Ин бор сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи корхонаи маъдантозакунии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» оғоз шуд. Корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан дар 4 марҳила сурат мегирад. Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Ин сафар ба мардуми деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ фараҳ овард. «Қасри паҳлавонони суғдӣ» ва майдончаи бозии футболи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2, Беморхонаи минтақавии № 2, ҳамчунин майдони Парчами давлатӣ дар деҳот, бинои Қасри фарҳанг, Коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ ба истифода дода шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 20 нафар ҷавондухтарону бонувони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин ва ҳамчунин ҷиҳати соҳибкасб гардидани хоҳишмандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шудааст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандӣ либосҳои ягонаи мактабӣ, тиббӣ, номгӯи гуногуни либосҳои занонаву мардона, либосҳои арӯсию ҷашнӣ ва ҷиҳози хона барои манзили зисту корхонаҳо мувофиқи дархости мизоҷон омода мегардад.
Дар доираи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳаи Урметан дидан карда, бо деҳқонону сокинон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Дар ноҳияи Айнӣ 1360 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд ва кишоварзон бо истифодаи мақсадноки заминҳо баробари таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти тару тоза, дар дастрасии сокинони ноҳияҳои атроф бо маводи худӣ саҳми назаррас доранд.
Дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи металлургии мисгудозӣ, пойгоҳи кислороди адсербтсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов, полоишгоҳи рақами 3 дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки «Зарафшон» оғоз бахшиданд. Коргоҳи мазкур, ки ба истеҳсоли миси стандарти катодӣ машғул аст, иқтидори коркарди 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тиллоро дар як сол дошта, маҳсулоти ниҳоии аълосифатро аз он истеҳсол менамояд.
Чун аъана Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар шуда, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар шаҳри Панҷакент бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бӯстон, Айнӣ, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварданд. Нахуст дар мавзеи Хуррамдара иншооти нави обрасониро мавриди истифода қарор дода, аз нашъунамои картошка дар Хоҷагии деҳқонии «Нур» шинос шуданд.
Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристон парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ба истифода доданд. Масоҳати умумии парваришгоҳ 200 гектар буда, ин мавзеъ барои парвариши ҳайвоноти нодир иқлими мусоид дорад. Дар парваришгоҳи навтаъсис асосан ду намуд ҳайвони нодир - оҳуи аврупоии лан ва гӯсфанди шохдори муфлонӣ парвариш ва нигоҳубин карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки татбиқи ҳадафҳои созанда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо босуръат идома дошта, бо як сафари Сарвари давлат даҳҳо иншоот кушода шуда, баҳри беҳгардонии аҳволи мардум равона мегардад.
«Бонувони Тоҷикистон»