06

Июл, 2025
Якшанбе

06

Июл, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ПИРӮЗИИ ДУХТАРОНИ ТОҶИК ДАР МУСОБИҚОТИ ОСИЁ

Баҳригул Бобиева ва Шукрона Қарчиева, хонандагони синфи 9-и мактаби мазкур дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар бозиҳои 3- юми Авруосиёии наврасон дар риштаи самбо ва дзюдо ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои дуюм ва сеюм гаштанд.

Ёдгоршоҳ Яқинов, мураббии ин наврасон гуфт, ки дар оянда мақсад доранд гӯштини тарзи самбо ва дзюдоро байни духтарон рушд диҳанд.  Ӯ сабаби ин ибтикорро чунин шарҳ дод:

–Варзиши мазкур байни бонувон чандон рушд накардааст. Аз ин рӯ, мо барои хоҳишмандони гӯштиии самбо ва дзюдо духтарони маҳаллиро ҷалб намудем. Дар ояндаи наздик тасмим гирифтаем, ки ду дастаи дигар аз байни духтарони шаҳраки  Қалъаи Хум таъсис дихем.

   

Дар ин бозиҳо, ки бо ибтикори Кумитаи ҳамгирои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёи доир гардид, варзишгарони навраси солҳои таваллудашон 1996-2000-ум аз ҷумхуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қиргизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ба барномаи бозиҳо 13 навъи варзиш дохил буда, варзишгарони наврас аз 15-ум то 20-уми сентиябр барои ба даст овардани маҷмуи медалҳо байни ҳам рақобат намуданд.  Мунтахаби Русия бо 250 медал, аз ҷумла 142 нишони тилло, дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи шумораи медалҳои тилло ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо ҷойи аввалро касб кард. Қазоқистон бо 219 медал, аз ҷумла 81 нишони тилло дар ҷойи дувум, Белорус бо 53 медал, минҷумла 7 нишони тилло дар ҷойи севум, Қирғизистон бо 86 медал, аз  ҷумла 3 нишони тилло дар ҷойи чорум қарор гирифтанд.
Мунтахаби То
ҷикистон бо 73 медал, аз ҷумла 3 нишони тилло дар зинаи охирин, яъне панҷум ҷойгир шуд. Аз рӯи шумораи умумии медалҳоТоҷикистон аз Беларус пеш гузашт.  

                                                                                            Рахимаи Аъзам

:.  Варзиш 01.10.2013 06:32 3822

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz