Паёми шукронае ба абармарди сиёсат Эмомалӣ Раҳмон
Дидан замон андар миёни фавҷи одамон шинохт ӯро.
– Акаи Назрулло нестӣ магар, - гуфту бо илтифоту самимияти хосса оғӯш кушод. Ҳар ду дар партави нигаҳҳои ҳайратрези саршори ҳаваси мардум якдигарро зи рӯи меҳру муҳаббати дӯстнавози тоҷикона каш гирифт. Дар беҳтарин пиндорҳои имконпазири хеш акаи Назрулло намеёрист бовар оварад, ки ӯро мешиносад ва ҳатто номашро бародарвор ба забон мегирад. Чаро ки онҳо ба тахмин 10–12 сол пеш, ҳамагӣ шаберо дар меҳмонкадаи «Душанбе»-и пойтахт рӯз карда буданд. Магар бад-ин зумра рӯйдодҳо одамони мартабаву табақаҳои гуногун дар гузашти таъҷилии умр кам дучор омадаанд, ки лаҳзаяке вохӯрдаанд бо амри тасодуф ва баъди тир шудани андак фурсате бар асари ҳаводиси фузуни ҳамвораи рӯзгор ҳамдигарро фаромӯш сохтаанд. Вале, акаи Назруллоро ӯ дақиқ дар ёд доштааст. Шукри хотираи қавии хоксоронаи мардумпарвариш, ки як тракторчии одию қатории панҷиро, на як нафар фурӯнишине, балки шахси аввали кишвар ва довталаби асосӣ ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шинохт.
Ин ёдоварест аз падидаи ҳаяҷонбахшу фараҳафзо ва пандомӯзе, ки 5 ноябри соли 1994 дар назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ ба вуқӯъ омад. Ташрифу гуфтугӯи охирини қабл аз интихоботии Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ҳамин ноҳия рух дод.
Маҳз ҷозибаи суханронӣ, таъсири алфози самимию ҳадафраси Эмомалӣ Раҳмон дар ниҳоду вуҷуди мардуми чошу пареши Панҷ барқкаки умеду эътимод ба фардои дурахшони Ватан афрӯхт. Ва ин анвори меҳанхоҳӣ вирди пиндорҳову гуфторҳо марзи Ватанро аз дарёканори Панҷ убур кард то кишвари ҳамсояи Афғонистон. Фирориёни маскуни ин сарзамин даста - даста ба хоки аҷдодии хеш баргаштанд, маҳз баъди ташрифу дидорбинӣ ва сухангӯии Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Панҷ. Ин амали хушоянд водор сохт, то аксари мутлақи раъйдиҳандагони ноҳия дар интихобот ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон овоз бидиҳанд.
Ва дар яке аз сафҳаҳои дафтари қайдҳои рӯзноманигориам дар ин ҷамъомад чанд ибораву ишорае сабт ёфтанд: ҷуръату ҷасорати фавқулода, сеҳри калом, ҷозибаи ситораи нуронӣ. Гузашти айём, кору пайкори минбаъдаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои болоро тақвият бахшиданд. Сафарҳои чанддафъаинаи ӯ ба манотиқу кишварҳои барояш пурхавфу хатар, аз қабили Бадахшон, Рашт, Афғонистон, магар аз ҷуръату ҷасорати фавқулодаи ӯ далели қотеъ нестанд? Сеҳри каломаш нест магар ки ҳам рафиқон ва ҳам рақибон ӯро дар марҳалаҳои мухталифи ҳассоси тақдирсози музокироту муборизот эътироф мекарданд. «Ман кафил мешавам», - гуфтани ӯ кофӣ буд, то ҳар кӯргиреҳу монеаҳо ва бунбастҳо дар гуфтушунидҳо мусбат ҳал шаванд. Ба иқрори яке аз кормандони масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷозибаю сеҳри каломи Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ пайваста имкон медиҳанд, ки сари мизи музокироти шадидтарин ҳам, натиҷаро ба бурди сиёсии хеш анҷом бидиҳад.
