Бо рӯ ба нишеб ниҳодану ба ниҳояти худ расидани фасли дай нафаси гарм ва накҳати муанбари баҳор меояд. Дар ин айёми муаттар мардуми баиқболи тоҷик ду ҷашни бузург - Рӯзи Модар ва Наврӯзи ҷаҳониро таҷлил мекунанд. Дар кишвари озоду ободи тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти ин идҳои фархунда мартаба ва ҷойгоҳи махсусеро касб намудаанд.
Агарчи мардум қаблан ин ҷашнвораро ҳамчун иди байналмилалии озодии занон мешинохтанду бархе онро фарҳанги бегона мепиндоштанд, бо дарки амиқи заҳмати шабонарӯзии модар Сарвари давлат ба ин ҷашн мартабаи сазовортаре афзуданд ва онро иди пуршукӯҳи модарон номиданд. Ин иқдоми наҷиб арҷгузорӣ ба шири сапеду поки модарон аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо фарзандони миллатро дар оғӯши гарму нарми хеш аз газандҳо сипар гашта, бо аллаҳои гӯшнавозу ҷонбахш ба камол расондаанд.
Миёни ин бонувони шуҷоъ модаре буд, ки бо фаҳму фаросати худододӣ ҷигаргӯшаҳояшро ба бағал маҳкам кашиду аз бадиҳо нигаҳбон шуд, то фарзандон дар муҳити орому осоишта, дар фазое, ки ҳусни тафоҳуми аҳли байт ҳукмфармост, ба воя расанд. Дар тору пуди эшон сифатҳои беҳтарини инсониро сиришта, ба онҳо забони шевои тоҷикӣ омӯзонд, то фарзандони нозпарвардааш ин каломи ширини шоиронаро ҳифз намоянду ба ояндагон ба амонат баранд. Ба сӯи фатҳу кушоишҳои меҳану миллатхоҳона дар ибтидо як дуо буду ҳидоят, як дуои неки модар ба писари навхати нозпарварди хонадон, ки қасди тамдиди таҳсил дошт. Бо дурбиниву сариштакорӣ раҳтӯшаи писар ҷамъ оварду гуфт: «Бихон, бачам, бихон!». Бо донишу заковати азалӣ писар таҳсил карду наҷотбахши Ватан гардид. Арҷгузорӣ ба мероси илмию фарҳангии гузаштагон, қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат, ҷонфидоӣ баҳри шукуфоии сарзамини хеш, ҳимояи марзу буми кишвар аз нотавонбинон мақсадҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ин ҳама заковату донишро аз дудмони хеш, бахусус модари дилбинаш ба мерос гирифтааст. Меҳру муҳаббат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба модар буд, ки мақому манзалати зан-модар дар Тоҷикистон бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ пайдо кард.
Борҳо шоҳид шудаем, ки модарон аз Сарвари давлат бо қалби саршор аз эътиқоду самимияту шукргузорӣ чун аз ҷигаргӯшаи худ ном мебаранду дуову дурудаш мефиристанд, бақои давлаташро таманно мекунанд. Чаро ки онҳо дар солҳои пурсаодати соҳибистиқлолӣ бо чашми сар диданду саропои вуҷуд эҳсос намуданд, ки тантанаи ваҳдату ҳамгироӣ, сулҳу созиш ва адолати иҷтимоӣ самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Имрӯз бонуи тоҷик ҳар куҷо ки бошад, дақиқ медонад, ки дар ҳифзи манфиатҳои қонунии хеш аз пуштибонии ҳамвораи Сарвари давлат бархӯрдор аст.
Дар ҷашнвораҳои расмию мардумии Тоҷикистон Рӯзи Модар ва Наврӯз ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд. Ҳамасола 21-уми март ҷашнвораи бузургтарини миллии мо - Наврӯзи хуҷастапай таҷлил мегардад, ки маҳз бо талошу ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори байналмилалӣ пайдо кард. Дар таҷлили ин идвораи аҷдодӣ саҳми бонувон бағоят бузург аст, ки феълан аз миёни онҳо маликаи баҳорро мегузинанду дар ороиши хони идона, замзамаи навои наврӯзӣ, мутрибӣ, арғуштравӣ ва як қатор анъанаҳои дигари ҷашнӣ дастболо мебошанд.
Воқеан ҳам, Наврӯз ҷашни пирӯзии некӣ бар бадӣ, иди ваҳдату якдилӣ, башорати ҳаёти осоиштаву пурбаракати мардум аст, ки ҳар куҷо нигарӣ, фарёдҳои хуррамона ва тохтанҳои кӯдакони бебок, дегкӯбиҳои пирони барнодил, ҷуфтрониҳои мардони рӯзирасон, тозакориҳои бонувони зиндагидон, оростани зиёфату маъракаҳои варзишӣ ва сайру саёҳатҳои идона ба чашм мехӯранд.
Кунун дар ин айёме, ки дурахши хуршеди оламафрӯз рӯи қабои сабзи Наврӯз мавҷ задан дорад, ҷаҳониён даста-даста ба диёри тоҷикон ташриф меоранд, то ба танини нағмаю навои дафу чанг гӯш андозанд, табиати афсункору дастнахӯрда ва қуллаҳои гардунсоро бо чашми сар бинанд ва аз расму русуми ниёгони мо бохабар гарданд. Дар ин раҳ, моро зарур аст, ки меҳмонони дохилу хориҷро сазовор пазироӣ намоем. Барои ноил гардидан ба ин мақсад сидқан меҳнати шабонарӯзӣ мебояд, то деҳоти дурдасттарини Тоҷикистони азиз, ки бешубҳа, табиати нотакрорро дорост, барои қабули сайёҳон имконияти хуберо фароҳам дошта бошад. Зимнан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш санаи 26-уми декабри соли 2018 бо дарки аҳамияти ин мавзӯъ иброз доштанд:
«Соли ҷорӣ «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд». Дар ин замина, Пешвои миллат бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019–2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд ва барои ривоҷ додани касбу ҳунар, амалигардии нияту нақша ва истеъдоди шаҳрвандони кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд.
Ҳамакнун, модарону хоҳарони мо ва ҷамъи ҳунармандони мардумӣ ҷашнвораҳои Рӯзи Модар ва Наврӯзро бо пешниҳоди дастранҷҳои худ дар ҳавои ҳамин навгонии масарратбахш таҷлил мекунанд. Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҷашнвораи Наврӯзи имсола дар асоси ба маъраз ниҳодани маҳсулоти дастсохти ҳунармандони мардумӣ, вусъатёбии корҳои ободониву бунёдкорӣ дар деҳот ранги тозаю тар тақдим хоҳад кард.
Барои хонандагони ин сутур Рӯзи Модар, ҷашни Наврӯз ва ҳар рӯз шодрӯз бошад!
Шоҳона ОДИНАЗОДА