ҶОИЗАДОРИ БОЗИҲОИ ОСИЁӢ, УСТОДИ ВАРЗИШИ ДАРАҶАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ДАСТХОБОНӢ НИГОРА ГУЛМАТОВА ВА УСТОДИ ВАРЗИШИ ТОҶИКИСТОН САЙЛОПОЧЧО ҚУРБОНОВА МЕХОҲАНД ПАРЧАМИ КИШВАРИ АЗИЗИ ХЕШ – ТОҶИКИСТОНРО ДАР МУСОБИҚОТИ 11-УМИ ОСИЁӢ, КИ ИМСОЛ ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД МОҲҲОИ МАРТУ АПРЕЛ ДОИР МЕГАРДАД, БО ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ВАРЗИШӢ, БАЛАНД БАРДОРАНД.
– Ман миёни чиҳил нафар донишҷӯи соли чаҳорум ягона духтар мебошам , – мегӯяд Нигора. – Дар шӯъбаи тиҷоратӣ таҳсил дорам. Падарам дар Русия муҳоҷир ва модарам бекор аст. Мо имконияти пардохти маблағи таҳсилро надорем. Ҳар бор пеш аз саршавии имтиҳонот таъкид мекунанд: «То маблағи таҳсилро напардозӣ, ба имтиҳон роҳ нест!». Ҳар сол маҷбур мешавам, ба раҳбарони сатҳҳои гуногун, аз ҷумла раиси вилоят муроҷиат намоям. Онҳо барои роҳ ёфтани ман ба имтиҳонот мусоидат мекунанд, вале аз пардохти маблағҳои таҳсили чаҳорсолаам озод накардаанд. Аз ин рӯ, он маблағ ҷамъ шуда, дар гардани ман мондааст. Ин қарз намегузорад, ки бо дили пуру хотири ҷамъ ба тамрин машғул шавам. 