Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои муқаддасест, ки баъди талошу ҷонфидоиҳои фарзандони фарзонаи миллат баҳри барқарор намудани ҳокимияти қонунӣ ва эътимоду пайравии мардуми азияткашидаи ин сарзамини муқаддас аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари ҷавони Тоҷикистони тозаистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Биноан, бо гузашти вақт, омӯзиши таърихи халқу саргузашти талхи миллати куҳанбунёд ва тамаддуни давлатдории ниёгон аз аҳди Пешиниён то Ориёиҳо ва Сомониёну дигар сулолаҳои давлатдории тоҷикон аҳамияти бештару бештар пайдо мекунад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд:
«Дар бораи аҳамият ва нақши муҳими Созишномаи сулҳи тоҷикон барои мардуми тоҷик ва, умуман, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи нодир будани он муҳаққиқону муфассирон андешаҳои зиёде гуфтаанд, роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ онро тавсиф кардаанд. Доир ба аҳамияти Созишномаи сулҳ ман дар як суханронии худ гуфта будам ва дар ин рӯзи муборак мехоҳам бори дигар такрор намоям, ки қадру манзалати санади сулҳи мо баробар бо Эъломияи истиқлолияти мост. Чунки, яке агар барои мо мустақилият оварда бошад, дигаре дар сарзамини азиятдидаи мо сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намуд».
Ноҳияи собиқ Коммунистӣ, баъдтар Бохтар, имрӯза Кӯшониёни вилояти Хатлон, ки яке аз нуқтаҳои даргириҳои сиёсӣ ба ҳисоб рафта, ҷуғрофиёи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз атрофи он ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон доман густурда буд, сокинонаш бар асари ҳодисаҳои нангин аз ҳама бештар хисороти моливу ҷонӣ диданд. Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Кӯшониён Сафар Ҳалимов, ки он шабу рӯз ба ҳайси мудири шуъбаи фарҳанг фаъолият дошт, баъди ҳодисаҳои майии соли 1992 масъулияти Ситоди ҷонибдорони ҳокимияти қонунии ноҳияро бар зимма гирифт.
-Дар оғоз роҳбарони ду ҷабҳаи мухолифи ноҳияҳои Вахшу Бохтар ба мусолиҳа омада буданд, ки ба хотири пешгирӣ аз низоъ ва харобкориҳо, нагузорем, ки нафарони бегонаву фитнагаре дар ҳудуди ин ду ноҳия шуда, вазъиятро ноором гардонанд, - иброз дошт Сафар Ҳалимов. - Аммо дар миён гурӯҳҳои силоҳбадаст аз дигар минтақаҳо вориди водии Вахш шуда, ба сӯи ду ҷониб тир кушоданд ва ҳамин сон, мардумро ба ҷони ҳам андохта буданд, ки пас он, то Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон касе натавонист оташи ҷангро хомӯш созад. Асоси ҳодисаҳои шаҳрвандӣ аз муборизаҳои сиёсӣ барои ба даст овардани ҳокимият маншаъ мегирифт, ки баъзе мансабталошон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ноҷавонмардонаи худ ҷомеаро ба гумроҳиву харобкориҳои хонаву зодгоҳи ҳамдигар мекашиданд. Ҳол он ки дар он солҳо сатҳи зиндагии мардум хубу шоиста буд, агар ҳодисаҳои нангин пеш намеомаданд, бемуҳобо имрӯз мо аз лиҳози вазъи иҷтимоӣ дар сатҳи кишварҳои пешрафта қарор доштем.
Ҷанг на танҳо боиси тахрибу оташсӯзии деҳу рустоҳои обод, балки сабаби аз байн рафтани иқтисодиёти дар ҳоли рушд, таназзули соҳаву сохторҳои пешрафта гардид, аз худ беш аз саду панҷоҳ ҳазор куштаву яку ним миллион гурезаро дар ақсои олам ба мерос гузошт. Аз ин рӯ, бояд дар баробари таҳкими дастгоҳи идеологӣ, ҳамзамон, самти тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавононро тақвият бахшид, то фирефтаи ҷангҷӯёну фитнагарон нашаванд. Мутаассифона, имрӯз он ҳама ҳодисаҳои ба сари мо омада дар кишварҳои минтақа такрор шуда истодаанд.
Баъди иқдомҳои миллатдӯстонаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ, нахустин гурезаҳоро дар соҳили дарёи Панҷ истиқбол гирифтем, ки 47 нафари онҳо сокинони деҳаи Шмити ноҳияи мо буданд. Воқеан, баргардондани аввалин гурезаҳо ва таъмини бехатариву пешгирӣ аз фишори баъзе силоҳбадастон нисбат ба муҳоҷирони аз ғурбат баргашта, масъулияти ҷиддиро талаб мекард, ки самараи он ба оғози раванди сулҳи тоҷикон таъсири ниҳоят бузург дошт. Аммо иродаи бузурги роҳбарияти олии кишвар, ҳисси баланди масъулиятшиносии фаъолони минтақа дар таъмини амнияти ҳамватанон бар қиболи иғвоангезиҳои неруҳои бадхоҳ ғолиб омад, ки давра ба давра муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргаштанд.
