- Агар дигар дастаҳои иштирокчии ин мусобиқаи вилоятӣ аз ҳисоби беҳтарин бозингарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо яккачин шуда бошанд, бозингарони мо ҳамагӣ хонандагони як мактаб мебошанд,- иброз дошт дар оғози суҳбат омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии муассисаи мазкур Соҳибназар Соҳибов.
– Ғолибият ва ишғол намудани зинаи 1 дар ин мусобиқаи пуршукуҳи вилоятӣ самараи ду сол пай дар пай ташкил намудани чунин як мусобиқаи варзишӣ аз сатҳи маҳал мебошад. Мо солҳои пеш ҳам чунин дастаҳои пурқуввати волейбол аз ҳисоби духтарон доштем. Азбаски дар мусобиқаҳои берун аз деҳот даъват намешудем, онҳо дар сатҳи ноҳия ва фаротар аз он муаррифӣ нашуда буданд, - қайд мекунад мавсуф.
Таваҷҷуҳи дастаҷамъии сокинон ба бозии волейбол дар маҳаллаҳои атрофи МТМУ №13 ба хусус, деҳаи «Обшорон» ба таърихи бунёди мактаби деҳа рост меояд, ки тӯли ин муддат майдончаи варзишии он чун макони истироҳату фароғати мардум гардидааст. Тавре Фарҳод Ҳалимов, як тан аз омӯзгорони деҳи мазкур иброз медорад, яке аз вижагиҳои фарқкунандаи мардуми рустои Обшорон аз сокинони дигар деҳоти ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ин шавқу рағбати беандозаи онҳо ба бозии волейбол аст.
- Тӯли ним аср дар ин маҳалла чанд насли волейболбоз ба воя расидаанд. Новобаста аз он ки ба мусобиқаҳои берун аз деҳот даъват мешавем ё на, аммо волейбол ҳамчун шуғли доимии сокинони деҳи мо боқӣ мемонад, - мегӯяд ҳамсуҳбатам.
Марворид Холова соли дувум аст, ки дар ҳайати дастаи яккачини мактаб бозӣ мекунад. Аз овони кӯдакӣ мухлиси ин намуди варзиш буда, ҳар бегоҳӣ ба хотири тамошои волейболбозии калонсолон дар тамошогаҳи маҳалла ҳозир мешуд.
- Майдончаи варзишии назди мактаб на танҳо ҷойи вақтгузаронии мухлисони ин намуди варзиш, балки макони милоди нахустин орзуҳои кӯдаконаи мо, духтарони рустои Обошорон аст. Аз ин лиҳоз, ба даст овардани Ҷоми раиси вилояти Хатлон дар мусобиқаи вилоятӣ оид ба волейбол байни бонувон, дастоварди аҳли деҳаи мо мебошад, - бо ифтихормандӣ иброз медорад Марворид.
Марворид хатмкунандаи МТМУ №13 асту ният дорад, таҳсилро дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар идома бахшад.
Аз суҳбат бо ҳайати дастаи волейболбоздухтарони ин мактаб маълум гардид, ки имсол панҷ тани онҳо синфи 11-ро хатм хоҳанд кард. Дастаи номдори «Обшорон» бо зарбазани беҳтарини худ Сония Набизода низ хайрбодӣ хоҳад кард, ки дар арафаи хатми таҳсилоти миёнаи умумист.
– Тарки дастаи орзуҳо тақозои вақт аст, аммо итминони комил дорам, ки ҷойи моро дигар наврасони деҳа пур хоҳанд кард. Мо панҷ нафар духтарони дастаи волейболи мактабамон як касбу пешаро интихоб кардаему мехоҳем таҳсилро дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар идома бахшем. Агар муваффақ шавем, боварӣ дорем, коллеҷи мазкур соҳиби як дастаи рақобатпазир миёни муассисаҳои касбомӯзии кишвар мешавад, - бо табассум мегӯяд Сония.
Бонувони рустои Обшорон бо боварӣ изҳор медоранд, ки таваҷҷуҳи андаке дар мавриди рушди варзиш дар рустоҳо имкон фароҳам меорад, ки солҳои наздик дастаҳои ояндадори волейболу футболи духтарон рӯи кор оянд.
Тибқи иттилои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 168 ҳазор нафар аҳолии ноҳия ҳудуди 36 дарсади онро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки аз ин теъдод 32 ҳазору 400 нафарашон ҷавондухтаронанд. Дар ноҳия як муассисаи варзишӣ, 145 адад майдону майдончаҳо ва 22 толорҳои варзишӣ арзи вуҷуд доранд.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН