09

Мая, 2025
Ҷумъа

09

Мая, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Наврӯзи Хоруғ ва марҳилаи рушд

 

aaa 8889

Муҳовара бо муовини раиси шаҳри Хоруғ Парӣ Ғуломҳайдарзода

Аз латофат ва тароватҳои Наврӯзи Хоруғ сухан мегуфтед!

Байни сокинони Хоруғ Наврӯз бо вожаи «Шогун», яъне «Шоҳгон» - яке аз номҳои бостонии ҷашни наврӯзи аҳди ориёӣ, ки маънои шоҳи ҷашнҳо, иди саид, хуҷаста, рӯзи нав ва соли навро дорад, маъмул аст. Наврӯзро «Хидирайём», яъне Ҷашни Бузург ва Ҷашни Сари сол ҳам мегӯянд.

Хонатаконӣ, тоза намудани ҳавлӣ, кӯчаю хиёбонҳо, зоҳиран ва ботинан пок будани ҳар як шахс, либоси нав ба бар кардан, оташафрӯзӣ (аловпарак), рангсозии тухми мурғ ва тухмбозӣ, килоғуз-ғуз - шоландозӣ, фоландозӣ, бахткушоиҳои наврӯзӣ, дуд намудани гиёҳҳои хушбӯй, бозиҳои наврӯзӣ, таомҳои наврӯзӣ, дуоҳои наврӯзӣ, салом-салом, аёдати калонсолон ва хешону пайвандон, ҷуфтбаророн, коштани донаҳои гандум дар табақ ва амсоли инҳо аз суннатҳои наврӯзии сокинонанд.

Кадбонуҳо дар адои маросимҳои наврӯзӣ мақоми меҳварӣ доранд. Барои кадбонуҳо, ки ҳамарӯза хонаро ҷорӯб мезананд, маросими хонатаконӣ дар ин рӯз махсус аст. Пас аз анҷоми хонатаконӣ кадбону ба рӯйи сутунҳои манзил «бун», яъне кафи орд мепошад. Вожаи «бун» маънои бунёд ва оғози амали хайрро ифода намуда, бо ин амали рамзиашон неруҳои аҳриманиро аз манзил берун ва ба даромади соли нав ва фариштаҳои некӣ ва накукорӣ омода мекунанд.

Агар аҳли хонаводае дар маҳал мусибатзада бошанд, ҳамсояҳо ё хешони наздик ба хонаашон омада, либосу анҷоми хонаи онҳоро шустаю пок месозанд, дар иҷрои кори хоҷагиашон кумак мекунанд ва онҳоро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намуда, ба истиқболи Наврӯз омода месозанд. Кӯшиш менамоянд, ки ғаму андуҳашонро сабук созанду онҳоро ба зиндагӣ дилгарм кунанд, то бо хушнудӣ ва шукргузорӣ Наврӯзро пешвоз гиранд.

Ба истиқболи Наврӯз мардум ба тозаву сафед кардани хонаҳо, боғу роғҳо, оташдонҳо мепардозанд ва дар рӯзи Наврӯз либосҳои наву тозаро ба бар мекунанду ҳамдигарро бо нидои «Шогун баҳор муборак!» табрик мегӯянду бо суханони «Бо рӯйи Шумо муборак!» таҳниятро қабул мекунанд, ки маънои дар рӯйи ҳамдигар дидани Наврӯз ва шодии наврӯзист.

Рӯзҳои наврӯзӣ шаҳр пур аз маросимҳои тӯю тамошост, зеро ақидае роиҷ аст, ки ҳар касе дар Наврӯз оила бунёд намояд, ҳеҷ як қувваи аҳриманӣ ба насли онон зиён намерасонад ва ин оила тамоми умр хушбахт мемонад ва фарзандони солеҳ ба дунё меоянд.

Наврӯз айёми авҷи ободонӣ ва бунёдкориҳо буда, корҳои ободонӣ дар шаҳр ба истиқболи Наврӯз аз Ҷашни Сада оғоз гардиданд.Дар он кулли сокинон ва кормандони идораву муассисаҳо ширкат варзида, насими Наврӯзи хуҷаста дар шаҳри тоза ва озода бо вусъати корҳои ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ бо тароват сайр дорад.

Авҷи тозаи бунёдкориҳоро дар шаҳр чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бунёдкорӣ ва созандагиҳо дар шаҳр равнақи тоза пайдо намуданд. Маркази ҷавонон, Чойхонаи миллӣ, Мактаби президентӣ, Театри вилоятӣ, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Коллеҷи тиббӣ, варзишгоҳи марказӣ бо 6 ҳазор ҷойи нишаст, манзилҳои истиқоматии нуҳошёна, корхонаи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи нишаст, Парчаму Нишони давлатӣ, биноҳои нави маъмурӣ ва муассисаҳои таълимию беҳдоштӣ, роҳҳои васеъ ва мумфарш аз зумраи бунёдкориҳои ин давра ҳастанд, ки симои маркази вилоятро комилан дигар сохтанд.

Бо мақсади беҳдошти шароити муассисаҳои маорифу тандурустӣ, нақлиёт, обёрӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, дастгирии соҳибкории экологӣ ва ҳавасмандгардонии «шуғли сабз» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд танҳо солҳои охир дар шаҳр 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор гирифта, ба маблағи 11 миллион доллари амрикоӣ корҳо дар ин самт анҷом ёфтанд.

Дар шаҳр Донишгоҳ, Пажӯҳишгоҳи инсон¬шиносӣ, пойгоҳи илмии кишоварзӣ таъсис ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бунёд шуд, ки мақоми шаҳрро ҳамчун маркази илму маърифат таҳким бахшида, самари шаҳдбори Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегарданд.

Набзи шаҳр дар сомонаи интернетии шаҳрдорӣ ҳам хуб эҳсос мешавад?

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ аз технологияи коммуникатсионии электронӣ фаъолона истифода мебаранд. Набзи шаҳрдорӣ ҳамарӯза дар сомонаи иттилоотии nigini khorug@ mail.ru инъикос меёбаду хонандагони сершумори сомона аз навгониҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ огоҳӣ меёбанд.

Дар баробари ин, ҳамаи кормандони сохторҳои шаҳрдорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла «Фейсбук» саҳифаи худро дошта, бо инъикоси хабарҳои тоза аз афкору андешаи хеш дар тарғиби сиёсати давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ саҳм мегузоранд.

Ба манзури дуруст истифода намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои кормандони мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот курсҳои омӯзишӣ ташкил гардиданд.Телевизиони Бадахшон дар хамкорӣ бо шаҳрдорӣ барномаи таҳлилӣ-иттилоотии «Набзи Хоруғ»-ро ба таври муназзам нашр менамояд, ки дар он ҳаёти рӯзмарраи шаҳр ба таври оҷилу шавқовар ва воқеӣ бозтоб меёбад.

Дастгирии ниёзмандон, маъюбон ва ятимон дар асоси дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авлавияти фаъолияти мақомоти шаҳрдорӣ буда, дар арафаи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллӣ расондани кумаки хайриявӣ ба ин қишри ҷомеа ба ҳукми анъана даромадаст. Дастгирии иҷтимии маъюбон, аз ҷумла таъмин намудани онҳо бо воситаҳои техникӣ вазифаи муҳим буда, дар давоми сол 2 аробачаи маъюбӣ, 2 дастгоҳи шунавоӣ, 2 асобағал, 1 адад роҳравак дастрас шуд.

Имкониятҳои рушди сайёҳии шаҳрро чӣ гуна мебинед?

Бадахшон як гӯшаи зебо ва нотакрори кишвари биҳиштосои Тоҷикистон буда, Хоруғ дар чорсӯйи самтҳои сайёҳӣ дар вилоят қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳамаи сайёҳоне, ки дар вилоят сафар мекунанд, албатта, ба Хоруғ меоянд ва зебоиҳои шаҳрро тамошо ва ба фарҳанги мардуми он шинос мешаванд. Дар шаҳр 17 ёдгории таърихӣ - фарҳангӣ тамошогоҳи меҳмонони дохилу хориҷи кишвар ба шумор меравад. Боғи нодири набототи Помир, ки намунаҳои зиёди олами набототи сайёраро гирд овардаст, яке аз маконҳои дӯстдоштаи диданӣ ва фароғатист.

Марҳилаи нави рушди Хоруғ чӣ гуна татбиқ мегардад?

- Таъмин гардидани амният ва суботи комил ба рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр шароити мусоид фароҳам овард. Ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону навсозии 249 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст, ки 37 иншоот ба истифода дода шуд.

Дар ояндаи наздик мавриди истифода қарор додани нахустин биноҳои истиқоматии 12 – 13-ошёна намунаи идомаи бунёдкориҳои беназир буда, ба раванди саноатикунонӣ таваҷҷуҳи махсус равона мешавад. Тайи як соли охир дар шаҳр 11 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо 128 ҷойи корӣ таъсис ёфт. Ин корхонаҳо асосан ба истеҳсоли симтӯр, масолеҳи сохтмонӣ, мебел, доруворӣ ва қаннодӣ машғуланд. Дар маҷмуъ, дар шаҳр 35 корхона ва коргоҳи саноатӣ фаъол буда, дар қитъаи саноатии маҳали Теми шаҳр аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ амалигардонии 5 лоиҳаи истеҳсолии коркарди мева, сангҳои ороишӣ ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ва лӯлаҳои пластикӣ шуруъ гардид.

