Бигзор Душанбе бод саҷҷодаи ишқи мо,
Бо ҳам биравем охир бо ҷодаи нуронӣ.
фарзона
Оре, Душанбе ҳамчун шаҳри зебоманзар, ки дорои хиёбону гулгаштҳои фароху бавусъат, хонаҳои баландошёнаи мунаққаш, коху қасрҳои миллӣ, биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва боғҳои фароғатии сарсабзу шукуфон мебошад, ҳамчун ҷойгоҳу саҷҷодаи меҳру муҳаббат, зебоиву нафосат ва сидқу самимият мақоми арзандаеро ишғол мекунад. Пойтахти Тоҷикистони офтобрӯя, рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳу сол ба сол зеботару обод ва пурҷозиба мегардад. воқеан, дар хусуси таърихи пайдоиши шаҳри душанбе мадраку маълумоти зиёде мавҷуданд.
Муаллифони мақолаи «Душанбе - пойтахти РСС Тоҷикистон» И.С.Норкаллаев ва С.Мушаев дар бораи Душанбеи куҳан нигоштаанд: «Душанбе дар замони хеле қадим ба вуҷуд омада, бо бозорҳои серодамаш, ҳатто, берун аз қаламрави водии Ҳисор шуҳрат ёфтааст. Дар ибтидои асрҳои миёна дар самти шарқии водии Ҳисор вилояти Шумон ҷой гирифта буд. Шумон дар роҳи тиҷоратие меистод, ки Чағониёнро (дар водии Сурхондарё) бо Вахш ва Хутал мепайваст. Таърихнигорон тахмин мекунанд, ки пойтахти Шумон дар ҷои Душанбеи ҳозира воқеъ гашта буд».
Муҳаққиқ Б.Н.Литвинов дар бораи шаҳри Душанбе мақолаҳои зиёде дорад. Аз ҷумла, дар яке аз навиштаҳояш омада: «Дар байни хонаҳои зичи шаҳр, қад-қади кӯчае, ки аз назди қалъа сар шуда, ба боло, ба тарафи Варзоб тул мекашад ва ба дашти васеи ҳамҳудуди шаҳр мебарояд, осори девори қалъаи қадимаро дидан мумкин аст. Ба назарам чунин менамуд, ки девор аз хишти хоме сохта шудааст ва қисман қалъаи Самарқандро ба хотир меоварад». Дар ин байн далелҳои овардаи муҳаққиқон М.Андреев (соли 1926) ва мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии Тоҷикистон Е.В.Земайл (с.1959) ҷолиб мебошанд. Аз ҷумла, Е.В.Земайл дар мақолаи худ дар хусуси дар ҷойи Душанбеи ҳозира дар асрҳои XI-XIII мавҷуд будани шаҳри ободу зебо далелҳои зиёд овардааст:
«Қадимтарин осори зиндагии одам дар ҳудуди Сталинобод ба давраи охирини асри санг-неолит дахл дорад, ки онро «асри нави санг» ҳам меноманд. Дар мавзеи пойтахти кишвари мо ва атрофи он дар асри биринҷӣ ҳам одамон зиндагӣ мекардаанд. Табари биринҷие, ки дар ҳудуди деҳаи Арақчин (ноҳияи Варзоб) ёфт шудааст, дар ҳамин хусус нақл мекунад. Ҳамчунин, олими тоҷик Шарқӣ Юсуфов дар асараш – «К истории дореволюционного Душанбе» (с.1988) дар бораи қадимӣ будани шаҳри Душанбе зикр мекунад:
«Душанбе дар гузашта маркази бузурги савдо будааст. Бостоншиносон тангаҳои асрҳои XV ва оғози XVI-ро ёфтаанд, ки онҳоро дар шаҳрҳои мухталиф сикка задаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки роҳи тоҷирони бисёр кишварҳо аз Душанбе мегузаштааст». Хуллас, таҳқиқоти анҷомдодаи муаррихон ва бостоншиносон гувоҳӣ медиҳанд, ки Душанбе таърихи зиёда аз 2000-сола дорад. Пойтахти ҷумҳурӣ дар даврони шуравӣ хеле рушд ёфта, дар ҳудуди он биноҳои донишгоҳу донишкада ва омӯзишгоҳу коллеҷҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, кинотеатру театрҳо, меҳмонхонаю китобхонаҳо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Хусусан, соҳаҳои илму маориф ба таври бесобиқа такомулу инкишоф ёфтанд, ки дар ин ҳама пешравию дигаргуниҳо саҳми фарзандони баруманди кишвар: устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода хеле бузург аст. Вале рӯйдодҳои охири солҳои 90-уми асри ХХ, бенизомӣ, дар майдонҳо ҷамъ омадани одамон ва ниҳоят, бо иғвою дасисаи мансабталошу қудратталабон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шудани мамлакат ба решаи ободкорию пешрафт ва сулҳу амонӣ зарбаи ҳалокатбор ворид сохт. Табиист, ки ин ҷангу хунрезиҳо раванди бунёдкорию созандагиро дар ҷумҳурии тоза ба истиқлол расида боздоштанд. Душанбе макони ноором ва ҷангу набардҳо қарор гирифта, идораи давлатӣ фалаҷ гардид.
Хушбахтона, баъди Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат интихоб шудани фарзанди фарзонаю иродатманди Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст пеши ҷангу хунрезиҳо гирифта шуд, сипас, сулҳу ваҳдат дар кишвар таҳким ёфт ва ин ҳама замина гардид барои ба роҳ мондани раванди созандагию бунёдкориҳо. Дар баробари вусъат ёфтани сохтмони иншооти ҳаётан муҳим, Душанбе марҳала ба марҳала рушд ёфту корҳои бунёдкорӣ густариш пайдо карданд. Инак, аз он айёми даҳшатбор 32 сол сипарӣ мешавад. Дар пешрафту ободонии пойтахт Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши барҷаста доранд.
Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол бо маҷмааҳои саломатӣ ва варзишгоҳҳо «Шаҳри солим», бо бунёду таъсиси корхонаҳои муосир «Шаҳри иқтисоди сабз», бо биноҳои зебову замонавӣ «Шаҳри дилоро», бо гулбоғу хиёбонҳои гулрез «Шаҳри гулҳо», бо пайкори ҷавонон дар баргузории фестивалҳо «Шаҳри ҷавонӣ», бо тарғибу ташвиқи хондану омӯхтан макони «Фурӯғи субҳи доноӣ», макони «Илм – фурӯғи маърифат», бо нишон додани маҳорату истеъдод «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва бо шаҳрвандони дилкушоду меҳмоннавозаш «Шаҳри дилҳо» тавсиф мешавад.
Дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи «Шаҳри сулҳ», Шаҳри сайёҳӣ», пойтахти фарҳангии ИДМ машҳур асту шинохта ва аз ҳама муҳим силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи мушкилоти об дар сайёра «Раванди оби Душанбе» ном гирифтааст. Дар соли 2024 макони баргузории конфронси байналмилалӣ оид ба об мешавад. Ҳамчунин, конфронси байналмилалӣ бахшида ба Соли ҳифзи пиряхҳо дар соли 2025, ки ин қатъномаи СММ бо ташаббусу пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, дар Душанбе баргузор мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки 27 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ифтитоҳ карданд ва Донишгоҳи мазкур бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тарҷумонӣ ва омӯзгорӣ дар пешрафти кишварамон ва муаррифӣ шудани пойтахти он - шаҳри Душанбе дар арсаи байналмилалӣ нақши назаррас мегузорад.
Бале, ояндаи пойтахт бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо корбарии раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ва сокинони шарифаш дурахшон аст, ки то бод чунин бодо!
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода