Ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи бонувон, ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву давлатӣ зери таваҷҷуҳи вижа қарор мегирад. Масъалаи мазкур дар меҳвари Паёми навбатӣ низ қарор дошт ва дар ин замина махсус таъкид гардид: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем».
Агар ба нишондодҳои омории чанд соли охир бингарем, маълум мешавад, ки сафи бонувони кишвар дар сатҳи роҳбарӣ воқеан ҳам ба маротиб афзоиш ёфтааст. «Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд».
Аз рӯзҳои аввали интихоб шудан ба симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асос гузоштан ба бунёди давлати соҳибихтиёр ва демокративу дунявӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону духтарон такя намуданд ва барои ҷалби бонувон фармони тақдирсози худро «Дар бораи баланд бардоштани мақоми занон» ба тасвиб расонданд.
Дар Парлумони даъвати якум ҳамагӣ 5 нафар зан ба вакилӣ интихоб шуд ва ҳанӯз дар ҷомеа поймолшавии ҳуқуқи занон дар заминаи аз таҳсил дур мондани онҳо, рабудану ба зӯрӣ ба шавҳар додани онҳо зиёд ба назар мерасид. Вале, хушбахтона, дар натиҷаи талошҳои зиёд пеши роҳи ин падидаи номатлуб гирифта шуд ва минбаъд барои ба системаи давлатӣ ва ҷомеа ҷалб намудани бонувон, баланд бардоштани нақши занон, ҷудо кардани квотаҳои президентӣ барои ҷалби духтарон ба мактабҳои олӣ барномаҳои давлатӣ, Стратегияи миллӣ тарҳрезӣ гардиданд.
Дар давоми 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон зинаҳои таҳсилоти олӣ ва касбиро хатм карда, мавқеъ ва мақоми худро дар ҷомеа пайдо намуданд. Чунончи дар Паём ишора шуд: «аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.» Тадбирҳои андешидашуда якдафъаина набуда, 23 сол мешавад, ки дар Паём яке аз нуктаҳои муҳим ва калидӣ ба ҳисоб меравад.
Дар Паёми соли 2018 барои ҷалби бонувон ба соҳаи бонкдорӣ, ки дар тамоми ҷаҳон ба ин қишри ҷомеа тарҷеҳ дода мешавад, таъкид гардида буд. Бо гузашти айём имрӯз шумораи кормандони бонк аз ҳисоби занону духтарон ба 39 дарсад расидааст. Дар Паёми навин низ, нисбат ба масъалаи эҳтироми зан - модар махсус таъкид гардид, ки аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат дарак медиҳад: «Ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».
Бо вуҷуд, ҳанӯз дар баъзе сатҳҳо муносибат ба нақши бонувон, масъалаи ба корҳои давлативу сиёсӣ ҷалб шудани занон мушкилиҳо ба назар мерасанд. Ин мушкилӣ хусусияти менталӣ (урфию анъанавӣ), арзишӣ (value), тартибӣ (системавӣ) дорад. Масъалаи мавриди назар барои тасмимгирӣ дар ҳалли муш¬килоти ҷойдошта такон хоҳад дод. Зеро ки ин андешаҳо аз паёмҳои Президенти мамлакат сарчашма мегиранд.
Дар суҳбат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа фаҳмост, ки арзишҳои ҷомеа солҳои охир дигаргун шуда истодаанд. Баҳри бархе ҷавондухтарон саъю кӯшиш барои ёфтани мақоми худ дар ҷомеа, таҳсил ва фаъолият дар ташкилоту созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ меъё¬ри арзиш ба ҳисоб намеравад.
Иддае аз духтарон ояндаи ҳаёти худро танҳо дар шавҳар кардан ба ҷавоне аз оилаи доро вобаста медонанд. Маънии зиндагиро дар он мебинанд, ки номзадашон соҳиби мошин, хонаи истиқоматӣ бошад, телефони модели нав туҳфа кунад, ба тарабхона барад. Муҳим нест, ки мард чандсола аст, зану фарзанд дорад ё не. Албатта, дар ин ҷода танҳо духтарон гунаҳкор нестанд, мардон низ онҳоро таҳрик медиҳанд ва ҷиҳати паҳн шудани ин падидаи номатлуб замина мегузоранд.
Мушкилоти дигар хусусияти тартиби (системавӣ) дорад. Дар муқоиса бо замони Шуравӣ образи мусбати занонро офарида натавониста истодаем. Духтарон номи Махфират Каримова, Ибодат Раҳимова, Низорамоҳ Зарифова, Биҳоҷал Раҳимова, Бозгул Додхудоеваро аз хурдӣ шунида ба онҳо монанд шудан мехостанд. Мақоми Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистии ба Ҳамроҳ Тоирова, Энаҷон Бойматова, Ҳабиба Каримова ва дигарон духтаронро барои меҳнат кардану соҳибобрӯ шудан тарғиб менамуд. Вақте ки як кадри роҳбар ба саҳнаи сиёсат оварда мешуд, ӯро дастгирӣ ва тарбия мекарданд. Журналистони телевизиону радио, маҷаллаву рӯзномаҳо очерку лавҳа менавиштанд, ки дигар духтарон низ ба онҳо пайравӣ кунанд.
Озмуни «Фараҳ» сафи бонувони соҳибкорро на танҳо ба майдон овард, балки теъдоди онҳоро ба мартиб афзуд. Фаразан чеҳракушоии Мавзуна Чориева сафи духтарони варзишгарро зиёд кард, зарур аст, ки муаррифии симо ва фаъолияти бонувоне мисли Низорамоҳ Зарифова, Хайринисо Юсуфӣ, Рафиқа Мусоева, Адолат Раҳмонова, Гулафзо Савриддинова, Бозгул Додхудоева ва дигарон низ бештар бошад. Ҳадаф на танҳо миқдор, балки бештар сифат аст ва бозёфту таъин намудани кадрҳо масъулият ва вазифаи ҷонии ниҳодҳои мушаххас аст.
Нисо КАМОЛОВА