Шукӯҳи ҷашнвораи ҷаҳонии Наврӯзро пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии Созмони Милали Муттаҳид «Харита барои соли 2025: Соли ҳифзи пиряхҳо» ҷилои тоза бахшид. Пешниҳоде, ки фарогири манфиатҳои тамоми сокинони сайёра буду ба амнияти кишварҳо нигаронда. Сарвари давлати тоҷикон ҳадафи Ҳукумати Тоҷикистонро бо асноди сареҳ дар шинохти авзои ҷаҳони муосир баррасӣ намуда, андешидани тадбирҳои қатъиро дар пешгирии раванди обшавии пиряхҳо ба хотири устувории ҷомеаи инсонӣ ва рушди иқтисодии мамлакатҳо асоснок намуд. Ва тамоми ҳафта дар сархати ахбори ВАО-и ҷаҳон гузориш ва натиҷагирӣ аз пешниҳоди муҳиму саривақтӣ ва гуманистии роҳбари Тоҷикистон пахш мешуд. Шунидани ахбори хушоянд ифтихори моро аз Сарвари ташаббускор ва миллати мутамаддин садчанд мекард. Хосса корбасту муқаррар шудани ду маъракаи барои миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур, дар як рӯз: 21 март – Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва рӯзи ҳифзи пиряхҳо мояи фахр аст.
Дар замони амалу муноқишаҳои ҷаҳонсӯз андешаҳои ҷаҳонсози Сарвари давлати тоҷикон, ҳанӯз соли 2021 дар ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим рӯи кор омад. Ӯ зимни мулоҳизаҳо нуктаҳои муҳимеро, ки ҷомеаи инсониро ин замон ва дар оянда ба ташвиш хоҳад овард, ироа намуда буданд. Масъалаҳоеро ба муҳокима гузоштанд, ки амният ва тақдири ояндаи кишварҳоро муқаррар мекунад. Пеш аз ҳама, проблемаи обшавии пиряхҳо – сарвати бебаҳои оби ошомиданӣ аз муҳимтарин аст, ки чанд мушкилоти дигарро ба бор дорад. Обшавии пиряхҳо ва кам шудани об устувории минтақаҳои кӯҳистонро аз миён мебарад. Бо кам шудани оби рӯдҳо, ки аз пиряхҳо вобаста мебошанд, иқтисоди кишварҳоро ба зиёни ҷиддӣ мувоҷеҳ месозад, зеро миқдори заминҳои кишт ночиз мегардад. Ва паҳлуи аз ҳама муҳим, кам шудани ҳаҷми оби тоза фалокат барои сокинони рӯз аз рӯз афзояндаи сайёра хоҳад буд. Аз ин ҳама амнияти кишварҳо зери хатар монда, оби тоза сабаби муноқишаҳои байнидавлатӣ мегардад.
Бо дарки масоил, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77 қатъномаро дар бораи «2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо орои 153 кишвари узви СММ пазируфт. Дар натиҷа як қатор қарорҳои муҳим қабул карда шуданд:
• X Эълон гардидани 21 март - Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо;
• X Соли 2025 эълон шудани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
• X Соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо.
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон, ки намунаи барҷастаи ҳамгироӣ, ҳамкорӣ ва гуманизми олӣ ба шумор меравад, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазироии ҳамаҷониба дид. Ҳамзамон, онро тантанаи андешаи нек ва намунаи барҷастаи дипломатияи сатҳи ҷаҳонӣ метавон қаламдод кард.
Гомҳои устувори Тоҷикистон барои нигоҳ доштани басомони захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва ҳолати беҳдошти сайёра аз рӯзҳои нахусти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бармало буд. Дар доираи ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» аз тарафи ҷомеаи солим пазируфта шуд. Ташаббусҳои минбаъда «Дипломатияи об ё риштаи ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал: об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» пуштибонӣ пайдо мекунад.
Мавзуъ, муҳтаво ва мавқеи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалӣ ба муносибати андешамандона ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир: тағйирёбии иқлим, обхезӣ, ярчу тармафароӣ бар асари фалокатҳои табиӣ, обшавии пиряхҳо, мушкилоти таъминоти об бар асари афзоиши аҳолӣ бандубаст шудааст.
Воқеан, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест бо сарвати бебаҳои оби ширину пок, ки аз пиряхҳо сарчашма мегирад, дар ҷаҳон ҷойгоҳи хоссаро касб кардааст. Дар мамлакат 8492 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст. Бо вуҷуд, аз аввалинҳост, ки аз сарнавишти ояндаи инсон бонги изтироб мезанад ва фалокати ҷомеаи инсониро қабл аз ҳама дарк мекунад. Дар саргаҳи оби тоза аз падидаи номатлуби табиӣ огоҳ аст. Чуноне забонаки бузургтарин пирях Федченко дар 70 соли охир як км ақиб рафта, майдони фарогириаш 44 км мураббаъ кам шудааст. Бо вуҷуди аз миён рафтани беш аз ҳазор пирях боз ҳам дар 947 рӯду рӯдак 60 дарсади захираи обии гидроэнергетикии минтақа ҷорист. Обшавии пирях фалокати як ё якчанд халқияту миллат набуда, ба ҳама рабт дорад.
Дар ҳамин рӯшан мешавад моҳияти пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз табиати инсонгароёнаи миллати мутамаддин бархостааст. Ҳама дам дар андешаи сарнавишти ҳамсоягон ва инсоният будан. Сари вақт ҳалли масъала метавонад зиёнро андак намояд.
Дар ин раванд, дар назди мардуми тоҷик рисолати муҳимтаре меистад, ки ба поку беолоиш нигаҳ доштан ва истифодаи босамари об дар робита мебошад. Пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар сокини кишвар низ, нигаронда шудааст. Инак, рисолати бузургеро бар дӯш дорему пас:
Наҷоти об бар мо шуд вазифа,
Бар анҷомаш биё ҳиммат гузорем,
Садои об, садои зиндагонӣ,
Биё дилро ба ин наҷво супорем.
Шоҳона СУЛАЙМОН