Ҳусноро Мирзоева дар радифи Гулафзо Савриддинова, Рафиқа Мӯсоева, Адолат Раҳмонова ва Қимат Рустамова солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳайати нави Парлумони Тоҷикистон шомил гардиду бо гирифтани 64 дарсади овозҳо панҷумин вакили Маҷлиси Олиро аз ҳисоби бонувон ташкил дод. Дар он лаҳзаҳои ҳассосу душвор, ки қисме аз вакилонро ҳайати мухолифину қумондонҳои саҳроӣ ташкил мекарданд, барои иҷрои вазифаҳои дарпешгузошта монеаҳо эҷод мешуданд. Аммо бонувакилон бо ҷасорату матонати мардона барои барқарор кардани сохти конститутсионии кишвар дар атрофи Сарвари тозаинтихоби хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуданд.
Ҳусноро Мирзоева он овон дар таҳияи лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистон ширкат варзида, лоиҳаи Қонун «Дар бораи мақоми (статуси) шаҳри Душанбе»-ро бевосита таҳия ва ба Шурои Олӣ пешниҳод намудааст. Ӯ борҳо ҳамчун раиси комиссияҳои интихоботии ноҳияҳои шаҳри Душанбе фаъолият намуда, чор маротиба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб шудааст.
Аз муаррифӣ
Ҳусноро Мирзоева соли 1968 факултаи химияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намуда, фаъолияташро аз Комбинати кӯҳии маъдантозакунии шаҳраки Такоби ноҳияи Варзоб оғоз намуд. Пас аз хатми Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкент (1980 – 1982) соли 1982 ба ҳайси котиби комитети ҳизби коммунисти ноҳияи Ҳисор ба кор раҳнамун гашт ва то соли 1987 фаъолият бурд.
Соли 1987 ба шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КМ ҲК Тоҷикистон ба кор даъват шуда, фаъолияти ҳизбии 14 ноҳияи тобеи ҷумҳуриро роҳбарӣ намуд. Ҳамин тариқ, ӯ дар вазифаҳои муовини аввали раиси Кумитаи назорати халқии РСС Тоҷикистон (1990 -1991), котиби якуми Кумитаи ҳизби коммунистии ноҳияи Варзоб (1991–1993), сармутахассиси шуъбаи кор бо кадрҳои роҳбарикунандаи Совети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993), сармутахассиси Кумитаи сохтори давлатии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ (1993–1994), муовини раиси шаҳри Душанбе (1994–1999), сардори Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999–2006) ифои вазифа кард.
Хишти аввал
Падараш дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 ҳамчун пулемётчӣ размида, захм бардошт. Сарбози тоҷикро бонувони табиби рус бо рутбаҳои баланди ҳарбӣ муоина мекарданд ва ӯ ба ахтарони ҷилодори сари китфони афсарбонувон бо ҳавас нигариста, ба худ қавл дод, ки мабодо духтардор шавад, ҳатман хононда, табиб мекунад. Ҳамин тавр, соли 1946 Ҳусноро ба дунё меояд.
- Аз хурдсолӣ падарам – корманди Комбинати кӯҳии маъдантозакунии шаҳраки Такоб мегуфтанд, ки Ҳусноро оянда духтур мешавад. Он овон духтарон то синфи 7 мехонданду халос. Чанде пас мактаби моро аз деҳа ба шаҳраки Такоб кӯчонданд ва мо ҳар рӯз ҳашт километр роҳро тай мезадем. То синфи 11 хондам, ки миёни 18 писар танҳо як духтар будам. Модарам намехост хонданӣ равам, аммо қиблагоҳ дастам гирифту ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино овард. Даромадан замон бӯи тези доруе ба димоғам заду нороҳат шудам. Устухонҳои бадани одаму гуфтугӯҳо дар бораи ҷарроҳиву майитҳоро дидаву шунида, чунон тарсидам, ки ногуфтанӣ.
Аз падар хоҳиш кардам, ки маро ин ҷо нагузорад. Сахт маъюс шуданд, аммо ҳамоно дастам гирифтанду мактабҳои олии пойтахтро чархонда, гуфтанд, ки барои таҳсил якеро интихоб кунам. Ба дили бузурги падар то ҳанӯз қоилам, ки он овон аз минтақаҳо писарон кам ба хондан меомаданд, чӣ расад ба духтарон. Факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро пазируфтаму донишҷӯ шудам. Падарам аз олими этнограф - шевашинос Неменова Розалия Лвовна (30 сол расму оин ва анъанаҳои тоҷикони Варзобро таҳқиқ намуда буданд), зиёд хоҳиш кард, ки маро на дар хобгоҳ, балки дар оилае ҷой диҳад. Неменова маро ба хонаи худ оварду ба фарзандӣ хонд. Дар ғанигардии ҷаҳони маънавӣ ва худогоҳиям таъсири ин олим бағоят бузург аст, ки ба шарофати ӯ ҳамон айём ба шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Москва сафар карда, бо олимони забардасти тоҷикшинос Анна Зиновйевна Розенфелд, Балкис Халиловна Кармишева, Вера Сергеевна Расторгуева ошноӣ пайдо намудам ва ҳатто чанд рӯз меҳмони хонадони онҳо гаштем, - изҳор дошт бону Ҳусноро.
Дар ҳар имтиҳон падар ба аёдати нури чашмон меомаду аз ҳолаш ҷӯё мешуд. Духтар, ки таҳсили тоҷикӣ дида буд, дар нимсолаи аввал бо забони русӣ таҳсил кардан барояш душворӣ меовард. Китоби мактабӣ, луғати Ожегов ва китоби донишгоҳиро пешаш мемонду тарҷума ва қиёсҳо мекард. Мегиристу то поси шаб ба дарсҳо омодагӣ медид. Субҳ сӯи Донишгоҳ мешитофт. Ҳамин тариқ, давоми таҳсил баҳои аъло ва стипендияи олӣ мегирифт. Баъди хатми Донишгоҳ пешниҳод шуд, ки дар ҳамин даргоҳ бимонад. Напазируфт ва гуфт, ки бояд ба зодгоҳ баргардад, то духтарони дигар дар пайравии ӯ ба хондан ҷалб шаванд.
Дар синаи кӯҳҳо
Соли 1968 ба зодгоҳ баргашта, дар озмоишгоҳи кимиёвии Комбинати кӯҳии маъдантозакунии шаҳраки Такоб ҳамчун лаборант ба кор оғоз намуд. Баъдан сардори озмоишгоҳ, сардори шуъбаи назорати техникӣ, котиби озоди кумитаи ҳизбии комбинати мазкур буд. Дар кони Такоб қариб 3 ҳазор коргар аз тамоми Иттиҳоди Шуравӣ фаъолият менамуд ва Ҳусноро ягона бонуи тоҷик буд, ки ҳамчун саргеолог вазифаи масъулиятнокро бар дӯш дошт - таркиби химиявии маъданҳоро дар озмоишгоҳ таҳлил менамуд ва барои коркард иҷозат медод. Ҳар рӯз як вагони пӯшидаро тариқи шохаҳои махсуси роҳи оҳан ба самти ҷануби шаҳри Душанбе интиқол медод.
- Ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа ба кони истихроҷи маъдан мерафтем. 2500 метр боло ва ҳамин қадар масофаро пиёда роҳ мерафтем. Байни ҳар панҷ метри зинаҳо майдонча буд. Вақте аввалин бор ба кон даромадам, хаёлам, ки он маро фурӯ мебарад, баъд одат кардам. Медидам, ки коргарон чӣ гуна аз кон маъдан мерӯёнанд. Дар ҳамон давру даврон дар байни аҳли заҳмати гуногунмиллати комбинат гули сари сабадро мемондам. Ягона духтари маҳаллии илми олидор, - ёд меоранд ҳамсуҳбатам.
Барои Ҳусноро, ки бо муҳандисони рус аз ҷараёни кор дар конҳои маъдан дидан менамуданд, он лаҳзаҳо басо ҷолибу хотирмон буд. Он айём шаҳраки Такоб аз лиҳози маъмурӣ ба ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе (ҳоло Исмоили Сомонӣ) дохил мешуду деҳаи Такоб ба ноҳияи Ленин (ноҳияи Рӯдакӣ). Зуҳро Мирзоева, котиби якуми ҳизбии ноҳияи Октябр дар шаҳраки Такоб тасодуфан бо Ҳусноро Мирзоева вохӯрда, баъдан муаллим ӯро ба вазифаи котиби озоди кумитаи ҳизбии комбинат пешниҳод кард. Баъдан ӯро ба мактаби олии ҳизбии Тошкент фиристоданд.
Ояндаи нек
Соли 1990 Ҳусноро Мирзоева бо супориши Қаҳҳор Маҳкамов барои ташкил кардани Кумитаи иҷроияи ноҳияи Варзоб ҳамчун раиси комиссияи ташкилӣ фиристода шуд ва муаллим дар созмон додани Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия саҳм гирифт. Баъди эълон гардидани соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шаҳр даъват шуда, дар Маҷлиси Олӣ ва тули 5 сол муовини раиси шаҳри Душанбе буд.
Соли 1994 мавсуф бо мусоидати собиқ раиси шаҳри Душанбе Юрий Поносов барои мардуми эҳтиёҷманд фонди башардӯстона созмон дода, ба онҳо ғизо ва сарулибоси гарм мерасонд. Бо олимону адибон ва фарҳангиён дар маҳаллаҳо вохӯриҳо гузаронда, мардум, бахусус омӯзгорон ва табибонро ба кор ташвиқ дода, ба ояндаи нек дилгарм месохту маърифати шаҳрнишиниро таблиғ менамуд.
- Он вақтҳо барои занони вакил, ки дар сохтори ҳукуматӣ фаъолият мекарданд, ниҳоят душвор буд. Айёми нобасомониҳо, ки садои тиру тӯп шунида мешуд, шабона ҳам дар идора мемондем ва субҳ боз ба кор мепардохтем. Ба хона занг зада, огоҳ мекардам. Бо супориши раис ҳамчун муовини соҳаи иҷтимоӣ ба мавзеъҳои валангори шаҳр мерафтему барои ободӣ чораҳо меандешидем. Идорашиниро намеписандидам ва бештар миёни мардум будам. Чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва иҷтимоӣ меоростем. Дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ таблиғот доир менамудем. Рӯзе ҳамроҳи Рафиқа Мӯсоева, Раҳим Масов ва як олими дигар ба маҳаллаи ҷанубии пойтахт бо мардум ба вохӯрӣ рафтем. Қисме гуфтаҳои моро ҷонибдорӣ намуданду иддае оташину ғазаболуд буд, - мегӯяд ӯ.
Корманди Ҳукумат
Ҳусноро Мирзоева соҳиби ду писар буда, панҷ набера ва се абера дорад. Ӯ ҳоло бо ҳамсараш бознишастааст ва он овонро ба рӯзгори имрӯз қиёс карда, мегӯяд:
- Тамоми мушкилиҳоро гузашта, мамлакатро обод кардан кори саҳл набуд. Ташаккур ба Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки умри худро сарфи ободии Ватан карданд. Мамлакатҳои дигар бояд таҷрибаи Тоҷикистонро омӯзанд. Модарам мегуфтанд, ки қиматӣ шаваду қаҳтӣ нашавад. Мо дар мактабҳои бомашон лойӣ мехондем, аммо хондему ба мартаба расидем. Имрӯзҳо ҳазорҳо мактабу иншооти муосир сохтаанд, тамоми шароит муҳайёст ва насли ҷавон бояд ҳамаи ин дастовардҳоро бо тамоми ҳастӣ эҳтиёт кунад. Ман аз умр, рӯзгор ва зисту зиндагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол розӣ ва шодмонам…
Ситора АШӮРОВА