Дар арафаи Рӯзи Модар ва Наврӯзи байналмилалӣ «Бонувони Тоҷикистон» ба аёдати яке аз бонувони номдор Низорамоҳ Зарифова рафт ва дар хусуси фаъолияти замоне муваффақи корӣ ва рӯзгори имрӯзааш пурсон шуд…
- Муаллимаи азиз, вазъи саломатӣ ва ҳолу аҳволатон чӣ гуна аст?
- Дар маҷмӯъ хубам, аммо фишор каме безобита месозад, гоҳе баланд мешаваду гоҳе паст. Ба 95 даромадам (механдад), ин 25 ё 35 не. Шукр, таҳти назорати махсус қарор дорам.
- Навакак чизе мебофтед. Воқеан, бонуе фаъол айёми бознишастагӣ худро ба чӣ корҳо машғул медорад?
- Нӯги риштае аз жемпирам кушода шудаст (ишора ба либосаш) ҳамонро дуруст кардам. Як вақт ҷуроб, нимтана, ҳатто барои худ курта ҳам мебофтам, гулдӯзиҳои украинӣ, булғорӣ ва русиро хуб анҷом медодам. Омода кардани оши тупа, бурида ва паловро хеле дӯст медоштам. Рӯйи ҳавлӣ гулҳои ҳархела фаровон доштем, ҳоло дигар камтар шуданд, зеро чашмам, ки хира шудааст, ба ҳар кор даст намезанам. Шукри духтарам ва набераву абераҳо.
Ҳар субҳ барвақт мехезам, гирду атрофи ҳавлии худро давр мезанам. Душанбе сабзу хуррам ва гулзор гаштааст. Биноҳои баланду зеборо мебинаму хушнуд мешавам. Дигар ободиҳоро фақат аз телевизион мебинам. Агар ба тамошои боғҳои нав мебурданд, масалан ба боғи Айнӣ, ки санги асосашро дар даврааш худамон гузошта будем, шод мешудам. Тамоми корҳое, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карда истодааст, барои халқ аст. Ба қадри меҳнати ӯ бояд расид, шукр бояд кард.
- Низорамоҳ Одинаевна, шояд имрӯз каме дар хусуси бонувони фаъоли замони худ ёдовар мешудед, ки киҳо бо чӣ кору амал байни мардум шинохта буданд?
- Он овон занҳои фаъол зиёд доштем. Ибодат Раҳимова, Махфират Каримова, аз бонувони хеле шинохтаи кишвар, ки дар вазифаҳои баланди ҳизбӣ кор кардаанд, Мунаввара Қосимова - вазири саноати сабук, Марям Бозорбоева – вазири таъминоти иҷтимоӣ, Ҳамроҳ Тоҳирова - аввалин меъмор-сохтмончӣ, ки то солҳои 40-ум Донишгоҳи Ленинградро хатм кардааст, раиси «Госплан», муовини раиси Совети вазирони ҷумҳурӣ буданд. Он давраҳо мушкил буданд. Мо аз марказ - Москва вобастагӣ доштем. Дар панҷ сол як бор маблағи буҷет тасдиқ мешуд. Тоҷикистонро чун давлат кам касон мешинохтанд. «Где находится Таджикистан?», - мепурсиданд ва ман «Таджикистан это конец железной дороги» мегуфтам. Воқеан, нуқтаи охирини истгоҳи роҳи оҳани шӯравӣ дар Тоҷикистон буд.
Барои пешниҳоди сохтмони НБО-и Норак дар ҷаласаи ҳизбӣ баромад кардаму дидам, ки ҳанӯз аз соли 1934 талош барои сохтмон шурӯъ шуда будаст. Аммо, танҳо соли 1958 иҷозат шуд. Аз соли 1937 аз Кӯлоб ба Душанбе равуо дорам. Як чархи мошин дар даруни дарёи Вахшу як чархаш дар теппа мерафтем. Аз болои пули чаҳорметраи сохтмони неругоҳи Норак то ҷониби дигар гузаштан ба қавле калима арза мекардем. Як пули тахтагии фарсуда буд. Пиёдаву савора аз болои дарёи чуқуриаш 40 метра мегузаштем. Баъдтар, сохтмони НБО-и Сангтӯда шурӯъ шуд. Мо меҳмонони хориҷиро барои тамошои неругоҳи Варзоб мебурдем, ки он замон ягона неругоҳ дар Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Дар замони соҳибистиқлолӣ афсона ба ҳақиқат табдил ёфт, «Роғун»-ро сохтем, ки ин кори саҳлу кам нест.
