Мусоҳибаи вижа бо яке аз ташаббускорони созмони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода
Нахуст каме аз таърихи таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ёдовар мешудед, ки идеяи бунёдгузории ин ҳаракати фарҳангӣ - сиёсӣ аз куҷо сарчашма мегирифт?
- Асоси ба вуҷуд омадани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (ЊВМЭТ) аз лаҳзаҳои аввалини интихоби роҳбари давлат сарчашма мегирад ва ғояи Ваҳдати миллӣ ҳам бо шаклу рисолат ва моҳияташ нодиртарин рӯйдоди таърихи навини Тоҷикистон мебошад. Паёми сулҳ, ки дар нахустин суханронии роҳбари ҷавони кишварамон аз минбари Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, ҳатто барои вакилони мардумӣ ҳам ғайриинтизор буд, ки як ҷавони 40-сола умури давлатдориро бо ироаи як андешаи бузуре оғоз менамояд, ки минбаъд он ба идеяи ояндасоз табдил меёбад. Агар ба таърихи давлатдории кишварҳои соҳибтамаддун назар афканем, инчунин идеяҳои бузурги давлатсозӣ дар саду ҳазорсолаҳо аз ҷониби шахсиятҳои бофитрат ва давлатмардони таърихсоз садо дода, муҷиби рушду тараққиёт ва пешрафтҳои бузург дар ин ё он мамолики дунё гардидааст.
Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон монои идеяи сулҳу ваҳдати миллӣ аз рӯйдодҳои беназир дар таърихи давлатдорист. Тавре огоҳӣ дорем, Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки баъди 40 музокирот бо мухолифини давр санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москав ба имзо расид, аз оғози ба сулҳу ваҳдат омадани ҷомеаи Тоҷикистон дарак медод. Маҳз ин санади тақдирсоз ҷиҳати эътироф гардидани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ замина гузошт. Азбаски дар шабу рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар саросари Тоҷикистон суботу осоиштагӣ таъмин набуд, аз ин лиҳоз, бо пешниҳоди Сарвари давлат чунин як ҳаракате созмон дода шуд, ки мақсадаш амалӣ намудани қарордоду пешниҳодҳои Созишномаи тақдирсози миллат буд.
Ҳамин тавр, аввалин маротиба 16-уми июли соли 1997 як гурӯҳ зиёиёни худшиносу ватандӯст дар бинои ҳукумати вилояти Хатлон сарҷамъ омада, аввалин анҷумани Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро барузор намуданд. Дар он рӯз дар вилояти Хатлон вазъияти ниҳоят мушкилу ҳассос ҳукмфармо буду иддае аз силоҳбадастон бо сарварии қумандони исёнгар М. Худойбердиев бинои ҳукумати вилоятро забт карда буданд. Маҳз дар ҳамон вазъияти ногувор дар толори хурди мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят маҷлиси вакилони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир карда шуд. Дар рафти ҷаласа чанд тан аз силоҳбадастон омада аз мо пурсон шуданд, ки чаро дар ин толор ҷамъ шудаем? Посухи мо ҳам ин буд, ки ин ҷамъомад ба хотири таҳкими сулҳу осоиштагӣ дар кишвар баргузор хоҳад шуд ва дар ин ҷаласа масъалаи тақсимоти мансаб нест. Ҳамин тавр, дар ҳамон Анҷуман раиси Шурои Ҳаракати ваҳдати миллӣ, муовинони онро интихоб намуда, бо таҳияи оиннома ҳамчунин сохтори ин созмонро таъсис дода, вакилонамонро барои иштирок дар Анҷумани ҷумҳуриявии ҲВМЭТ пешбарӣ намудем.
Баъдан, бо ташаббуси Сарвари давлат рӯзи 18-уми июли 1997 дар пойтахти кишварамон нахустин Анҷумани ҷумҳуриявии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардида, дар он бо пешниҳоди ман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои ҲВМЭТ интихоб гардиданд. Инчунин, дар Анҷуман собиқ раиси вилояти Суғд Роҳбар Қосимов, раиси вақти ВМКБ Алимамад Ниёзмамадов ва аз вилояти Хатлон банда ба ҳайси муовинони раиси ҲВМЭТ интихоб шудем. Вазифа ниҳоят пурмасъулият буд. Мо, пайравони Сарвари давлат, ҳаракат мекардем, ки нишондиҳандаҳои дар Анҷуман аз ҷониби Раиси Шурои ҲВМЭТ пешниҳодшударо амалӣ намуда, омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии Созишномаи истиқрори сулҳ ва нуктаҳои дар оинномаи ин Ҳаракати миллӣ дарҷ гардидаро дар амал татбиқ намоем.
Воқеан, ҳаёт нишон дод, ки ҲВМЭТ ҳамчун як созмони нодир, ки дар ҷаҳон беназир ба ҳисоб мерафт, таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон ва ҷаҳду талошҳои ӯ дар оянда дуруст будани ин ақидаро нишон дод. Бояд гуфт, ки барои амалӣ шудани ҳамаи омилҳои ин Ҳаракат ибрати шахсии роҳбари давлат, яъне, ҷасорату далерӣ, қаҳрамонӣ ва бардошту азхудгузаштанҳои як шахсияти таърихсоз таъсири мусбати худро дошт. Як мисоли одӣ, ки дар он рӯзҳои вазнини тақдирсоз ба хотири музокиротдар як чархболи фарсуда ба минтақаи ҷанги Афғонистон сафар намудани роҳбари ҷавони мамлакат аз ҳисси баланди миллату ватандӯстӣ, масъулияти бузурги фарзанди фарзонаи тоҷик ба хотири ба ҳам овардани миллат дарак медод. Чуноне ки қаҳрамони милллии Афғонистон Ањмадшоњи Масъуд гуфта буд: “Маро мардуми Афғонистон қаҳрамони худ мешуморанд, аммо қаҳрамони ҳамаи мо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба хотири сарҷамъ намудани миллат бо як чархболи фарсуда болои сари мухолифин омадаанд, ки мардумашро ба сулҳу ваҳдат ва бозгашт ба сарзамини аҷдодӣ даъват намоянд”. Яъне, амалӣ шудани ҳама орзуву ормонҳо аз ибрати шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардидааст.
Имрӯз хушбахтона метавон гуфт, ки пеш аз ҳама, омилҳои сиёсии ҲВМЭТ дар шакли институтҳои давлатдории мо дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ амалӣ шуда истодаанд. Танҳо зарур аст, ки ҳама кормандони мақомот ба монанди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз худ намунаи волои худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ ва инсондӯстиву дигар амалҳои шоистаи ба хотири ояндаи дурахшони Ватанро бештар зоҳир намоянд.
- Баъди бозгашти муҳоҷирон ба Ватан ва тантанаи сулҳу таъмини осоиштагӣ ва оғози раванди рушду тараққиёт дар кишварамон фаъолияти Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба кадом самт равона гардид ?
- Тавре, ки дар боло зикр намудем, дар баробари он ки омилҳои сиёсии ҲВМЭТ дар шохаҳои ҳокимияти давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ шуда истода, ин таҷрибаи сиёсӣ мавриди омӯзиш ва корбурди илмиву амалии кишварҳои олам ва Созмонҳои машҳури байналмилалӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, омилҳои ҳуқуқиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки дар оинномаи он дарҷ гардида буд, фаъолияти ин созмони сиёсиро мудом арзёбӣ медорад.
Тӯли даврони сулҳу осоиштагӣ дар кишварамон омилҳои иқтисодии ҲВМЭТ таҳти талошҳои Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон амалӣ шуда истода, дар марҳилаи кунунӣ барои аз кишвари аграрӣ ба кишвари аграрӣ-саноатӣ табдил ёфтан кӯшишҳо рафта истодааст. Аммо бояд гуфт, ки барои татбиқи ҳадафу ормонҳои миллии мо бояд неруи ояндасози ҷомеа аз як гиребон сар бароварда, баҳри ояндаи дурахшони Ватани азизамон, ҷидду ҷаҳд намоянд.
Вобаста ба омилҳои иҷтимоӣ ҳаминро гуфтаниам, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ҳоло ҳам саъю талоши бештар мебояд. Дар ин росто, сарватмандону соҳибкороне, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ рушд карда, соҳиби сармояи кофӣ шудаанд, акнун ба хотири ободиву пешрафтҳо дар Ватани азизамон ташаббускор бошанд. Ҳамзамон, барои рушду инкишофи ҷомеа бояд кадрҳои арзанда ба талаботи замонро тарбия бинмоем. Имрӯз дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо ба бунёди беҳтарин муассисаҳои замонавии таълимӣ муяссар гардидаем, аммо барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бояд мақому манзалати омӯзгорро баланд бардорем. Яъне, дар баробари баланд бардоштани масъулияти касбӣ барои омӯзгорон музди маоши баланду шароитҳои беҳтари корӣ фароҳам биоварем.
Омилҳои фарҳангии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ин дастовардҳои мо дар самти бунёдгузории муассисаҳои муҳташами фарҳангї, сар аз осорхонаву театр ва боғҳои фарҳангӣ ва рушди самтҳои дигари соҳаи фарҳанг мебошад. Ҳоло замони боз ҳам бозомӯзиҳо ва ташаббусҳои муҳим ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷомеа фаро расидааст.
Омилҳои ҳуқуқии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ин баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиноси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тарбияи насли наврас ва ҷавонони омода барои хизмати содиқона дар сохторҳои қудратӣ ва дигар иқдомҳои ҷадид мебошад.
Умуман ҳадафу рисолатҳои пешгирифтаи ҲВМЭТ барои даҳсолаҳои оянда ҳам муҳим ва мавриди татбиқ бояд қарор дошта бошад. Чуноне ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби адибону сиёсатшиносон ва шахсиятҳои маъруфи кишвар барои суҳбату вохўриҳо ба минтақаи Рашт, ВМКБ ва дигар навоҳии кишвар сафар намуда, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ба мардум мефаҳмонидем, фикр мекунам, имрӯз ҳам мардум, ба вижа насли ҷавон, ба ҳамон гуна суҳбатҳои таконбахшу мафкурасозии зиёиёну нухбагони миллат ниёз доранд.
Хулоса, рисолати Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба хотири амалисозии омилҳои дар боло зикргардида бояд идомадор бошад, то ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ тарбия намуда, наслеро ба воя бирасонем, ки дар рушду пешрафти мамлакат ташаббускор ва омодаи ҷонфидоӣ дар роҳи Ватан бошанд. Чаро ки дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва авзои сиёсӣ дар минтақа, ки аз хатари гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҳатто кишварҳои қудратманди ҷаҳон ҳам изҳори нигаронӣ доранд, мавзӯи тақвият бахшидани ғояҳои ватандӯстӣ, бедор намудани ҳуввияти миллӣ ва масъулиятшиносии ҷомеа аз вазифаҳои меҳварии фаъолони ҷомеа, аз ҷумла пайравони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
- Чун дар арафаи санаи таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қарор дорем, ба ҳамватанонамон чӣ таманно доред?
- Бигзор сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамини муқаддаси Тоҷикистон то ҷовидон пойдор буда, мардуми заҳматқарини меҳани азизамон дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири рушду тараққиёти кишвар ба муваффақиятҳои бузург ноил гарданд. Миллати тамаддунофари мо дар ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра ташаббускор ва дар рушду беҳбудии ҳаёти башарият нақши пешоҳангӣ дошта бошанд.
Мусоҳиб
Ҷамолиддин САЙФИДДИН