Рӯзгори ҳар шахс бо шебу фарозҳо, бо он ҳама кӯтоҳиву тулонӣ аҷаб рангоранг аст. Он гоҳо саҳнаи бузурги фоҷиаро мемонаду гоҳи дигар мазҳака ва гоҳе аҷаб ширину гуворо даргузар асту назофати он ба рӯзгори дигарон покиву рӯшноӣ мебахшад. Аз ҳар дудмоне нафаре чун алмоси суфтаи ноб муддате медурахшаду раҳи дигаронро ба сӯи қуллаҳои мурод равшан месозад.
Хосият Султонова имсол, агар дар ҳаёт мебуд, 100-солагии пурифтихори ҳаёти моломоли фазилатгустариву мафкурасозии хешро ҷашн мегирифт. Ӯ 11-уми ноябри соли 1923 ба дунё омада, баъди хатми мактаб соли 1939 аз Бухорои Шариф ба меҳмонии хоҳари бузургаш ба шаҳри Сталин¬обод (Душанбеи имрӯза) омад. Бо раҳнамоии вай Омӯзишгоҳи педагогии №1-ро бо дипломи аъло поён бурд. Замони таҳсил ин донишҷӯи пешсаф дар ҳамоиши умумииттифоқии донишҷӯён дар шаҳри Москва ширкат варзид. Солҳои 1941–1942 дар мактаби миёнаи № 19 (ҳоло № 8)-и шаҳри Душанбе ҳамчун муаллими синфҳои ибтидоӣ фаъолият бурда, соли 1942 ҷиҳати дастгирии мактабҳои деҳот ба мактаби «Коминтерн»-и ноҳияи Сталинобод (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) сафарбар гардид ва то соли 1976 омӯзгори ҳамин мактаб буд.
Мавсуф дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ ба корҳои тарғиботӣ машғул шуда, барои руҳбаланд намудани аҳолӣ ва оилаҳое, ки аъзои онҳо ба ҷанг рафта буданд, хизмати шоиста намуд. Дар ин миён 10 маротиба аз ҳавзаҳои гуногуни шурои деҳот вакил интихоб гардид.
«Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои мо, омӯзгорон, солҳои басо вазнин буданд. Мо аз ҳама чиз танқисӣ медидем. Китобу дафтар, сиёҳидон, қаламу ручка ва дигар асбобҳои хониш намерасиданд, дарёфти онҳо тухми анқоро мемонд. Дар як синфи рутубатнок, ки ҳангоми барфу борон аз шифти он ҳамвора обу лой мечакид, ба шогирдон сабақ медодам», - овардааст муаллим дар ёддоштҳояш.
Пӯлодҷон Юсуфов, яке аз 12 фарзанди ин бонуи покизарӯзгор, аз хурдсолӣ мушоҳидакор буду ҷӯёи дониш ва ҳар куҷо навгоние медид, пайи омӯзиши он мешуд. Ҳунари аксбардорӣ меозмуду ба ин васила, албоми суратҳоро таҳия кард ва онро «Як рӯзи модарам» ном ниҳод. Дар саҳфаи аввал аксест, ки модар субҳи солеҳон гов медӯшад. Дар саҳфаи дувум ҳавлирӯбии модар инъикос ёфтааст. Ҷойи дигар нонпазӣ дорад ва дар аксе олуфтасон либоси муназзам ба бар сӯи мактаб мешитобад. Лаҳзаи ба мактаббачагон сабақ омӯзонданаш, саҳфаи дигареро зеб медиҳад. Боз даҳҳо кори дигари қаҳрамонмодар, ки иҷрои ҳамаи он, ба қавле филро аз пой меафтонд, дар аксҳо тасвир ёфта.
«Модар, хонаи шумо, магар ҳамин ошхона аст?», боре савол дод ин писар, ки пайваста аз фазилати модар баҳравар шудан мехосту модарро аксар вақт машғули таҳияи ғизоҳо медид. Аммо, ҳамоно ба ҳайрат меафтод, ки чӣ гуна модар, бо ин ҳама серкорӣ, вақт меёфту ба рӯзномаю маҷаллаҳои зиёде обуна мешуд ва ба мутолааи китобу рӯзномаҳо фурсат меёфт. Гӯё шабу рӯзи модар беинтиҳо буд. Дар хона барои фарзандон фазои хоси фарҳангиву маърифатӣ фароҳам оварда буд.
Сабру таҳаммули модар чун санги хоро устувор буд ва ин сифати некро ба фарзандон талқин мекард. Ҳарфҳои пурҳикмату пандомезаш таъсири амиқе ба хулқи фарзандон ва мактаббачагон мегузошт. Гоҳи суханронӣ аз минбар лаҳну гуфтори муаллим ҷозибае дошту ҳамагонро мафтуни суханони созандааш мекард
Ҳама хоҳони он буданд, ки фарзандонашон маҳз шогирдони омӯзгор Султонова бошанд. Гоҳе, ки дар хонаводае низоъ бармехест, сӯи манзили муаллим, ки рафтору пиндораш барои хурду бузург намуна буд, раҳ мегирифтанду илоҷи корро аз маслиҳату машварати ӯ меҷустанд. Ба ин тариқ, ин бонуи фазилатпеша беш аз даҳ хонаводаро аз парокандагӣ нигаҳ дошта, ба ифоқа овардааст.