- Чаро мардум маҳз Шуморо бештар чун як шахсият шинохтаву эҳтиром мегузоранд?
- Аз омадшид ҳамеша бо халқ будам. Як зани деҳотии одӣ, аз деҳаи Пушёни Поёни Кӯлобам. Падарам Одина Махсум дар 32-солагӣ фавтиду бародарам Абдулазиз 10-сола, ман 5-сола ва хоҳарам Рухсорамоҳ 6-моҳа ятим мондем. Модарам Шарифамоҳ, зани ҳунарманду меҳнатӣ, сӯзанӣ медӯхту ресмону шол мебофт. Говдӯши ферма буд. Замини пахта ҳам доштем. Азбаски аз кор ҳарос надошт, мардум ӯро «Шарифамоҳи комсомол» мегуфтанд.
Ҳоло баъзеҳо босмачиҳоро меситоянд, ки аз таҳи гап бехабаранд. Босмачиҳо мардумро ғорат мекарданд, мекуштанд, заминҳои ғалларо оташ мезаданд. Вақте онҳо гандуми моро сӯзонданд, модарам аз ноилоҷӣ занонро ба дулмулчинӣ даъват кард. Гандуми нопухтаро дар мо дулмул мегӯянд. Моҳтобшаб халтаҳо дар даст занон саракчинӣ мерафтанд.
Дар синфи 4 мехондам, ки модарам ба Зариф Шарифов ном корманди ҳизбӣ, ки бо сабаби бефарзандӣ аз ҳамсараш ҷудо шуда буд, издивоҷ кард ва баъдтар хоҳаронам Тоҷинисо, Зебунисо ва Меҳринисо таваллуд шуданд. Мо ба Кӯлоб кӯч бастем.
- Пас аз ба Кӯлоб омадан зиндагиатон тағйир ёфт?
- Баъди раиси кумитаи иҷроия таъйин шудани Зариф Шарифов ва ба шаҳри Кӯлоб омаданамон, ду моҳ дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил намуда будам, ки як зани рус омада, бо духтаракони деҳотӣ суҳбат кард. Дар байни онҳо ману Тоҷинисо Азизова ва Салтанат Назарова низ будем. Пас аз муколама моро ба Душанбе бурданӣ шуданд. Модарам розӣ набуд. Падарандарам, ки корманди ҳизбӣ буд, гуфт, ки агар Низорамоҳ наравад, маро аз сафи ҳизб хориҷ мекунанд. Як рӯзи сарди декабр, моро болои мошини боркаш дар зери брезент шинонданд. Аз болои сарамон барфу борон мерехт. Садои модарам аз паси мошин, ки «бачамой» гуфта мегирист, то дуриҳои дур ба гӯшам мерасид…
Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ дар назди собиқ почтаи марказии Душанбе воқеъ буд. Баҳринисо Тоҳирова, яке аз занҳои мубориз, ки барои соҳибмаълумот гаштани бонувони тоҷик сахт меҳнат кардааст, директор буд. Вақте бори аввал хоҳари муаллимаро бо мӯйҳои кӯтоҳу либосҳои аврупоӣ дидем, гуфтем, «ваҳ, хоҳараш урус будаст» (коҳ-қоҳ механдад). Бехабар, аз он ки ӯ аввалин бонуи муҳандис, вазири сохтмони Тоҷикистони Шӯравӣ - Ҳамро Тоҳирова будааст.
- Рост аст, ки ба пойтахт омаданатонро баъзе ашхос хуб қабул накарданд?
- Соли 1939 иштирокчии паради умумииттифоқӣ дар шаҳри Москва будам. Рӯзи парад Анзурат Раҳимова парчами Тоҷикистонро бардошт. Мо машқкунон бо либосҳои махсус парадро гузаштему ҷойи сеюмро гирифтем. Бо куртаи атлас ва мӯйҳои майдабофӣ Москваро тамошо мекардем, ки як корманди ҳарбӣ пурсид аз куҷо ҳастам ва чун фаҳмид тоҷикдухтарам зуд гуфт: «Таджичка, сорок два косичка» (механдад).
Ба толори Қасри Кремл ба хӯроки шом даъват шудем. Он рӯз бори аввал Сталинро аз наздик дидам. Ба худ гуфтам, ки ӯ ҳам одами одӣ будаст-ку. Сухани таърихии «Халқи тоҷик миллати қадимтарин асту таърихи бою ғанӣ дорад ва ояндааш ҳам бузург аст» ҳамон ҷо аз забони доҳӣ садо дод. Ҳамон рӯз як рӯймоли мӯина ва як китоб ба Салтанат Назарова, тоҷикдухтари фаъол туҳфа кард.
Баъди бозгашт падарандарам гуфт, ки зуд бояд ба деҳа равӣ. Дар ин муддат бадгӯён дар хусуси ман овозаҳои зиёде паҳн кардаанд, ки либоспӯшиаш тағйир ёфтаасту кофир шудааст. Ба деҳа расидан замон куртаи чаканамро пӯшидаму рӯмоламро бастам. Мардум ҳама ба тамошои ман баромада буданд. Бегоҳ хурду бузурги деҳа дар ҳавлиамон ҷамъ шуданд. Амакам Абдулҳафиз, ки ӯро ака мегуфтам, пурсид: «Низорамоҳ, куҷо рафта будӣ?». Гуфтам: «Москва». Ҳамин тавр ман паст-паст гап мезадаму акаам гуфтаҳоямро баланд-баланд ба мардум мерасонд. Сталин, Ворошилов, Будёнийро диданамро нақл карда будам, ки бобои Абдурасул ном як пири деҳ аз байни мардум хесту гуфт: «Ин ҳамон Низорамоҳи худамон, касе аз ин баъд дар хусуси ӯ ноҳақ бигӯяд, ҷазо мегирад». Ин суди мардумӣ буд (садояш меларзад ва аз чашмонаш қатраҳои ашк мерезанд).
- Баъди ин боз ба Душанбе омадаву таҳсилро идома додед?
- То охири таҳсил тахмин ним сол монда буд, ки омӯзишгоҳ пулакӣ шуд. Намедонам барои чӣ. Ман, ки маблағи пардохт мекардагӣ надоштам, ба Кӯлоб баргаштам. Ҷанги бузурги ватанӣ (1941–45) сар шуду маро ба кори комсомолӣ гирифтанд. Аз он ҷо ба «горкомкомсомол» ба вазифаҳои мудири шуъба, котиби дуюм гузаронданд. Муҳоҷирони зиёдеро аз ҳар гӯшаву канори Россия қабул мекардем. Ба ҳамаи онҳо хонаву дар, хӯрду хӯрок лозим буд. Яку ним кило нахӯд, як кило равған хӯроки якмоҳаи оилаҳо буд. Дар 40- рӯзагӣ кӯдакамро ба боғча мондаму аз пайи кор шудам. Натиҷа чунин шуд, ки вайро аз даст додам…
Баъдан маро мудири шуъбаи мактабҳои вилояти Кӯлоб таъйин намуданд. Пиёда деҳа ба деҳа мегаштам. Барои аз гуруснагӣ намурдан кор кардан лозим буд. 400 грамм хлебе, ки медоданд, онро ҷамъ мекардаму ба модарам мефиристодам. Вай духтарчаи маро, ки бемор буд, нигоҳубин мекард. Падарандарамро котиби сеюми райкоми Балҷувон интихоб намуданд. Ӯ он ҷо зани дигаре гирифту аз мо рафт. Боз модарам танҳо бо 3 кӯдаки хурдсол монд. Эҳ, чӣ рӯзҳои вазнине буданд (оҳ мекашад), аммо гузаштанд.
- То ин замон аллакай Шумо фарзанддор будед, муносибати ҳамсаратон ба кору фаъолиятатон чӣ гуна буд?
- Шавҳарам корманди ҳизбӣ, хеле инсони хубу хоксор буд. Пеш аз ҷанг ӯ ба сифати котиби якуми кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб фаъолият менамуд. Хатмкардаи мактаби олии ҳизбӣ. Ман низ баъдан ду дафъа ин мактабро хатм намудам. Дафъаи аввал як сол ва дафъаи дуюм се сол хондам. Гуфтам, Зуҳуршо, намеравам, ӯ гуфт, ки чӣ хел намеравӣ, меравӣ. Ана ҳамин хел инсони комил буд ӯ…
Стипендия мегирифтам ва як қисматашро ба модарам мефиристодам. Соли охири таҳсил дар Москва ёрдамчии Бобоҷон Ғафуров занг заду гуфт, ки шумо барои суҳбат таклиф шудаед. Огоҳам карданд, ки баъди хатм ҷои корам муайян будааст. Шаш моҳи дигар то анҷоми таҳсил боқӣ монда буд, ба касе чизе нагуфтам…
- Дар ҷавонӣ ба мартабаҳои баланди ҳизбиву давлатӣ расидед ва то имрӯз нашунидаем, ки касе шуморо баҳои манфӣ дода бошад…
- Ман, ки азобу машаққати зиндагиро зиёд дида будам, наметавонистам мағрур бошам. Дигар ин аст, ки он замон дар вазифаҳои баланд, агар каме дигар мешудиву худтаърифкунӣ мекардӣ, зуд ронда мешудӣ. Дар 22-солагӣ мудири шуъбаи кумитаи ҳизбии вилоят будам. Моҳе аз тарси масъулият ба кор нарафтам. Вақте бори аввал 180 сӯм маош гирифтам, ин қадар пули калонро дида, дар ҳайрат мондам, ки онро чӣ кор кунам? Пурсидам, ки ин кор чӣ хел мешавад, баъзеҳо бо зарда: «Пули калонро ту мегирӣ, ҳисобатро худат ёб» мегуфтанд (механдад)…
Баъди бозгашт аз Москва маро дар Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон ба кор гирифтанд. Аввалҳо ба худ мегуфтам, ки чӣ тавр кор мекарда бошам дар ин сатҳ? Аммо, оҳиста-оҳиста одат кардам…
- Рақобат сахт буд?