Ҳикояти ибратбахшеро, ки яке аз фирориёни ҳамшаҳрии ман баъди бозгашти Афғонистон борҳо бароям гуфтааст, бе суханороӣ нарезондаю начаконда айнан меоварам: «Мо, фирориёни иҷбории ватангумкарда, ҳафтаҳо пеш ба истиқболи Эмомалӣ Раҳмон омодагии пухта медидем. Баромадҳо менавиштем дурушту хушунатомез, суолҳои дасисабарангезу фитнахез мураттаб месохтем, то ӯро дар ҳама ноҳамвориҳову шикасти умедҳои хеш айбдор бисозем. Ӯ меомад бо лабони пур аз хандаву чеҳраи шукуфо, дидаҳои шараррез ва сухан мегуфту мегуфт содаву фаҳмову ҳикматомез. Намедонам, аз чӣ бошад, ӯро дидан замон, тамоми кинаву кудурат, ғазабу хушунати мо хомӯшу фаромӯш мегашт ва ин амал борҳо бо мо рух дода»…
Авзои ҷомеаи ҷангдидаи Тоҷикистон хору харобу хаста буду неруҳои мухолифин ҳам ташнаи интиқом. Ва дидаю дониста Эмомалӣ Раҳмон чун Сиёвуш хешро ба умқи оташи таҳдидҳову буҳтонҳову набардҳои сиёсӣ афканд. Ӯ ҳамчун табиби дарди ҷонкоҳи миллати тоҷик ду роҳи илоҷи воқеаро дошт: яке теғе ба даст гирифта узверо аз бадани миллат чун ангушти зиёдатӣ буридан, яъне аз баҳри ҳамватанҳои фирории хеш гузаштан, ё сӯзани заррине ба каф заъфи пайхори ҷомеаро даво бахшидан. Сипосу шукри беҳад Эмомалӣ Раҳмонро, ки ӯ роҳи дуюмро пазируфт. Асноду мадракот ва адабиёти бисёреро варақ зад ва кафтари сулҳу субот сари китфони васеи Восеъгунааш нишаст. Нуқтаи иттикои созишро боз ёфт ва ин нуқтаро унвон «Гузашти сиёсӣ» буд. Воқеан, ҳоло баъди солҳо аз дидвораи таърих кашфиёти мазкур саҳлу сода менамояд, вале дар ҳалли қазияи ҷанги ҳамватании Тоҷикистон он чун кашфиёти нодире буд аз ҷониби муҳтарам Президенти кишвар. Иллати аслии нобарориҳои музокироти пешин маҳз ҳамин напазируфтани гузаштҳои сиёсӣ маҳсуб мешуд.
Фирориҳо ба Ватан баргаштанд, размандагон аз сангарҳо бархестанд, ба ҳам даст доданду гаравиданд ба Ҳукумати Тоҷикистон. Нафарони зиёде аз сиёсатшиносони варзидаи ҷаҳон мутмаин бар онанд, ки ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ба дарёфти ҷоизаи Нобел ҷиҳати таъмину тақвияти сулҳу суботи минтақа номзади арзанда аст. Шояд ин пешниҳодро нисбат ба шахсияти варзидаи олами сиёсат Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳе ҳамчун такаллуфи дипломатие беш наҳисобанд. Нафароне, ки бар ин ақидаанд, кӯтоҳбину аз сиёсат фарсахҳо дуранд. Ба онҳо тавсия медиҳем, ки ба ҷанги Афғонистон бо дидаи ибрат назар афкананд. Айнан шеваи ҷанги афғонро душманони миллат мехостанд ба сари мардуми тоҷик таҳмил бидиҳанд. Аз нигоҳи ҷуғрофиёи сиёсӣ ҳадафи дурнамое дошт нияти душманҳо. Яъне, сарзамини моро ба арсаи муноқишаҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ табдил додан, то ин шарора ба алангаи фарогире мубаддал шавад. Дар ин сурат, боде, ки аз ҷониби тавтиадиҳандагони хориҷу дохили кишвар дама медид, оташи ҷангро то дилу домани Россия мекашид ва тоҷику Тоҷикистонро барҳам хӯрдани давлату буду бисоташ аз эҳтимол дур набуд.
Ҷоизаи заррини ҷаҳонии сулҳ, ки аз ҷониби намояндагони давлатҳои гуногун - аъзои корпуси ҷаҳонии сулҳ, ки рӯзи таҷлили ҷашни 9 - солагии Истиқлолияти кишвар ба Президенти мо супурданд, бурҳони қотеест ба гуфтаҳои боло.
Агар ғаразҳои сиёсиро фурӯ гузорему мардона иқрор шавем, чун ойина рӯшан мешавад, ки олами муосир аз Эмомалӣ Раҳмон дида номзади арзишмандтаре надорад пайи дарёфти Ҷоизаи Нобел ҷиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ҷангу пархошхӯрда.
Аз хусуси сафедиҳои созишу ризояти тоҷикон бо ҳарорату ҳаяҷону самимият қалам кашидани ин сатрҳои сипосоғӯшта аз ҷониби мо бечиз нест. Чи ки сулҳу истиқрори ватанӣ як падидаи бағоят нодиру беҳамтоеро барои тоҷикон офарид. Ин рӯйдоди нотакрор ва қавиниҳоду олимақомро Идеоли миллӣ унвон аст. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон баъди суқути салтанати Сомониён аз як қарн то қарни дигар мавқеи хешро батадриҷ аз даст медоданд. Дар замони Шӯравӣ аз қисман марказҳову марзҳои баруманди хеш маҳрум гашта, ба як миллати ҳақири нотавони беғоя табдил ёфтанд. Миллати беғояро бошад, таърих ҳамчун миллати аз ташаккулу пешрафт вомонда тафсир мекунад. Яъне, миллати беғоя, миллати бебунёди бемуттакои бепоя аст. Тоҷикон, шукри Яздони пок, баъди қарнҳо ба шарофату шафоати сулҳу истиқрор соҳиби Ғояи миллӣ гардиданд, ки онро ВАҲДАТ унвон аст. Меъмору кафили суботманди татбиқи ғояи мазкур ҳам Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар тақвияти ғояи Ваҳдат бори дигар заковати амиқи сиёсӣ ва ғаризаи дақиқи вазъшиносии Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ хидмати шоиста кард. Чаро ки эъломи Ваҳдат ҳанӯз худ ба худ ҳич гоҳ ба ғояи умумимиллӣ намерасид ва он тақвияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию маънавиро тақозо дошт. Дар ин самтҳо кӯшишу суботи хушнудкунандае зоҳир намуд ӯ. Эъмори ҷомеаи озоди ободи ҳуқуқбунёди мардумсолори дунявиро вусъати тоза бахшид. Эҷоди парлумони касбӣ, тағйироти манфиатбахши ба Конститутсия воридгардида гуфтаҳои болоро бурҳонест муътамад. Дар Тоҷикистон ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон як фазои мусоиду созгоре ба вуқӯъ омада, ки далели устувори сиёсист барои тантанаи ғояи Ваҳдат. Дар таъмини заминаи мустаҳками иқтисодии Идеали миллӣ ташаббус, ибтикор ва корномаҳое рӯ заданд аз ҷониби Президенти кишвар, ки оламиёнро ба сари андеша оварданд…
Аммо, пӯшида нест, ки ҳар ғояеро ба пояи устувори фарҳангӣ эҳтиёҷу ниёзе ҳаст. Дар ахгари хиёли созандаи Эмомалӣ Раҳмон нияти бузургдошти Оли Сомон пухт. Ҷашнвораи бузургдошти 1100 – солагии Давлати Сомониён оламиёнро мафтуну афсун намуд. Воқеан, то қомат афрохтани муҷтамеи Шоҳ Исмоили Сомонӣ Тоҷикистон чун Қасри Кремл, манораи Эйфел ё Садди бузурги Чин рамзу нишонаи фарқкунандае надошт. Ва ин ҷашни мутантани шукӯҳманди пурҷалол ва эҷоду бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба ҷаҳониён рамзи миллии моро муаррифӣ кард. Ба тоҷикон ин ҷашн равони тоза бахшид.
