Пешвои миллат имсолро
«Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Чаро?
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2023-юм ироа гашт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бахшида ба таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардад. Ин пешниҳоди дурбинонаи Сарвари давлат дар байни коршиносон, махсусан донандагони соҳаи ҳуқуқ ва, ҳамчунин, шаҳрвандони кишвар ҳамовозии ҳамаҷониба пайдо кард.
Таҳлилгарон иброз медоранд, ки эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз эълон намудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» оид ба авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон, доир ба амнияти давлат ва суботи ҷомеа, дар бораи шароит ва имконоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқу Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои бикр зикр намуданд, ки, албатта, маънии жарфи ба худ хос доранд.
Дар заминаи андешаҳо дар атрофи вазъи зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, Пешвои миллат супориш доданд, ки вобаста ба эълон гардидани соли 2024 – «Соли маърифати ҳуқуқӣ» нақшаи чорабиниҳо таҳия гардад. Ҳуқуқшиносон дар ҷамъомаду маҳфилҳои илмӣ, дар баромадҳои матбуотӣ, радиоиву телевизионии худ иброз медоранд, ки Президенти Тоҷикистон амалигардонии ҳадафҳои мушаххасро дар назар доранд. Аз ҷумла:
• Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон;
• Тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ;
• Мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он;
• Баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун;
•Ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ;
• Васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ;
•Тайёр намудани мутахассисони ҳуқуқшиноси забондон.
Ҳамин тавр, эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» маҷмуи масъалаҳои хеле муҳим ва саривақтиро фаро гирифта, интизор меравад, ки вобаста ба масоили мазкур иқдомоти муассир роҳандозӣ шавад. Аз ҷумла, пешниҳодҳо ҳастанд, ки омӯзиши амиқи ҳуқуқ ва қонун аз мактабҳо оғоз шуда, барои чун шахсияти огоҳ тарбия ёфтани шаҳрвандон мусоидат намояд.
Албатта, Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ вобаста ба волоияти қонун, огоҳии ҷомеа аз ҳуқуқҳои худ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳуҷҷатҳои зарурии ҳуқуқӣ ва барномаҳои алоҳидаро таҳияву қабул намудааст. Аммо, дар ростои 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дубора ба ин мавзуъ рӯ овардан, маънии онро дорад, ки вазъияти мавҷуда Президенти маҳбубро қонеъ намегардонад. Зеро, Сарвари давлат ҳанӯз аз замони таҳия ва қабул гардидани Бахтномаи миллат – Конститутсияи мамлакат, ба хулосае омадаанд, ки бе иштироки фаъоли шаҳрвандон, ки аз ҳуқуқҳои худ бохабаранд, бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имкон надорад.
Зимнан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст. Ин чунин маъно дорад, ки ҳар шаҳрванди огоҳи мамлакат аз ҷараёни рушди ҷомеа дур намонда, баръакс бо фаъолмандии худ барои пешрафти бештари он саҳм мегузорад. Аз ҳамин ҷост, ки на танҳо сохторҳои масъули давлатӣ ба тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ машғуланд, ҳамчунин, садҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои расидан ба ин ҳадаф ёрӣ мерасонанд.
Боиси зикр аст, ки бархӯрдории аксарияти мардум, хосса ҷавонон аз маърифати ҳуқуқӣ боис ба зиракии сиёсии онҳо гашта, дар натиҷа амнияти кишвар қавӣ мегардад, гурӯҳҳои тундраву ифротӣ онҳоро истифода бурда наметавонанд. Дар ҷаҳони муосир ҷавонони зиёд қурбонии бозӣ ва ҳадафҳои геополитикии хадамоти махсус мегарданд. Аз ин рӯ, огоҳии бештари ҳуқуқӣ тадбири бениҳоят муҳими пешгирӣ маҳсуб меёбад.
Маълум аст, ки ҳар инсони огоҳу аз ҳуқуқу қонунҳо бохабар, аз доираи қонун берун намеравад ва ба лағжишҳои ҳуқуқӣ низ роҳ намедиҳад. Пас, беҳтар аст, ки одамон ҳар чи бештар аз қонунҳо огаҳӣ дошта бошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо аз ҷазо додани одамон иборат нест. Бурдани корҳои ташвиқотӣ, дар зеҳни мардум ҷо кардани авлавияти қонун ҳам ба зиммаи онҳост. Яъне, гуфтан мумкин аст, ки эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ин идомаи ҳамин ташвишҳои Сарвари давлат аст, то сафи қонуншиканҳо камтар гардад. Ин маънои онро дорад, ки Пешвои муаззами миллат ба тақдири ягон шаҳрванди Тоҷикистон, ҳатто онҳое, ки бо ин ё он сабаб қонуншиканӣ мекунанд, бетараф буда наметавонанд.
Мутаассифона, дар замони муосир, бо сабаби пешрафтҳои технологӣ ва ба вуҷуд омадани интернет, қисме аз шаҳрвандон худро аз ҳама чиз, ҳатто қонун озод ҳис карда, ба кирдору амалҳои ношоиста даст мезананд, ки оқибат онҳоро ба курсии ҷавобгарӣ мебарад. Ҳол он ки тамоми давлатҳои пешрафта, аз ҷумла Тоҷикистон, қонунгузории худро нисбат ба ин гуна ҷиноятҳо мувофиқ кунондаанд. Баъзан мебинем, ки баъзе аз шаҳрвандони мо пас аз боздошт барои кирдорҳои ҷиноятӣ мегӯянд, ки ҷавобгарӣ доштани амали худро намедонистанд. Аммо, надонистани қонун ҷавобгариро аз байн намебарад.
Ҳанӯз чандин садсола пеш мутафаккири бузурги юнонӣ Ситсерон гуфта буд: «Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош!». Яъне, озодӣ, пеш аз ҳама, масъулият аст.
Дар ин робита, коршиносон зермаънои эълон шудани «Соли маърифтаи ҳуқуқӣ»-ро дар чанд хулоса зикр кардаанд:
Ҷомеае, ки ба инсонҳои бомаърифат ва тарбиятдида такя мекунад, аз шикасти ирода ва таназзул эмин буда, ба пирӯзии сартосарӣ ноил мегардад;
• Шуурнокии ҳуқуқии миллат аз бисёр ҷиҳат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари эътибори он дар ҷаҳони муосир аст.
Дар ҳақиқат, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки онҳо бо иштироки фаъоли ҳар як шаҳрванди аз нигоҳи ҳуқуқӣ соҳибмаърифати худ ба таъмини фаъолияти муваффақонаи соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ ноил гардидаанд. Ин бошад, кори дастҷамъона аст. Пас, ҳар кадоми мо бояд дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон шудани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» барои рушд додани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҳамватанони худ саҳм гузорем, то хостаҳои Сарвари давлатро ҳар чи зудтар амалӣ намоем. Бовар дорем, ки чунин ҳам мешавад.
Шоҳона ОДИНАЗОДА