Дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Масъалаи баробарҳуқуқии мардон ва занон ҷиддӣ ва таркибӣ мебошад. Дар ҷомеаи инсонӣ, хусусан ҷомеаҳои суннатӣ, дар мавриди мавқеи занон баҳсу андешаҳои гуногун ба амал меоянд. Муҳим аст, ки масъалаи баробарии занону мардон дар ҳамин маънӣ ва калидӣ дида шавад. Барои чӣ ин масъала ба вуҷуд омад? Чӣ водор сохт, ки онро ба майдони баҳс ворид созем?
Таърихи пайдоиш
Масъалаи баробарии мардону занон дар асри ХIХ ҳамчун ҳаракати суфражистӣ дар Англия ба миён омад. Бори аввал аз ҳуқуқҳои занон сухан рафт, ки ба кори якхела маоши якхела муқаррар карда ва соати корӣ баробар бошад. Занон ҳамчун узви ҷомеа дар интихобот ҳуқуқи интихоб карданро пайдо намуданд, ки то ин муддат надоштанд. Соли 1893 бори нахуст дар Зеландияи Нав ин ҳуқуқ қонунӣ гардид.
Аввалин маротиба занон ҳамчун олим шинохта ва эътироф гардиданд, чунончи, Мария Складовская – Кюри соли 1903 ба мукофоти Нобел сазовор гашт. То ин давра занон ҳамчун ҳамсари нафаре муаррифӣ мешуданд. Ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб бо номи худ асар навишта, пешниҳод карда наметавонистанд. Махфӣ – Зебуннисо ва Амандина Аврора Люсил Дюпен - нависандаи франсуз Жорж Санд исботи ин гуфтаҳост.
Ҳаракати сиёсии занон ба он оварда расонд, ки дар Копенгаген бо пешниҳоди коммунистон Клара Сеткин ва Роза Люксембург як рӯз ҳамчун рӯзи байналхалқии занон эълон шуда, занон барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ муттаҳид шаванд. Аввалин маротиба дар Россия занон 8 марти соли 1914 ба кӯчаҳо баромада, ин рӯзро ҷашн гирифтанд. Танҳо бо ғалабаи инқилоби сотсиалистии Октябр дар Россия масъалаи баробарҳуқуқии занону мардон ба таври доимӣ ва мунтазам роҳи ҳалли худро ёфт. Яке аз нахустин декретҳои Ҳокимияти Шуравӣ занонро бо мардон баробар донист, ҳуқуқ ба меҳнат, таҳсил ва табобатро пешниҳод кард.
Соли 1921 Ҳукумати Шуравӣ 8 мартро ба сифати Рӯзи расмии муборизаи занон барои ҳуқуқҳои худ эълон дошт. Ин таҷрибаи шуравӣ дар Аврупо, Чин, Вйетнам ва Куба ҳамовозӣ пайдо кард. Соли 1966 бошад, рӯзи истироҳат эълон шуд.
Амалҳои Ҳокимияти Шуравӣ такон барои ҳаракати озодихоҳии мардуми ҷаҳон ва тағйирёбии муносибати давлатҳои капиталистӣ ба масъалаи занон гашт.
То омадани ислом ба Мовароуннаҳр занон аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдор буданд. Дар ин бора Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳукмронии малика Томирис мисол шуда метавонанд. Баъди гузашти асрҳо танҳо дар соли 1924, дар Тоҷикистон низ занону мардон баробарҳуқуқ дониста шуданд. Соли 1928 аввалин вазирзан Ӯғулой Шамсиддинова таъин шуд. Ҳаракати ҳуҷум барои бо мактаб фаро гирифтани занону духтарон, фаранҷипартоӣ, ба кор ҷалб шудани занон ва депутати Шурои Олии СССР интихоб гардидани занон аз саҳифаҳои дурахшони фаъолияти замони шуравӣ мебошанд. Иттиҳоди Шуравӣ ба қабули санадҳои байналмилалӣ низ таъсир расондааст. Пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ доир ба занон то соли 1991 бо ташаббуси шуравиҳо сурат гирифтааст. Чунончи, Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз соли 1979 бо ибтикори СССР қабул гашта буд. Дар Иттиҳоди Шуравӣ ҳама гуна ҳуқуқҳои занон ҳамчун инсон таъмин карда шуда буд ва аврупоиҳо аз онҳо меомӯхтанд.
Занон ва замони Истиқлол
Тоҷикистон баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, ҳарчанд ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва мафкуравиро (коммунистӣ ва исломӣ) аз сар гузаронд, барои дифоъ аз ҳимояи ҳуқуқҳои занон содиқ ва пайгирона муносибат дошт. Аввалин ҳуҷҷатҳо ва дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» буд. Барои ин муҳим буд, ки духтарон таҳсилгирифта бошанд ва квотаҳои президентӣ барои ҷалби духтарон аз минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, хусусан аз оилаҳои камбизоат ба роҳ монда шуд, ки аллакай натиҷаҳои он эҳсос мешаванд.
Барномаҳои давлатӣ, Стратегияи миллӣ оид ба тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби занон, ба шуғл фаро гирифтани занон аз корбариҳои воқеӣ ва ҷиддӣ дар ҷалби духтарон ба вазифаҳои муҳими давлатию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ гардиданд. Мақомоти гуногунсатҳи кишвар муқобили хурофоти исломӣ чораандешӣ намуда, ҳуқуқҳои инсонро ҳимоя мекунанд. Баробарҳуқуқӣ аз ҳуқуқҳои якхела барои гирифтани таҳсил, табобат, меҳнат, оила бунёд кардан, дар интихобот ширкат варзидан ва интихоб шудан иборат аст, ки он дар Тоҷикистон амалӣ мегардад. Имрӯзҳо соҳае нест, ки дар он бонувон ширкат надошта бошанд ва комёб нагарданд. Дар соҳаи маориф 73, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдор 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоот қариб 40 дарсад занон мебошанд.
Раъно БОБОҶОНИЁН,
доктори илмҳои филологӣ