Даричаи ошноӣ
Матлуба Каримова моҳи марти соли 1990 дар шаҳри Душанбе дар оилаи варзишгар ба дунё омадааст. Таълимдидаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буда, узви 12 федератсияи варзишӣ мебошад. Аз соли 2008 ба ҳайси мураббӣ фаъолият мебарад. Соли 2010 унвони устоди варзиш оид ба бокс ва соли 2012 унвони Мураббии шоистаи Тоҷикистонро дар риштаи муҳорибаи тан ба тан дарёфтааст. Соли 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ интихоб шудааст.
Пайроҳаи варзиш
Матлуба Каримова бо гомҳои устувор ва иродаи матин ба майдони бокс ва гӯштини миллӣ ворид гашт. Аз сахтиҳо наҳаросид, гаҳе бурду гаҳе бохтро озмуд, аммо аз ин пеша сар напечид. Танҳо бо мақсади ғолибият заҳмат мекашиду тамрин мекард. Дар аввал барои ҳама аҷиб буд, ки дар тамрингоҳҳои варзишӣ ӯ бо писарон машқ мекунаду қувва меозмояд. Муваффақияти ҳамвора ӯро аз сабқатҳои ноҳиявӣ то маъракаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ кашид. Соли 2007 дар мусобиқаи муштзанӣ, ки дар Туркия сурат гирифт, Матлуба муҳорибаро бохт, вале аз ин дилшикаста нашуд ва барои худ таҷриба андӯхт. Соли 2010 дар мусобиқаи муштзанӣ дар Қазоқистон байни 20 давлати ҷаҳон мақоми аввалро ва соли 2011 дар мусобиқаи Осиё оид ба муҳорибаҳои омехта дар миёни 37 давлати ҷаҳон ҷои дуюмро сазовор гашт. Дар вилояти Суғд соли 2014 дар ҳамин риштаи варзиш сазовори ҷои аввал гардид.
То устодӣ…
Матлуба Каримова аввалин зан - мураббӣ дар риштаи бокси кишвар аст, ки шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Ӯ фаъолияташро аз маҷмаи варзишии солимгардонии шаҳри Душанбе оғоз намуд. Ҳоло дар маҷмаи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 150 нафар шогирд муҳорибаҳои универсалиро меомӯзад. Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзияш буд, ки шогирдон 11 медали тилло аз мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дарёфтанд.
- Устод идеали мо, шогирдон аст. Бо ӯ гузашти вақтро намефаҳмем. Дар баробари тамринҳо ба мо тавсия медиҳад, ки бештар китоб хонем, забондон бошем. Барои ман ӯ устод, модар ва беҳтарин дӯст аст,- мегӯяд шогирдаш Ҷонона Қурбонова.
Матлуба Каримова худ забонҳои русӣ ва англисиро хуб балад аст ва барои таҷрибаомӯзӣ ба давлатҳои Амрико, Қазоқистон, Чин, Туркия сафарҳои зиёд намудааст. Таҷрибаи омӯхтааш имкон дод, ки соли 2011 дар шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ – универсалиро байни бонувон, бо ҷалби 111 нафар духтарон ташкил намояд. Тавре Матлуба иброз дошт, дар ин қувваозмоӣ Зебуннисо Рустамова – камонкаши номдори кишвар, қаҳрамони ҷаҳон низ иштирок намуд ва чун рамзи эҳтиром ба неруи шикастнопазири бонувони тоҷик медали олимпии худро ба Матлуба супурд. Баъдан, Матлуба раиси занон дар Кумитаи олимпии Тоҷикистон пазируфта мешавад. Баҳри рушди варзиши занона дар шаҳру навоҳии кишвар семинар - машварат ва суҳбату вохӯриҳо доир намуда, онҳоро ба варзиш ҷалб менамояд ва баҳри дар хориҷи кишвар бо омӯзиш фаро гирифтани варзишгарзанон мусоидат мекунад.
- Мекӯшам ба бонувоне, ки назди ман ба тамрин меоянд, тамоми усулҳоро бо дарназардошти нозукиҳояш омӯзам. Аз ҷалби занон ба толорҳои варзишӣ бисёр шодам. Духтарони тоҷик аллакай дарк намудаанд, ки тани солим рӯҳи солим аст. Боиси хушҳолист, ки имрӯз бонувон ба риштаҳои гуногуни варзиш рӯй овардаанд ва сафашон рӯз ба рӯз меафзояд. Вале, бонувоне, ки вақти ба тамрингоҳҳои варзишӣ рафтанро надоранд, бояд 15 -20 дақиқа вақти худро ҳар рӯз дар хона ба тамрини бадан сарф намоянд, ки басо судманд аст. Шукронаи оромиву осоиштагии кишвар, ки имрӯз ҳама шароит барои варзишгарон муҳайёст. Ҳамчун мураббӣ аз Пешвои миллат миннатдорам, ки варзишгардухтаронро дастгирӣ менамоянд, ки чунин ташаббуси хирадмандона бонувонро ба фатҳи қуллаҳои баланди комёбӣ раҳнамун месозад.
Беҳтарин лаҳза
- Дар муҳориба ман дардро ҳис намекунам. Ба ман бештар эътимоди падар неру мебахшад. Душвор аст, зеро ту аз номи давлату миллат бояд ба ҳариф истодагарӣ нишон дода, пирӯз гардӣ. Барои варзишгар мавриди боло шудани Парчами давлатии кишвар ва садо додани Суруди миллӣ, ки он дам ҳама аз ҷо бармехезанд, хеле ҳаяҷоновар ва лаҳзаи фаромӯшнопазир мебошад.
Матлуба Каримова пас аз барпо намудани оила ду сол ба тарбияи фарзандаш Амина машғул шуда, дар хона тамрин мекард. Вазифаи модариро ӯ аввалиндараҷа барои зан медонад. Кунун ӯ тарбияи фарзандашро ба модараш бовар намудаву худ аз пайи шогирдон аст.
- Шогирдонам низ бароям хеле азизанд, мисли фарзанд. Бо яке 10 сол, бо дигаре 8 сол андар тамринем. Агар як рӯз онҳоро набинам, худро нороҳат ҳис мекунам. Пас аз тамрин худро хеле сабуку бардам ва болидахотир дармеёбам. Мураббӣ бояд равоншиноси хуб бошад ва ҳолати шогирдро дар ҳама вазъ дақиқ дарк намуда, ёрӣ расонда тавонад. Варзишгар бояд хоксор, ростқавл, пурсабр ва ҳамеша дар тамрин бошад,- ибрози андеша менамояд М. Каримова.
Аз орзуҳояш пурсидам. Пас аз сукуте иброз дошт, ки мехоҳам модар ва мураббии хуб бошаму ҳамчун инсони наку дар лавҳи хотироти шогирдон нақш бандам ва ба халқу Ватанам манфиат орам.
Фарзона ВОСЕЕВА