То оғози раванди баргардондани гурезаҳо чандин бор намояндагони онҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ноҳия омада, бо мардум суҳбатҳои рӯ ба рӯ мекарданд, то итминон ҳосил кунанд, ки то куҷо Ҳукумати навтаъсис кафолати амнияту осоиштагии мардуми ба зодгоҳашон баргаштаро дода метавонад. Ёд дорам, зимни сафари як ҳайати иборат аз намояндагони СММ ва муҳоҷирони иҷборӣ собиқ корманди шуъбаи фарҳанги ноҳияи вақти Қумсангир акои Бадавлат иқрор шуда буд, ки баъди бозгашт ба Афғонистон наметавонист воқеиятро миёни гурезаҳо ошкоро гӯяд, зеро гурӯҳҳои фурсатталаб аз ҳисоби кумакҳои барои гурезаҳо фиристодаи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хайрхоҳ фоидаи шахсии ҳангуфт медиданд. Аммо қавл доданд, ки дар алоҳидагӣ миёни сокинони хаймаҳои он сӯи Ому кор хоҳанд бурд, то ҳар чи зудтар ҳамватанонамонро ба хонаҳои худ баргардонанд.
Дар ин миён, дар баробари саъю талошҳои Роҳбари давлат барои ба ҳам овардани мардум ва маҳбубияти барномаи радиоии «Хоки Ватан», инчунин, як гурӯҳ ташаббускорон ва нахустин сокинони ба Ватан баргашта, аз соҳили дарёи Панҷ истода, тавассути баландгӯяк гурезаҳои он сӯи дарё бударо ба Ватан даъват мекардем. Баъдан, мардуми он тарафи соҳили дарё низ, бо истифода аз баландгӯяк бо хешу таборони дар Ватан қарор доштаашон гуфтугӯ мекарданд. Аз он рӯзҳои пурэҳсоси бозгашти муҳоҷирони иҷборӣ гиряҳои ҷонгудози мардуми азияткашида пеши назар меоянду ҳам лаҳзаҳои ширину зарофатҳои намакини мардумӣ, - ба ёд меорад Сафар Ҳалимов.
- Ёд дорам, як рӯзи сахти такопӯ андар мушкилиҳои баъдиҷангӣ, баромади як сокини аз деҳаи собиқ Ворошиловро тариқи радио шунида, бори аввал баъди ҳодисаҳои шаҳрвандӣ як хона одам аз таҳти дил хандида будем; «Бародарони ҷун, ба гуфтаи хаймабонҳо бовар накунед! Ҳар чи зудтар ба Ватан биёед, ки дар деҳаамон Холмурод тахтаву шифер, орду равған ва дигар кумакҳои ройгон тақсим карда истодааст. Тезтар биёен!…»
Сафар Ҳалимов дар он солҳо илова ба масъулиятҳои муҳими давлатӣ - ҷобаҷогузорӣ ва ҳифзи амнияту таъминот бо манзилу дигар эҳтиёҷоти гурезаҳоро бар зимма дошт, ҳамзамон, нозири Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ба ҳисоб мерафт. Ин буд, ки сокинони гуногунқавму миллати ноҳия ӯро мисли падар ё фарзанд ва бародари ҷонии худ дӯст доштаву дар симои ӯ пуштибону ғамгусори худро медиданд. Коргардони касбӣ мардумро аз рамузи гуфтору ҳатто сукути чеҳраашон мешинохт ва дар лаҳзаҳои сангини ҳаётӣ ба ниёзмандон дасти мадад мерасонду нафари ба шикасту дилозурдагӣ уфтодаро бо сухани таскинбахше ба зиндагӣ дилгарм месохт.
Лаҳзаи варақгардонии дафтари хотираҳо мусоҳиб аз корномаи ҳампешагон дар масири барқарорсозии харобаҳои ҷанг ва ташаббусҳои наҷибашон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, нахустин сафарҳои ҳунарӣ ба дидори кӯҳканҳои нақби Уштур, имрӯза «Истиқлол», роҳандозии фестивалу маҳфилҳои ҷолиби фарҳангӣ, бунёди аввалин осорхона ба ифтихори бузургдошти Носири Хусрав ва ҳаракати нахустин Корвони маърифатӣ аз ноҳияи Қубодиён ба саросари Тоҷикистон ва то рустои Юмгони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ёдовар гардид.
- Сокинони шарафманди кишварамон ҳар як ташаббуси ояндасози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷону дил пазируфта, бо ифтихору фараҳмандӣ дар бунёди роҳу пулу нақбҳои таърихӣ ва дигар корҳои бузурги созандагӣ саҳми худро мегузоштанд. Умуман, он ҳама саъю талошҳо ба хотири баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ, барқарорсозии харобаҳо ва дигар иқдомҳои наҷиб аз корномаҳои мондагори нахустин дастпарварони мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат аст, ки дар раванди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми худро гузоштаанд,- дар хотимаи суҳбат гуфт Сафар Ҳалимов.
«Бонувони Тоҷикистон»