Муҳаммад, яке аз он наврасон аст, ки ҳар субҳи содиқ барои обутоби бадан ранҷи роҳ намекашад. Қаблан, барои тамрин чандин километр масофаро мепаймуд, то ба машқ кардан машғул шавад. Феълан, метавонад бе ягон мушкилӣ дар назди бинои истиқоматиашон тамрин намояд. Зеро дар назди биное, ки ӯ истиқомат мекунад, майдончаи варзишии замонавӣ бунёд гардидааст, ки тамоми шароитҳо дар он фароҳам бувад. Ӯ ҳоло метавонад, бидуни харҷи зиёдатӣ дар майдончаи варзишии назди хонаашон тамрин кунад.
- Вазнам андак зиёда ки буд, бояд ба тамрини ҳамвора рӯ мениҳодам. Вале тамрингоҳи муайян надоштам. Лаҳзаҳое буданд, ки дар роҳи мошингард медавидам, ки бисёр хатарзо буд. Ҳамакнун дар назди манзили зисти хеш роҳат метавонам ба волейбол, баскетбол ва футболбозӣ машғул шавам,- иброз дошт Муҳаммад.
Дар баробари Муҳаммад, модараш Шаҳноза Бурҳонова низ аз ин иқдоми шаҳрдорӣ бо шукру сипос ёд мекунад, чаро ки як кам буҷети оилаашро сарфа намудан фароҳам омад. Зеро ӯ барои Муҳаммад ҳар моҳ 80–100 сомонӣ барои машқ дар тамрингоҳ медод.
- Дар муқоиса бо чанд соли пеш дар риштаи варзиш ба дастовардҳои зиёде ноил гардидаем. Ин аз он далолат медиҳад, ки бунёди майдончаҳои варзишӣ барои пешрафту инкишофи варзишгарони мо таъсири мусбат расонидааст ва ҷавононро аз коҳилию оворагардӣ канор кашидааст. Гузашта аз ин, шумораи ҷиноятҳо низ кам гардидааст,-мегӯяд Сайфулло Нарзуллоев, сокини шаҳри Душанбе.
Назарҳо дар мавриди бунёди майдончаҳои варзишӣ мухталифанд. Бархе аз он меболанд, ки теъдоди бад-ин осо иншоот афзуда, ҷавонон вақти хешро беҳуда пушти сар намекунанд. Гурӯҳи дигар аз он хушҳолу қаноатманданд, ки акнун кӯдаконашон дар ин ҷо ҷамъ меоянду барои суҳбату табодули афкори солим вақти бештар пайдо мекунанд.
-Сохтмони майдончаҳои варзишӣ иқдоми хубу саривақтӣ мебошад. Чунки тайи чанд соли охир бад-ин ҷиҳат мардум эҳсоси танқисӣ менамуданд. Ҷои онҳоро шахсони алоҳида бо ҳар роҳу восита банд намуданд ва кӯдакон дигар маконе намеёфтанд, ки ба қавле «болу пар зананд». Дар назди бинои истиқоматии мо низ чунин майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорист. Тавре мушоҳида менамоям, тамоми кӯдакону наврасон дар майдонча ҷамъ омада, бо якдигар бозӣ мекунанду суҳбат,-мегӯяд сокини шаҳр Мазҳаби Ҷумъа.
Мавсуф дар таассуф аст, ки бархе аз ин майдончаҳои варзишӣ баъд аз сохтмон то ҳанӯз ҳам рӯи кор наомадаанд ё кӯдаконро барои бозӣ кардан вориди он шудан намегузоранд.
- Воқеан ҳам бархе аз масъулин баъди майдончаҳоро сохтану ба истифода додан, дари онро баста, танҳо вақти муайян ва ё дар фурсати барои худашон мусоид иҷозат медиҳанд, то кӯдакон ба бозӣ машғул шаванд, ки ин бар хилофи фарҳанги шаҳрдорӣ бувад.
Директори муассисаи давлатии мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе Раҳматшоҳ Камолов мегӯяд:
- Пеш аз пай афкандани иншооти варзишӣ ниҳоди махсусе ҳаст, ки сифати онҳоро назорат мебарад. Сифати майдончаҳои варзиширо сарраёсати назорати меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳти назорат дорад. То муддати 3 сол дар ҳолати ошкор шудани камбудӣ ва ё вайрон шудани варзишгоҳ масъулини марбута муваззафанд, ки дубора онро таъмир намоянд. Дар соли 2017 лоиҳаи майдончаҳои варзиширо ҶДММ КВД «Душанбешаҳрсоз» тарҳрезӣ намуда, тасдиқ карда буд. Аз соли 2010-ум то соли 2015 дар шаҳри Душанбе, аз ҳисоби буҷети шаҳр 56 адад майдону майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона сохта, ба истифода дода шуд. Тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар соли 2017 аз ҷониби мақомоту муассисаҳои гуногун дар маҷмӯъ 74 адад майдону майдончаҳои варзишӣ бунёд гардидааст ва сохтану ба истифода супурдани 92 майдончаи варзишӣ дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст. Бо азми соҳибкорони ватанӣ низ дар соли 2018 даҳ майдончаи варзишӣ бунёд хоҳад ёфт.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бунёди майдончаҳои варзишӣ дар баробари манфиат доштан, ҳамчунин баъзан вақт боиси нороҳат шудани сокинони пойтахт мегарданд. Зеро то як поси шаб наврасон дар баробари машғул шудан ба бозӣ бо садои баланд доду фарёд мезананд, ки ин сабабгори нороҳат гардидани хоби тифлону пирони барҷомонда мешавад. Хуб мешуд, ки падару модарон масъулияти хешро ба ҷо оварда, дар муҳлати муайян фарзандонашонро ба хона даъват намоянд ва ба онҳо одоби муоширатро омӯзонанд.
Б. АБДУРАҲИМ