Ба шарофати маъракаи бузургдошти 1100 - солагии давлати Сомониён Тоҷикистонро на расман, балки воқеан ҳам тамоми олам шинохту эътироф кард ва ба Сарвараш эътиқоду эътимод баст. Баъди тантана ҷомеаи башарӣ Эмомалӣ Раҳмонро барои худ ҳамчун пешво, қофиласолор, вориси ҳақиқию босипоси Тахти Сомон кашф намуд. Ӯ сиёсатмадорест, ки аз деҳае, аз остони падар ба ҷодаи сиёсат қадами муборак ниҳода, то минбари башар расид. Ва аз минбари башар ҳам ӯ тавонист дарди тоҷикро, алами тоҷикро бигӯяд. Агар қисман роҳбарони ҷамоҳири тозаистиқлоли ҳамҷавори мо иштироки хешро дар иҷлосияҳои Созмони Милали Муттаҳид дастоварди умедбахш пиндоранд, Роҳбари Тоҷикистон минбари баланди ин бунгоҳи бузурги сиёсиро барои ифшои розу ниёзи сиёсии фароҷаҳонии хеш истифода мекард. Иқдомҳову ташаббусҳои бешумори сиёсиву фарҳангӣ рух дода дар ин иҷлосияҳо аз ҷониби ӯ. Аз ин минбари бонуфуз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш намуд, ки соли 2003 Соли оби тозаи ошомиданӣ эълом шавад, ки кулли иштирокдорони иҷлосияи СММ онро пазируфтанд. Борҳо дар ин толори бонуфуз ӯ аз раванди ҳаводиси сиёсии кишвари Афғонистон изҳори ташвиш карда буд ва ҳатто пешниҳод сохт, ки барои ҳалли қазияи ҷанги ҳамватании афғонҳо омода аст нақши миёнҷигариро ба уҳда гирад.
Дар анҷоми шабеҳаи сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехостам, ки алфози сипосгузоронаи яке аз меҳмонони ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониёнро аз Арабистони Саудӣ, ки авлодонаш тоҷик будаанд, мазмунан иқтибос оварам: «Раисҷумҳури шумо як муъҷиза аст. Ӯ ҳама неруҳои мухолифро афв кард. Ҳамқатори мухолифини ҷадид муҳоҷирону фирориёну ғарибафтодаҳои деринро самимона сӯи Ватан хонд. Мо баъди солҳои мадиде ватандор гаштем, пуштибон пайдо намудем дар шахси Эмомалӣ Раҳмон. Мерам сари гӯри падари дар ҳасрати Ватан фавтидаам ва мегӯям: падарҷон, меҳани барӯмандта дидум, ки хеле пеш рафтаву шукуфост бо илтифоту марҳамати Пешвои бузургаш Эмомалӣ Раҳмон».
Чи турфа суханҳои пандомӯзу муассиру самимӣ! Ба ин қандвожаҳо каломи шукронае афзуданием: агар Исмоили Сомонӣ девори Бухоро буд, Эмомалӣ Раҳмон бораи муқтадири Тоҷикистон, саҳеҳтараш, бораи устувори рахнанопазири кулли тоҷикони олам аст.
Холмаҳмад МАВЛОН,
соли 2005