Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иқдоми Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими сулҳу субот, дӯстиву ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва оромии кишвар корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ҳайати бонувони фаъол аз минтақаҳои Рашту Хатлон, Бадахшону шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, занону духтарони фаъоли ҷомеа, мутахассисони соҳаи кор бо занон ва оила, намояндагони дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, вориди вилояти Суғд гардид.
Шаст нафар бонувон аз 18 шаҳру навоҳии вилоят, 70 ҷамоати шаҳраку деҳот ва 40 қисми низомӣ дидан намуда, бо ҳаёту фаъолият, зисту зиндагии мардум ошноӣ пайдо карданд.
Санаи 10 июл аввалин корвони «Модарони ваҳдатсаро» вуруди ноҳияи Айнӣ гардид. Онҳоро аҳолӣ бо хушнудии зиёд, гулу гулдаста, нону намак ва бо меҳру муҳаббати хосса истиқбол намуданд. Раиси ноҳия Муқим Муродзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар бораи дастовардҳои ин минтақаи кишвар, ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Урметан ва мавриди амал қарор гирифтани як қатор иншооти маданиву маишӣ фикру андешаи худро баён дошт.
Ҳилолбӣ Қурбонзода ва сардори раёсати кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷаева андешаҳои худро перомуни таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат ба бонувони кишвар баён намуда, шукри ваҳдати миллӣ, истиқлол, ободиву осоиштагӣ ва ҳамдилии мардуми ҷумҳуриро карданд.
Пас аз маросими расмии чорабинӣ вохӯрии меҳмонон бо фаъолзанони Ҷамоати деҳоти Айнӣ доир шуда, аз зиёратгоҳи Нақибхони Туғрал, деҳаи Рарз дидан карданд ва бо набераи 85-солаи Туғрал Муаттарахон суҳбат оростанд.
11-уми июл корвони «Модарони ваҳдатсаро» озими шаҳри бостонии Панҷакент шуд. Модарони ваҳдатсаро дар деҳаи Панҷрӯд аз оромгоҳи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ боздид ба амал оварда, бо занону духтарони фаъол вохӯрии гарму самимӣ доштанд. Муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ меҳмононро ба диёри бостониву ҳамешаҷавони шаҳри куҳанбунёд хайрамақдам гуфт. Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода оид ба дастовардҳои даврони истиқлол ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа фикру андешаи худро баён намуд. Суҳбати гарму самимӣ басо хотирмон сурат гирифт. Модарон дар деҳоти Лоиқ Шералӣ ва Саразми бостонӣ бо бонувон суҳбати гарму самимӣ доштанд. Сипас, бо сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ мулоқот анҷом дода, барояшон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Ҳамзамон, бонувон модари 98-сола, ҳамсари шоир ва драматурги номвар Файзулло Ансориро хабар гирифтанд.
«Шоми дӯстӣ» ба ифтихори ташрифи меҳмонон дар мавзеи басо зебову дилнишин, дар ҳавои мавҷҳои пуртуғёни дарёи Зарафшон басо хотирмон баргузор гардид.
Меҳмонон субҳи 12-уми июл роҳ сӯи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ пеш гирифта, аз табиати зебову афсункори ин диёри зебоманзар, ободию бунёдкории мардуми меҳнатқарин ошно шуданд. Дар боғи биҳиштосои Пастиғав меҳмононро сокинон хеле гарму самимӣ пазироӣ карданд. Аз дастоварду ободкорӣ ва созандагии диёр ба меҳмонон сухан ронданд.
Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар панҷ гурӯҳ аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Конибодом, Исфара, Истиқлол, Истаравшан, Гулистон, Деваштич, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен, Мастчоҳ, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, ба ҳаёту рӯзгори бонувони ин минтақа ва қисми ҳарбӣ аз наздик ошно гаштанд.
Боиси зикр аст, ки корвони «Модарони ваҳдатсаро»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо нону намак ва савту оҳангҳои дилнишин дар даромадгоҳи Боғи «30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ботантана, бо гулу гулдаста, нону намак истиқбол намуданд. Бонувони кишвар дар ин ноҳия, ки парвозгоҳи бузургонаш медонанду зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров аст, бо дастовардҳои нав ба нави аҳли заҳмат ошно гаштанд. Аз корхонаи дӯзандагии «Ёсуман», Ҷамоати деҳоти Овчӣ Қаълача, Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Унҷӣ ва Қасри Арбоб, аз дастовардҳо ва навгониҳое, ки дар ин солҳо дар ноҳия ба амал омадаанд, дидан намуданд.
Корвони «Модарони ваҳдатсаро» таҳти роҳ¬барии Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, ходими намоёни ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва занону духтарони фаъоли ҷомеа аз манотиқи ҷумҳурӣ ба Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ташриф оварда, бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронданд.
Корвони мазкур ба шаҳри Конибодом аз муждаи саодат, иффату муҳаббати модарӣ, дуову орзуҳои неки қалби модари тоҷик армуғон бурданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр муовини раиси шаҳр Заррина Ғафурзода ва фаъолбонувон бо нону намак гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Модарони ваҳдатофар боздидашонро аз ҷойҳои таърихӣ, боғу кӯчаҳои шаҳри Конибодом, мавзеъҳои таърихӣ оғоз карда, нахуст аз қисми ҳарбии 04080 боздид ба амал оварданд. Ба сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ нону мева ва шириниҳои модарон ҳамчун ибрози меҳру муҳаббати модару фарзанд тақдим гардид. Модарон бо сарбозон суҳбату мулоқоти самимӣ ороста, бо шароити хизмат ошно шуданд.
Шиносоӣ ва боздиди меҳмонон–корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар шаҳри Конибодом ду рӯз идома ёфта, дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот мулоқоти меҳмонон бо сокинони шаҳр ба вуқуъ пайваст.
Субҳи 14-уми июл корвони «Модарони ваҳдат¬саро» ба шаҳри бостонии Хуҷанд расид. Онҳоро дар даромадгоҳи Боғи Камоли Хуҷандӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода ва фаъолзанони ин шаҳри бостонӣ истиқбол гирифтанд. Сипас, меҳмонон аз хона-музейи Шайх Камоли Хуҷандӣ, Осорхонаи таърихии вилоят, Маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии ба номи Зулфия Баҳриддинова дидан карданд. Дар интиҳо, дар доираи корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар маҷлисгоҳи «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Конфронси ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар ваҳдат аст» ба вуқуъ пайваст.
Дар конфронс таъкид шуд, ки ваҳдат ин санъати ватандорӣ аст. Он таҳкурсии боэътимодест, ки дар заминааш рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, иқтисодиёт, маънавиёту фарҳанг ва ҳаёти мафкуравии ҷомеа таъмин мегардад. Ҳадафи асосии ваҳдат устувор сохтани рукнҳои идоракунӣ, пайгирона татбиқ кардани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунё¬ди Тоҷикистони дунявӣ, демократӣ ва ягона мебошад.
Дар поёни конфронс ба як қатор бонувони собиқадор, намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва фаъолони корвони «Модарони ваҳдатсаро» Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
вилояти Суғд