Ин бону аз дудмони машҳури шайхҳои Ҷӯйбории Бухорои Шариф ва аз хонадони эшони Саид Ҳикоятуллохон Хоҷа буда, ки устод Садриддин Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз онҳо ёдоварӣ намудаанд. Эшони Султонхоҷа фарзанди ин бузургвор ва яке аз мударрисони маъруфи Бухоро буд, ки дар солҳои 30-юм аз сиёсати давр бо ҷурми мударрисӣ ба Сибир бадарға шуд. Баъди бесаробон мондан, Хосият ба оилаи хоҳари бузургаш пайвасту ба Тоҷикистон омад ва умри худро нисори фарзандони халқ кард.
Ҳамсояҳо аз Хосият Султонова анъанаҳои неки тоҷикони Бухороро меомӯхтанд, аз қабили дар танӯри рост нон пухтан, тушбераву мантупазӣ, таҳияи мураббоҳои гуногун, пухтани тухмбарак, шаҳлут ва ғайраро. Мураббои аз сабзӣ таҳиякардаи ӯро хурду калон меписандид.
Муаллим се фарзанди хурдсоли ятими ҳамсарро саробон шуд ва андешаи қолабии «ҳама модарандарҳо золиманд»-ро дарҳам шикасту миёни нуҳ фарзанди худ ва онҳо ҳеҷ тафовуте нагузошт. Сари ҳамаро баробар сила карду навозиш, парварду тарбият доду фарҳанги волои инсонгароӣ ва маърифатпарварӣ омӯзонд. Танҳо дар синни бузургсолӣ фарзандон аз даҳони бархе суханчинон воқеиятро дарёфтанд. Бузургии модар ва тарбияи неки вай буд, ки фарзандон мисли пешин ба ҳам дӯсту ёвар монданд.
Ҳамсари Х. Султонова дар колхоз, дар вазифаҳои гуногун, аз он ҷумла муҳосибӣ кор мекард. Замоне, ки бемор шуд, то вопасин нафас Хосиятхола ӯро нигаҳбон буд.
Ҳамаи фарзандони омӯзгори маъруф соҳибмаълумот ва соҳибкасб гардида, бархе дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият намудаанд. Марҳум Моҳирхоҷа Султонзода – номзади илмҳои фалсафа, муддати 5 сол муовини вазири фарҳанги ҷумҳурӣ буд. Пӯлодҷон Юсуфов низ номзади илм, тули 10 сол муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ буд. Нарзияву Маҳбуба ва Юсуфҷон Султонов низ дар вазифаҳои масъул буданд. Ҳабиба корманди беморхона, Рустамҷон – дандонпизишк, духтури дараҷаи олӣ, бародарони дигар корманди корхонаҳои истеҳсолӣ. Аксар бознишаста бошанд ҳам дар хидмати халқ мекӯшанд.
Соли 2005 дар арафаи таҷлили Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ муаллим Хосият Султонова дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарорат сухан ронда, таманнои амну осоиш ва шукуфоии кишвар намуд.
Мақоли халқии «Аз гаҳвора то гӯр дониш биомӯз»-ро мисле, ки муаллим барои худ шиор дониста буд ва то 93-солагӣ китоб мехонд. Фармудаҳои табибонро ба ҷо меоварду ғизоҳои парҳезӣ тановул мекард. «Хоҳарат хомшӯрбои бомаза мепазад», - мегуфт ба писараш Пӯлодҷон. «Модарам иродаи қавӣ дошт, агар дилаш сахт чизе кашиду аммо истеъмоли он барояш манъ бошад, каме аз он мечашиду тамом, шояд сирри дарозумриаш дар ҳамин буд», - ёд меорад Пӯлодҷон.
Фаъолияти самараноку эҷодкорона, заҳматҳои Хосият Султонова (Юсуфова) бо ордени Ленин, медалҳои Барои меҳнати шуҷоатнок, Собиқадори меҳнат, Шарафи модарӣ дараҷаҳои I, II, III қадр шудаанд. Ӯ, ҳамчунон, барандаи унвони Муаллими хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон аст.
23 феврали соли 2016 Хосият Султонова барои абадӣ чашм пӯшид, аммо шуълаи муҳаббатро ба илму маърифат, фарҳангдӯстиву фазилатгустарӣ дар ниҳоди шогирдону фарзандон фурӯзон ва хотироти неку дурахшонро дар қалбҳои онон маъво дод.
С. АШӮРОВА