- Албатта, ҳар кас мехост калон бошад (механдад). Аммо, боре ҳам барои вазифа талош накардаам. Як сол мудири шуъба будам. Рӯзе гуфтанд, ки бояд дар сатҳи болотар кор кунӣ. Ҳис намудам, ки дар рӯзгори ман тағйироте рух хоҳад дод…
Дар ин давра модарамро аз даст додам. Ҳамеша барои ранҷҳояш мегиристам. Шавҳарам дӯстонаву падарона насиҳатам медод, ки худро ба даст гирам. Акнун, ки имкони муттакои модар буданро доштам, аммо ӯ дигар набуд…
Хуллас, то рӯзи пленум ба касе чизе нагуфтам. Вазирон, мудирони шуъбаҳо мепурсиданд, ки Низорамоҳ, ба андешаи ту кӣ котиби «сека» интихоб мешавад, мегуфтам намедонам, мумкин касе аз шумо. Рӯзи пленум куртаи бисёр зебои сурхе доштам, ки дар Маскав дӯзонда будам, онро ба бар кардам. Чун навбати масъалаи ташкилӣ расид, ҳама ба пичир-пичир даромаданд. Ногаҳон дар бюро номи маро гирифтанд. Лаҳзае ҳама ором шуданд, баъд садои қарсзанӣ тӯлонӣ гашт…
Даҳ сол котиби Кумитаи Марказии ҲК Тоҷикистон будам…
- Боре ҳам аз роҳи интихобкарда пушаймон набудед?
- Баъзан фикр мекардам, коргари миёна будан нисбатан осонтар аст. Боз мардҳо таъна назананд, гуфта, зиёдтар аз онҳо талош меварзидам. Аз соати шаши субҳ аллакай дар дафтари корӣ будам. Баъзан то поси шаб кор мекардем. Агар каме беэҳтиёт мешудӣ, они воҳид беобрӯй мегаштӣ. Ҳоло ба пас менигараму шукр мегӯям, бо сари баланд кор кардам.
Боре бо сафари корӣ дар Мавритания будем. Моро дар қароргоҳи президент ҷо доданд. Зиндагии мардумаш вазнин, одамон қашшоқ, ҳама ҷо ифлос. Бо ҳамин қадар қашшоқӣ онҳо нонҳоро мепартофтанд. Аз Тоҷикистон чапотиву кулча бурда будам. Дидам, ки майдаҳои нонҳои бурдаи маро партофтанианд, зуд нонпораҳоро дар халтачае гирифтам. Вақти бозгашт дар меҳмонхонае дар Москва чой фармоиш додаму майдаҳои чапотиҳоро хӯрда худро дар Тоҷикистон эҳсос кардам. Биҳишттар аз Ватан ҷоеро надидаам.
- Зани шинохта будан хуб аст ё бад?
- Албатта, хуб аст, ба шарте худро дар ҳамон сатҳ нигоҳ дошта тавонӣ. Дурӯғгӯӣ, хабаркашӣ, бадрафторӣ дар ниҳоди касе мақом ёбад, ӯ зуд шарманда мешавад. Байни мардуми одӣ будан, барои роҳбар беҳтарин роҳест. Ба мактаб мерафтам, бо муаллимон менишастам, дар саҳро бо деҳқонон.
- Наврӯзи ҷавониҳои худро ёд доред?
- Як майдон интихоб намуда, он ҷо дегҳо қатор ош мепухтанд. Гӯштингириву аспдавонӣ мешуд. Кӯдакон бозиву калонсолон шеъру сурудхониҳо мекарданд. Аз ҳамон рӯзҳо деҳқонон ба кору бори баҳорӣ шурӯъ мекарданд.
Гулноза БОБОМУРОДОВА