Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан - модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони кишварро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа шароити зарурӣ муҳайё гардида, ин сиёсат ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати мил¬лӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшан ба назар мерасад. Дар ин раванд дар мамлакат даҳҳо тадбирҳое амалӣ гардиданд, ки ҷойгоҳи иҷтимоӣ ва мақоми сиёсии занро дар муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян намуд.
Бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як қатор қонуну қарорҳои дахлдор ба тасвиб расиданд. Ҳадаф аз қабули санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, нақши онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ аз 23-юми декабри соли 2022 иброз доштанд: «Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд. Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Дар шароити соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани шумораи ҳар чи бештари ҷавондухтарон, инкишоф додани сатҳу сифати саводнокии бонувон квотаҳо ҷудо гардиданд. Аз ибтидои таъсис додани квотаҳои президентӣ то соли хониши 2019–2020 зиёда аз 11 000 нафар духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз ин имтиёз ба мактабҳои олӣ дохил шуда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият дорад. Аз 30 ҳазор нафар донишҷӯе, ки ҳоло дар хориҷи мамлакат машғули таҳсил мебошад, 12300 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳадафи ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиати занон, иштироки онҳо дар рушди ҷомеа ва ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, тарбия намудани ҷавондухтарон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, дастгирӣ кардани худмуайянкунии ҷамъиятӣ ва худташаккулёбии насли ҷавон мебошад. Маҳз самараи чунин сиёсат буд, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти қонунгузор, судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.
Албатта, занони соҳибмаърифату соҳибкасб метавонанд дар ҳаёти ҷомеа фаъол бошанд. Саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Бояд гуфт, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа занон имрӯз дар рушди илми ватанӣ саҳми назарас доранд. Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро бонувон ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар бахшҳои гуногуни илми кишвар 116 нафар доктори илм ва 1124 нафар номзади илм, аз ҷумла 15 доктор ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.
Дар муассисаҳои илмӣ - тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ занон дар рушди илмҳои гуногуни бунёдию ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд. Аз шумораи умумии кормандони АМИТ 743 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 24 доктори илм ва 101 номзади илм мебошад. Аз ҷумла, академики АМИТ Яқубова М., узви вобастаи АМИТ Мансурӣ Д., узви вобастаи АМИТ Қоҳирова Г., докторони илмҳои фалсафа - Усмонова З.М., Хидирзода М.У., Маҳмадова М., Содиқӣ Н.Н., Маҳмадҷонова М.Т, номзадони илм - Муродова Т., Сайҷаъфарова П.Ш., Насурова Б., дар соҳаи илмҳои таърих - Додхудоева Л., Воҳидова С., Қобилова Б., дар бахши илмҳои филологӣ – Шарифзода Ф.Х., Умарова Ш. ва даҳҳо нафари дигарро метавон ном бурд, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ саҳм мегузоранд.
Имрӯз дар симои занон миллати тоҷик олимҳои муваффақро мешиносад. Занҳои тоҷик дар пешбурди сиёсати дохилию хориҷии кишвар саҳмгузор буда, минбаъд низ барои таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи худро хоҳанд гузошт.
Фазилатмо САИДОВА,
номзади илмҳои сиёсӣ