Аҳлия ҳамроҳи падар меҳмони хонадони амакаш шуд. Писарамакҳо бо ҳам саргарми шӯхию бозӣ буданд ва ниҳоят якбора садои «биё гӯштигирӣ, биё гӯштигирӣ…» - и бачаҳо фазои хонаро пур кард. Аз он ки он ҷо духтаракон набуданд, Аҳлия кунҷи хона нишаста, ба бозии бачаҳо бо ҳавас менигарист. Дар гӯштӣ касе ба касе ғолиб намеомад.
Бародарон аз панҷа задану ба ҳам омадан ва ба китф бардоштану ба замин партофтани «қаҳрамонписарҳояшон» ифтихор доштанд. Аз ҳаёҳӯи онҳо завқ бурда, бо нидои «ҳа… канӣ, ҳа… канӣ» паҳлавононро ба истилоҳ «ҳаво» медоданд. Ҳар яке аз бародар тарзу усули гӯштигирии писарашро бо рӯҳбаландӣ ба риштаи тасвир ва шарҳу эзоҳ мекашид.
Ин замон Аҳлия, ки ором нишаста, қувваозмоиро назорат мебурд, якбора аз ҷо бархост. Даст ба миёни яке аз писарамак, ки ҳамсоли худаш буд, бурд. ӯро бо як ҷаҳиш бардошта, бо усули хосе ба замин партофт.
- Ин лаҳзаро дидаму эҳсос намудам, ки дар ботини Аҳлия истеъдоду маҳорати варзишӣ нуҳуфтааст. Баъдан низ чунин ҳолатҳо тез – тез рух медоданд. Аз маҳорати гӯштигарии Аҳлия писарамакҳо ёрои дуюмбора ба майдон баромаданро надоштанд, - бо ҳарорат мегӯяд қиблагоҳи Аҳлия.
Аҳлия нахустфарзанди хонадон ва нозпарвардаи волидон аст. Аз хурдӣ шавқу рағбати беандоза ба варзиш дошт. Ба гуфтаи падараш, ин шуғл барояшон ирсист, худ ва падарбузургаш низ бо намудҳои гуногуни варзиш байни мардум ангуштнамо буданд.
- Бобоям гӯштигири номӣ буд, падарам ҳам дар човандозию асптозӣ ҳамто надошт. Ман аз замони мактабхонӣ ба тамрини гӯштии миллӣ шуғл меварзидам. Вале саробонии хонавода боис гашт, то муддате аз варзиш дур шавам. Ҳоло дар вақтҳои фориғ аз кор, ба хотири солимии рӯҳу тан ба толор рафта, ба ҷудо машғулам. Он орзуҳои амалинагаштаи худро мехоҳам оянда дар муваффақ гардидани духтарам дар ин ҷода бинам. Аз ин хотир, талош дорам, то тамоми шароитро ба Аҳлия муҳайё созам ва ӯ дар сабқатҳо пирӯз гардад, - мегӯяд падари бонуи паҳлавон.
Вақте дар маркази шаҳри Турсунзода варзишгар Неъматулло Аслонқулов ба рӯи дӯстдорони варзиш толор боз намуд, барои Аҳлия амалӣ шудани орзуҳояш дар риштаи ҷудо василае шуд. ӯ ҳанӯз 7 сол дошт, ки ҳамроҳи падар ба варзишгоҳ мерафт ва машғули тамрину обутоби бадан мешуд. Аз он ки солҳои охир ҷудо ҳамчун яке аз риштаҳои бонуфуз дар ҷаҳон мақом гирифт, падар азм кард, то Аҳлия дар ин намуди варзиш машқ бикунад ва худро бисанҷад.
Баъди тамринҳои зиёд Аҳлия бори аввал соли 2018 бо тавсия ва дастгирии Неъматулло Аслонқулов дар шаҳри Тошканди ӯзбекистон дар мусобиқаи ҷудо ширкат варзад. Ин лаҳзаҳо ӯро ҳамроҳу ҳамдам падар буд. Аммо дар қадамҳои аввалин ғолибият ӯро насиб нашуд. Аз ин шикаст падару духтар рӯҳафтода нагаштанд.
- Ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бароям оғози кор ва ворид шудан ба майдони муҳориба буд. Иштибоҳи хешро дар набардҳо дарк ва саъй намудам, то ислоҳ шавам. Тарзу усулҳои ҷадидро аз худ намудам. Яъне тасмимам ин буд, ки ноумед набошам ва қадам ба пеш занам. Ҳамон парчаме, ки варзишгарони тоҷик дар майдонҳои муҳорибаҳои ҷаҳонӣ бардошта, Тоҷикистони азизро муаррифӣ намуданд, то ман ҳам тавонам муаррифгари кишвари хеш дар қатори он қаҳрамонони кишвар бошаму номбардори миллат шавам.
Дар ду мусобиқае, ки ширкат намудам, ҳарифонам агарчи ба вазн бо ман баробар буданд (вазни 52 кг), вале ба сол тафовут доштанд. Ман 15 сол доштам, онҳо 17 – 18 - сола буданд ва бо аъзои дастаи бузург бо дили пур вориди майдон мешуданд. Мутаассифона, дар кишвари мо духтарон кам ба ҷудо шуғл доранд ва ҳамагӣ ба майдон чанд нафар бонуи ҷудочӣ мебарояд. Дастаҳои ҷудочидухтарони мамлакатҳои дигар аз 50 – 60 нафар иборатанд, - иброз медорад бонуи ҷудочӣ.
Ба гуфтаи Аҳлия, ҳавасмандии варзиши ҷудо байни духтарон хеле кам аст. Писарон бештар ба ин намуди варзиш тамрин менамоянд ва имконияти ширкат дар мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявиро доранд. Ва тариқи роҳхат ва бо маблағи давлатӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ мераванд. Аҳлия мегӯяд, ки волидонаш ӯро ба хотири санҷиш дар мусобиқаи байналмилал розигӣ доданд.
Соли 2019 дар шаҳри Тайбэйи Чин байни наврасон мусобиқаи ҷудочидухтарон доир шуд. Дар ин муҳориба Аҳлия дар вазни 52 кило бар рақиби худ ғолиб баромада, ҷойи сеюмро гирифт. ӯ мегӯяд, ки паҳн шудани коронавируси ҳамагир монеи ширкати аксари варзишгарон дар мусобиқаҳои берун аз кишвар гардид.
- Вале қатъи назар аз ин ҳамарӯза тамринро идома медиҳам. Моҳи ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ барои ба даст овардани Ҷоми Президенти Тоҷикистон мусобиқа баргузор шуд. Дар ин нерусанҷӣ дар вазни 57 кило дастболо шуда, сазовори ҷойи якум гардидам, - ифтихормандона мегӯяд ӯ.
Аҳлия Муминова алҳол дар синфи 11 - и МТМУ 101 шаҳри Турсунзода мехонад. ӯ дар оянда орзуи табиб шуданро дорад.
- Ҳангоми кушодашавии қасри теннис дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди толори варзишӣ шуданд. Ману варзишгарбону Шоҳида Қаландарова машғули тамрин будем. Суоли нахустини Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёд дорам:
«Ту дар оянда кадом касбро ба худ интихоб мекунӣ?»
Дар ҷавоб гуфтам:
«Табиб мешавам!»
Варзиш бошад шуғли дӯстдоштаам аст, - мегӯяд Аҳлия.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО