Инсон дар масири пурталотуми рӯзгор бо шукронаи фазилату эъҷозу атои зиндагӣ меваи ширину шаҳдбори умр - фарзандро ба дунё оварда, ин неъмати бебаҳоро ба сандуқи дил кашида, мағз андар мағзу устухон аз ҳастии банди ҷигари хеш - тифлаки лолоии ба ноз хобида меболаду менозад, ба руҳу равонаш оромие медамад, ки самари ҳаёташ бардаму солим дида ба дунё рӯшан карда. Баъдан, изтиробе дар қалбаш шарар меангезад, ки навзодро аз осебҳо эмин мебояду устувор зери бол кашидану чун барги гул нозук парвардан. Далериву ҷасорату матонату сабри чун санги хоро устувор мебояд, то ҷигарбанд раҳравӣ омӯзаду каломи ширини модарӣ, айёми беғами кӯдакиву наврасӣ ронаду аз шарри офатҳо, бадгӯиву қаҷрафтории ҳамсолону ҳамсонон бо ғуруру боварӣ, бо такя ба зеҳни азалии худ вораҳаду сӯи фардои нек гомҳои устувор ниҳад.
Ин фарзанди дилбанд шабоҳат ба Истиқлол дорад, шабоҳат ба Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки 32 сол қабл зодаву ҳаволаи ҳаводиси рӯзгорони мудҳиш гардид. Дар гирудори рӯзгори пур аз шарру фитна, чашмони ба сони вуҳуш ба хун печидаи нохалафон, ки гургсон ба ин тифлак дарафтодан доштанд, вай оғӯши гарми модаронаю муҳаббати бекарони падарона меҷуст, рӯи раҳ афтону хезон ба самти номаълум, ба раҳи нестӣ ноустувор по мениҳод, то макони амну бехавф ёбаду соябони сар. Баъзеҳо ё шояд бисёриҳо аз рӯи даст гирифтани ин тифли маъсум ҳаросон буданд, ки мабодо баробари вай туъмаи дандони шикофандаи даррандагон шаванд. Ба бахту иқболи баланди ӯ марде чун нишоне аз паёми соҳибдилону покизагону озодандешон рӯи раҳ омад, то тифли беҳимояро рӯи даст бардораду сутуни дили ларзони ӯ гардад. Ин озодамарди диловару шуҷоъ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки чун шеди оламгир фурӯзон гашту тифли Истиқлолро бо муҳаббати падарона рӯи даст гирифт ва қатори фарзандони хеш фарзандаш хонду зери боли ҳимоя қарор дод.
Шукри неъмату давлати боздоди ёри осмонӣ карду тифлро навохту пару бол бахшиду ҳаёту мамоти худро нисори фарзанд - Истиқлол кард, Истиқлоли деринтизори тоҷиконро, ки садсолаҳо интизораш буданд. Гардро аз танаш афшонд, ӯро ҳаёти дубора бахшид, раҳравии устувор омӯзонду баҳри рушду некуаҳволии вай роҳҳову тадбирҳо ҷуст, то фарзанди солеҳу накуному ба пайи қадам бошаду исми муборакаш – Истиқлол вирди забони оламиён гардад.
Бо азамати қаҳрамонӣ, ҷуръату ҷасорати хусравонӣ ва ситораи гарму гарми нуронӣ ин марди роҳ рӯзи нанг нанговар шуду нидо андохт: «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва овард, ин сулҳи деринтизорро ба фарзандонаш, ба погаҳу дари ҳаммеҳанони дар Ватан будаву берун аз Ватан ашки ҳасрати ғарибӣ шашқатор рехтааш. Бо анвори меҳанхоҳӣ аз он сӯи рӯди Панҷ дас¬та-даста бародарону хоҳарони худро ба хоке аз сарзамини аҷдодӣ хонд, то ҳамроҳ фарзанде бо номи Истиқлолро тобу тавон бахшанд, нек парваранду гиромӣ доранд.
Заҳмату талошҳои беш аз сисолаи падари накуном Эмомалӣ Раҳмон самари нек овард, Истиқлол камол ёфту Тоҷикистон ба макони биҳиштӣ, макони пур аз сулҳу рифоҳу оромӣ мубаддал гашт. Ҳамчун табиб ба дарди шадиду ҷонкоҳи миллат нӯшдору ва заъфи пайкари ҷомеаро даво бахшид.
Эмомалӣ Раҳмон, абармарди ҷаҳони сиёсат, дар дили хурду бузурги кишвар чароғи умеду эътимодро ба фардои дурахшони Ватан фурӯзон кард. Ба манотиқи пурхавфу хатар борҳо сафарҳо анҷом дод, то монеаҳоро бо роҳи мусолиҳа мусбат ҳал намояд. Билохира тавонист ба эъмори ҷомеаи озоди ҳуқуқбунёди мардумсолори дунявӣ вусъати тоза бахшад. Ғояи миллиро бар пояи устувори фарҳанги оламшумули ниёкон обу ранг бахшид, рамзи миллии кишвари тоҷиконро бо бунёди муҷтамеи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт ва соли 1999 ҷашнвораи бузургдошти 1100-солагии Давлати Сомониёнро бо шаҳомати хосса таҷлил намуд.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу ҳифзи пиряхҳо назари ҷомеаи дунявиро ба сӯи кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистон ҷалб сохт. Пешвои тоҷикони ҷаҳон ҳадафҳои олие, амсоли таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро ба миён гузошту ҷаҳиши бузургеро дар ин масир анҷом дод, то фарзанди камолёфтааш аз касе вобаставу пеши нокасе сарафканда нагардад. Барои ояндаи дурахшони миллат ба бунёди муҳташамтарин иншооти аср - Неругоҳи барқи обии «Роғун» пардохт, алорағми хасму нотавонбинони миллат, ки бо тамасхур иқдоми Роҳбари давлати Тоҷикистонро фасонае беш намепиндоштанд. Чӣ дар ҳайрат монданду ҳасрат кашиданд, ки ду чархи аввалини онро Президенти Тоҷикистон бо неруи бузурги созандаи халқаш ба кор дароварду муҳри хомӯширо барои абадӣ ба лаби бадгӯён зад. То кунун ин ду чарх бо фишори пасти обанбори тозабунёд беш аз 6,4 миллиард киловатт-соат неруи барқ ҳосил намуду 1,5 миллиард сомонӣ ба хазинаи давлат зам кард. Мудом ба ин неругоҳи азим сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ воқиф мегардад, то билохира, чархҳои дигарро ба кор андохта, ба кӯи мақсуд расад ва Истиқлоли комили Тоҷикистонро бо бунёди коргоҳҳои саноатӣ фароҳам оварад.
Дар ин масири пур аз фарозҳову шебҳо Пешвои муаззами тоҷикони дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти таърихии миллат сабзид, Истиқлолро мисли фарзанди дилбанди хонадон ба раҳи мустақил ба по хезонд ва инак, имрӯз 32-юмин солгарди Истиқлолро ҳамроҳ бо сокинони шарафманди Тоҷикистони тоҷ бар сар бо шаҳомати хосса истиқбол мегирад.
Шоҳона СУЛАЙМОН