳол ба пеш равон аст. Ҳар рӯз аз деҳаи Кадучӣ ба шаҳри Кӯлоб меояд. Мураббияш Беҳрӯз Назриев ба ӯ тамрин медиҳаду аз он шод аст, ки Мадина дар мусобиқаи гӯштигирӣ дар шаҳри Бухоро медали тилло ба даст овард.

Мадина имсол синфи 8-ро тамом мекунад. Орзуи ӯ дар оянда расидан ба қуллаи баланди варзишист. Бисёри бисёр таманно дорад, ки ба Олимпиада роҳ ёбаду чемпион шавад.

Роҳат пурнур бод, фарзанди Ватан - маликаи майдони паҳлавонӣ!

Манижа ШЕРХОНОВА

:.  Варзиш 26.07.2022 17:44 686

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz