Бо пайғому дуруди бепоёну таманнои хушиҳои зиндагӣ, бо як ҷаҳон орзуву хаёлҳои сабз ва азму иродаи бо ту хонандаи гиромӣ идома бахшидании ҳамкориву ҳамдиливу ҳамраъйӣ андар ин масири пурифтихор, ки унвонаш ватандорист.
Ингор бо як маҷалла маҳсули эҷодии аҳли қалам, «Бонувони Тоҷикистон» меҳмони дару дудмони шумост. Ва умедворем дар Соли нави 2023 бо дидору суҳбату маҳфилҳои судманд, табодули андешаҳои созандаву густариши ҳамкориҳои ояндасоз, маҷаллаи маҳбуби бонувони Тоҷикистон ҳамчун минбари муаррифии фарзонаҳои Меҳану маҳзари ошноии фарҳангу осори миллӣ ва эъҷози ҳунару ашъори пурҷалоли нухбагони миллат ташаккул хоҳад ёфт.
Новобаста аз таъсири буҳрони иқтисодӣ ва вазъи сиёсии печидаи ҷаҳон ба раванди бомароми рушди Тоҷикистони азизамон, соли 2022 бо дастоварду рӯйдодҳои муҳим дар саҳфаи таърихи давлати соҳибистиқлол ва хотираҳои мардуми ин кишвари озодагон нақш хоҳад баст.
Пазируфтани ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва захираву сарфакориҳои об барои башарият, гомҳои устувор дар масири татбиқи ҳадафҳои бузург, амалӣ намудани орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ, ҳамчунин, ноил шудан ба дастовардҳои беназири иқтисодиву иҷтимоӣ, рушду равнақ ёфтани соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқ, намунае аз самараи заҳмату талошҳои мову шумо ватандорони саодатёр, дар соли сипаригардида буд.
Ба толеи баланду сарнавишти неки мардуми заҳматкаши Тоҷикистон дар оғози ҳар сол бо азми натиҷагирӣ аз бурду бохти як соли давлатдорӣ, бозтобу баррасии масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, рӯнамоии нақшаву ҳадафҳои созанда ва таъмини зиндагии шоистаи халқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад.
Паёми навбатӣ, ки монои машъали раҳнамо дар сарнавишти як соли ояндаи мардуми Тоҷикистон саҳифаҳо боз намуд, саропо аз дас¬туру ҳидоятҳои хирадмандона ва дархӯри ниёзҳои ҷомеаи кишвар буд.
Сарвари давлат ҳамчун сиёсатмадори дурандешу тадбирҷӯ вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, дастуру пешниҳодҳои мушаххасро оид ба беҳдошти вазъи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ иброз доштанд. Бо таваҷҷуҳ аз дастуру супоришҳо ва нуктаҳои муҳими дар Паём таъкид гардида, назди бонувони Ватан вазифаҳои наву масъулиятҳои муҳиме меистанд, ки барои анҷоми онҳо бо донишу касби ҳунарҳои муосир боз ҳам беҳтару бештар ташаббускору навовар бошем.
Оре, дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расидан ба ҳадафҳои миллату давлатсозӣ занону духтаронро мавқеи пешоҳангӣ бояд, то сазовори бовариву эътимоди Роҳбар бошем, ки дар аҳди Истиқлол ба хотири баланд бардоштани мақому ҷойгоҳи зан дар ҷомеа, хидматҳои бузурге анҷом додаанд. Самараи сиёсати дурбинона ин ҳузури чашмраси бонувони мамлакат дар корҳои ҷамъиятиву давлатӣ аст, ки имрӯз нуфуси бонувон дар соҳаи хизмати давлатӣ 25 дарсад, аз ҷумла вазифаҳои роҳбарӣ 20 фоизро ташкил дода, аз шумораи кормандону мутахассисони варзидаи соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ 40 дарсадро занону духтарони парвардаи даврони Истиқлол ташкил медиҳанд.
Натиҷаи таваҷҷуҳи бевосита дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа буд, ки шуруъ аз соли 2001 инҷониб бештар аз 504 ҳазор нафар занону духтарон муассисаҳои зинаҳои гуногуни касбиро хатм намудаанд, ки 239 ҳазор нафар соҳиби маълумоти олӣ мебошанд.Тавре ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём иброз доштанд: «Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем».
Маврид ба зикр аст, ки дар баробари эътимоду боварӣ ба неруи бузургу хастанопазири бонувон Сарвари давлат бо таъкид аз рисолати муҳими тарбияи насли наврас, нақши зан-модарро дар таҳкиму пойдории оила, рушди ҷомеа ва пешбурди фаъолиятҳои гуногунҷабҳа муҳим арзёбӣ кардаанд. Ҳамчунон, аз фаъолияти чашмраси ҷавонони эҷодкору ташаббускор дар ҳаёти сиёсиву ҷамъятии мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистони азиз пеш рафт, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардид. Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», ки дар радифи маърифатнокии мардум, муаррифии таҷрибаҳои ибратомӯзи пешоҳангони ҷомеа, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ ва бозтобу инъикоси фаъолияти Муассиси маҷалла - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулият дорад, ҳамзамон, аҳли эҷоди маҷалла татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём ироагардидаро рисолати касбии хеш мешуморанд.
Гарчанде маҷаллаи дӯстдоштаи шумо дар қатори матбуоти серхонандатарин ба ҳисоб рафта, ҳар шумораи тозанашри онро дар дурдасттарин деҳу деҳкадаҳои кишвар дасти ба даст мутолиа мекунанд, боз ҳам дар Соли нав тасмим гирифтем то ҷиҳати ҷалби бештари мардум ба хусус, занону духтарони Тоҷикистони азиз, саъю талоши бештар намоем. Чуноне зимни суҳбату пурсишҳо миёни шумо, хонандагони хушсалиқа, дарёфтем, маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо интишори афкору андешаҳои созандаи ҳазорон тан хонандаи худ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷомеа, роҳнамоӣ ва такмили донишу ташаккули зеҳнияти ҷавонону бонувони касбу кори гуногун нақши муҳим дошта, ба унвони пайғомбиёри мардум аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумат ва ирсоли арзу пешниҳоди