Таъсиси корхонаҳои саноатии дорои технологияи муосир бо маблағгузории давлат ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба ташкил намудани ҷойҳои нави кори доимӣ ва ғанигардонии буҷет мусоидат менамоянду шаҳр боз ҳам тараққӣ меёбад.

Паёмадҳои офати табӣ дар шаҳр чӣ гуна бартараф мегарданд?

- Бар асари боришти шадиди барф ва тармафуроӣ ба таври умум дар вилоят 66 манзили истиқоматӣ зарар дида, мутассифона, 18 нафар ҷони худро аз даст доданд.Талафоти моливу ҷонӣ аз офати табиӣ бештар ба шаҳри Хоруғ рост омад. Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи аввали офати табиӣ Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба фаъолият шуруъ намуда, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳии як зумра роҳбарони кумитаву вазоратҳо аз мавзеи офати табиӣ дар Хоруғ дидан намуда, бо роҳбарону фаъолони шаҳр ва хонаводаҳои офатдида ва онҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ наздикони худро аз даст доданд, мулоқот намуданд. Сарвазири мамлакат аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба оилаҳое, ки бар асари офат наздикони худро аз даст доданд, ҳамдардӣ баён карда, сокинони шаҳру вилоят, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва роҳбарони мақомоти шаҳрдорӣ ва вилоятро, ки дар рӯзҳои сахту сангин ғамшарики офатзадагон буданду баҳри бартарафсозии оқибатҳои офат аҳлона заҳмат кашиданд, изҳори сипос намуданд.

Бо корвони кумаки аз номи Президенти кишвар расида, зарардидагон бо маводи ниёзи аввалия пурра тамъин гардида, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ лоиҳаи барқарорсозии манзилҳои зарардидаро пешкаш намуд ва кор дар самти бо манзилҳои босифат таъмин намудани бесарпаноҳмондагон аз офат ҷараён дорад.

Яке аз оинҳои наврӯзӣ ин аст, ки агар аҳли хонаводае дар маҳал мусибатзада бошанд, ҳамсояҳо ё хешони наздикаш ба хонаашон омада, либосу анҷоми хонаи онҳоро шустаю пок месозанд, дар иҷрои кори хоҷагиашон ёрӣ мерасонанд ва онҳоро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намуда, ба истиқболи Наврӯз омода мекунанд.

Таманнои Шумо дар Рӯзи Модар ва Наврӯз…

- Модар барои ҳар фард вожаи муқаддас буда, рисолати офариниши Модар ва Наврӯз ҳаммаъноанд ва аз як решаи ҳаёти фалсафӣ маншаъ мегиранд. Басо рамзист, ки ин ду ҷашни бузург дар фасли баҳор таҷлил мешаванд.

Бонувон дар Хоруғ дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар лаҳзаҳои душвортарин худро чун неруи муташаккили ҷамъиятӣ - сиёсӣ нишон доданд ва нахустин шуда, бар зидди силоҳ ва маводи мухаддир овоз баланд карданд. Дар эътидоли авзои ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳр саҳми бонувон басо бузург аст. Аз 504 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 431 нафар занон ҳастанд, ки рисолати тарбиятгари наслро муваффақона иҷро менамоянд. Дар соҳаи ҳифзи саломатӣ низ бонувони соҳибкасб саҳми босазо дошта, шумораи занон дар мақоми роҳбарикунанда дар шаҳр дар ҳоли афзоиш аст. Дар доираи боло бардоштани мақоми зан дар ҷомеа саҳми занон дар сохторҳои роҳбарикунанда афзуда, аз 66 хизматчии давлатӣ дар шаҳр 33 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр 8 нафар зан интихобкунандагонро намояндагӣ мекунад. Худам байни се довталаб ба мақоми вакилӣ баранда шудам ва афзоиши мизони занон дар мақоми интихобиро баёнгари боварӣ ва эътимоди мардум ба занон дар ҳалли масоили иҷтимоӣ ва ташаббусҳои шаҳрвандӣ мешуморам. Бонувон ҳунарманд, ташаббус¬кор ва соҳибмаърифат, навовар ва ҷӯянда ҳастанду нақши созандаашон дар тамоми соҳаҳо бармалост. Ҷилои ҳунару истеъдод ва донишашон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳамасола бо сазовор донистан ба ҷойҳои аввал ва мақоми ифтихорӣ қадр мегарданду сокинони вилоят бо онҳо ифтихор мекунанд.

М. ШОҲҶАМОЛ,

шаҳри Хоруғ

:.  Сиёсат 24.03.2023 13:22 417

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz