Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кард. Қатъномаро дар ин хусус 153 давлати узви ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ якдилона қабул намуд. Боиси ифтихор аст, ки панҷ ташаббус вобаста ба оби Сарвари давлати тоҷикон ба СММ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуд.
Аз ин навид сокинони ноҳияи Ванҷ шоду мамнун гаштанд. Чунки пиряхҳои азамати Федченко ва Хирсон, манбаъҳои бузурги обҳои тоза, ба лаҳҷаи мардуми бадахшонӣ лозурҳо, дар фосилаи роҳи қариб сад километраи маркази ноҳия, шаҳраки Рохарви мавзеи Абдулқаҳҳор, аниқтараш 25 километр болотар аз охирин рустои водии Ванҷи Боло - деҳаи Пои Мазор ҷойгузин гардидаанд. Сокинони ин марзу бум аз чунин боигариҳои табиати сарзамини маҳбуби худ ифтихор мекунанд. Ободӣ ва зебоиҳо, сарсабзии боғистонҳову ҷангалзорҳо ва киштзорон аз оби лозурҳост…
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷаҳонгардони хориҷӣ аз ақсои олам ва меҳмонони бисёре аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба тамошои муъҷизаҳои беҳамтои табиати ин диёри фарози кӯҳсорон, меоянд. Онҳо аз тамошои табиати дилфиреби ин минтақаҳо, ҳавои беғубор, дидани деҳоти ободу шукуфон, киштзорони ҳосилхез, боғҳои пурмева, ҷангалистонҳои анбуҳ ва пуштаҳову марғзорҳои сералафи пур аз рустанӣ ва гиёҳҳои шифобахш ба ваҷд меоянд.
Сокинони ноҳия ёдовар мешаванд, ки соли 2015 бо иштироки Сарвари давлат дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Рованд, мавзеи Вишхарвак, дар он маконе, ки забонаҳои каб-кабуд ва андаке сафедгунаи зери шуои Офтоб ҷилодори лозурҳо, ин муъҷизаҳои беҳамтои табиат баръало намоёнанд, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Муфарраҳ Муҳаббатов, Розтиқ Гиёев ва Васила Ғафурова марказҳои хизматрасонӣ, пеш аз ҳама, маконҳои буду бош барои сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ, аз он ҷумла фароғатгоҳи «Ванҷи Боло», меҳмонхонаву тарабхона ва корхонаи саноатии истеҳсоли равғани ангат ва чормағз сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Зарур ба ёдоварист, ки то соли 1991 дар подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон марказҳои илмӣ - тадқиқотии «Хрустал» ва «Далний» амал мекарданд. Генераторҳои дизелии тавлидкунандаи неруи барқ ва таҷҳизоти омӯзишии ҳолати пиряхҳо бенуқсон шабу рӯз дар ҳолати истифодабарӣ буданд. Мутахассисони соҳа ҳамарӯза ба шаҳри Душанбе алоқаи радиоӣ дошта, аз ҳолати пиряхҳо ва вазъи боду ҳаво хабар медоданд. Вале баъзе ашхоси бадкор дар солҳои нобасомони 90 -ум шаҳрчаи геолог ва тадқиқотнишинонро вайрону валангор намуда, чӯбу тахтаи онро ба яғмо бурданд.
Қариб се сол аст, ки роҳу пулҳои сӯи ин манбаъҳои обҳои азими на танҳо кишвар, балки Осиёи Марказӣ аз деҳаҳои Ванван, Змахсум ва Пои Мазор то буни пиряхҳо вайрону валангор шудаанд. Мушкилоти баамаломада боиси он гаштааст, ки рафту омади деҳнишинон ба подомони пиряхҳо камтар гардидааст. Бо сабаби набудани пулҳо солҳост, ки танҳо шикорчиён ва баъзе сокинони табиатдӯст ва шахсоне, ки аз баландиҳои ин мулки кӯҳистон, макони ҷойгузинии лозурҳо рустанӣ ва гиёҳҳои нодири дорувориро ҷамъ меоваранд, аз вазъияти пиряхҳо маълумот оварда мерасонанду халос.
Хушбахтона, дар наздикии ҳудуди пиряхҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кони бузурги мармари беҳтарин аз ҷониби геологҳои тоҷик кашф шудааст. Ба гуфти мутахассиси ин соҳа Назриддин Асоев, яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мармари қиматбаҳои мавзеи Пои Мазорро коркард карда истодааст ва ин ҷо корхона бунёд менамояд. Аз ҷониби ширкати номбурда ва як ширкати ватанӣ ба ҷониби ин манбаъҳои сангҳои қиматбаҳо, ки дар наздикии пиряхҳои Федченко ва Хирсон воқеъ мебошанд, роҳи мошин сохта, онҳо биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ низ, бунёд кардаанд. Ҳамчунин, хатти барқи 35-киловолта кашида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид баён намуданд, ки тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми зиёда аз 40 соли охир, бо сабаби гармшавии иқлим, зиёда аз 1000 пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо назардошти чунин вазъ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ мондааст. Олимони АМИТ дар ин баландиҳо ва дуриҳои водии Ванҷи Боло тадқиқоти илмӣ бурда истодаанд.
Вазорату идораҳои масъул, дар навбати аввал Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо ва вазифаҳои бамиёнгузоштаи Роҳбари давлат¬ро ба ҷо оварда истодаанд. Пеш аз ҳама, роҳу пулҳоро то ба домони пиряхҳои ҳазорсолаи азамати Федченко ва Хирсон ва қуллаҳои баланди Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино аз нав барқарор менамоянд. Ҳамчунин, назорат аз вазъи лозурҳо хеле беҳтар мегардад. Фаромӯш набояд кард, ки пиряхҳо - манбаъҳои азамати обҳои мусаффои мамлакат дар баробари сер¬обу шодоб кардани киштзорону боғот ва дигар ободкориҳо метавонанд, бо сабаби гармшавии иқлими солҳои охир, харобкориҳоро низ, ба миён биоранд ва аз ин ҷост, ки лозурҳо саҳлангориро намеписанданд. Ташкилшавии Маркази тадқиқоти пиряхҳо ва обод кардани роҳу пулҳо ба он мусоидат менамоянд, ки ҳолати ин манбаъҳои бузурги обҳои мусаффо мунтазам таҳти назорат бошад.
Айёми баҳорон пиряхҳо хомӯшу беҳа¬ракатанд, аммо фасли тобистон боз сукути лозурҳо бо гарм шудани ҳаво шикаста мешавад. Аз ин ҷост, ки воқиф будан аз ҳолати пиряхҳо аз масъалаҳои муҳими рӯз аст. Ҳамчунин, барқарорсозии роҳу пулҳо ба домони на танҳо лозурҳои Ванҷи Боло, балки саросари Боми ҷаҳони тоҷик ба он мусоидат менамояд, ки ҳазорҳо нафар сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ имсолу солҳои минбаъда дучанду сечанд ба ин маконҳои пурмуъҷиза ташриф биоранд. Онҳо аз дидани манзараҳои дилангези табиати деҳоти водиҳои Ванҷи Боло ва Язгулом, алалхусус қуллаҳои сарбаланди Исмоили Сомонӣ, Абуалӣ ибни Сино, пиряхҳои бузурги Федченко, Хирсон ва дигар шоҳкориҳои ҳайратангези табиати ин гӯшаи назаррабои Тоҷикистон шоду мамнун мегарданд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
ноҳияи Ванҷ