Дар муҳите ба воя расида, ки ҳама наздиконаш ба бозии шоҳмот рағбат доштанд. Донаҳои сиёҳу сафед завқи духтаракро ба сӯи худ мекашиданд. Муҳраҳоро рӯи тахтаи шоҳмот мечид ва гӯё сари бозии бузурге меандешид. Ҳавсалаи кӯдакияш дар макони шоҳмотбозон нумӯ кард. Чаҳорсола буду миёни аҳли хонавода ҳамчун «Шоҳбонуи шоҳмот» мақом пайдо намуд. Бозии кӯдаки чаҳорсола бо калонсолон бас шавқангезу марғуб метофт.
Ба ин зайл, тақдири духтарак аз пайроҳаи кучаки шатранҷ ба шоҳроҳи бузурге баромад. Мутриба Ҳотамӣ, духтари шоҳмотбози маъруфи тоҷик Саодат Одинаева аст. Мутриба аз 6-солагӣ ба бозиҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ пардохту чандин маротиба қаҳрамони Тоҷикистон ва қаҳрамони бозиҳои Олимпиадаи байналмилалии шоҳмот гардид. Имрӯз ӯро ҳамчун чемпиони 8-каратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни бонувон, бисёркарата байни ҷавонону наврасон ва дорандаи медали Осиё оид ба шоҳмот мешиносанду эътироф мекунанд.
Мутриба Ҳотамӣ соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, таълимдидаи МТМУ №1-и пойтахт аст. Дар баробари таҳсил ба шоҳмот низ мароқи зиёд дошт. Чеҳраи ин гулдухтари тоҷикро дар бозиҳои сатҳи байналмилалӣ дидан мумкин буд. Аввалин иштирокашро Мутриба хуб дар ёд дорад, ки он дар соли 2007 дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гашта буд.
- Ҳамасола ман мекӯшам, то дар яке аз бозиҳои байналмилалии шоҳмот иштирок намоям. Ба давлатҳои зиёде сафар кардааму боре медалу ифтихорномаҳоямро нашмурдаам, онҳо хеле зиёданд (механданд). Вале аввалин ғолибиятам ҳамеша ёдам ҳаст, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб гузашта буд. Дар бозии байни духтарони 10- сола иштирок доштам. Дар солҳои аввал он қадар аз худ бовар надоштам, ҳаросам бештар буд. Бо роҳнамоии модарам зиёд китобҳои шоҳмотро мутолиа мекунам, якҷо шоҳмот мебозем. Инак, 12 сол аст, ки дар бозиҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунам, таҷриба меандӯзам, - иброз медорад Мутриба.
Соли 2015 ба бахши ғоибонаи факултети варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил мешавад. Шуруъ аз ҳамон сол ҳамчун мураббии шоҳмот дар Мактаби махсуси захираҳои олимпӣ оид ба шоҳмот ва шашка фаъолият мебарад. Узви Федератсияи миллии шоҳмоти Тоҷикистон мебошад.
Мутриба Ҳотамӣ дар ҷавонӣ устоди варзидаи касби хеш гардидааст. Кӯдакони аз 6-сола боло ба умеди омӯзиши шоҳмот дар ин мактаб ҷамъ меоянд. Меҳрубонӣ, дӯстдории омӯзгор нисбат ба шогирдро мо дар симои Мутриба Ҳотамӣ пайдо кардем, ки чи қадар бо наврасони шоҳмотдӯст хушмуомила аст. Аз ӯ пурсон шудем, ки оё мушкил нест бо кӯдакон сари кор гирифтан?
- На, кӯдакон ниҳолеро мемонанд, ки ба парвариш, муҳаббат ва раҳнамоӣ ниёз доранд. Муҳимтар аз ҳама, ба бозии шоҳмот меҳр доранд, мо мекӯшем, ки шавқу ҳаваси кӯдаконро аз онҳо дур насозем, баръакс бо сухани хуб онҳоро сӯи қуллаҳои баланд бубарем, - бо табассум мегӯяд омӯзгори ҷавон.
Огаҳӣ ёфтем, ки Мутриба ба ниёзманде, ки завқи бозии шоҳмотро дорад, ройгон дарс мегуфтааст. Шогирдони зиёдеро аз соли 2015 то ҳол тарбият намуда, ки онҳо дар сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ қаҳрамонанд. Ба чеҳраи зебои тоҷиконаи Мутриба Ҳотамӣ нигариста ҳисси болидагии ботинии худро эҳсос намудам. Агар ҳар нафаре чун ӯ хоксору самимӣ ва дӯстдори касб, дӯстдори Ватан бошад, зиндагӣ ранги дигареро мегирад.
Мутриба аз надоштани мураббии дараҷаи байналмилалӣ дар кишвар озурдахотир аст. Ва дар танҳоӣ барои иштирок дар бозиҳои байналмилалӣ худро руҳану ҷисман омода менамояд.
Пурсидамаш, чаро тариқи онлайн бо мураббиёни шоҳмот намебозед? - Албатта, ин паҳлуҳоро низ санҷидаам, вале барои ҳар соати бозӣ бояд 50 доллар ба ҳисоби ҳариф гузаронӣ. Беҳтар аст, ки зиёд кор кунам, мутолиа намоям ва ба мусобиқа равам, - иқрор меояд қаҳрамони мо.
Якумин бонуе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бозиҳои Осиёии шоҳмот медали биринҷӣ овардааст, Мутриба Ҳотамист. Пушти ҳама комёбиҳояш модарашро мебинем, ки тавониста як нафари заруриро барои Ватан ҳадия бисозад. Дар ботини фарзандон, аввалтар аз ҳама, ҳисси хоксориву фурӯтанӣ ва муҳаббат доштанро парвардааст.
Мутриба дар баробари варзишгари номӣ буданаш, дар хонавода ошпази моҳир аст. Аз рӯи нақли наздикон, хӯрокҳои миллӣ ва шириниҳоро хеле хуб мепазад. Дар баробари ин, вай ба навохтани пианино, фортепиано низ шавқ дорад ва хуб ҳам менавозад. Забони русӣ, англисиро балад буда, ҳоло пайи омӯзиши забонҳои дигар камар баста, шиновари хуб низ ҳаст.
Ӯ ҷавонест, ки ҳар лаҳзаи вақти худро самаранок истифода бурда, пайи ҳар нақшаҳояш таъхир намекунад. Ба он ақида, ки волидон дар ояндаи фарзандонашон саҳми бузург доранд, розӣ аст. Волидон бояд аз хурдӣ кӯдакро ба касбе роҳнамо бошанд, шавқу завқи фарзандро бедор намоянд.
Мутриба ҳоло барои иштирок дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Ҳиндустон рӯзҳои 27 июл - 10 августи соли равон доир мегардад, омодагӣ мебинад. Ӯ миёни ҳарифонаш дар кишвар мақоми якумро соҳиб шуда, ҳуқуқи иштирок дар ин олимпиадаро ба даст овард. Барои Мутриба дар ин бозии байналмилалӣ барор мехоҳем.
Фарзона ВОСЕЕВА