Ба андешаи шоири забонсозу ватандӯст, ки ҳувияти миллиаш дар ашъораш бештар намоён аст, «сухан ҷони мост». Ва то сухан набуд «овозаи олам набуд.» Бо ҳамин хатти андешаро тавфиқ медиҳем ва аз бардоштҳои соле, ки бо ҳам будем, аз хубу нохубаш бархӯрдор шудем, сухан дар миён мениҳем.
Суҳбат ба василаи мо аз боби Тоҷикистони азизи мост. Дар гирдоби фарогири раванди ҷаҳонишавӣ, ки «мадду ҷазраш» аз ҷисми ҳар шаҳрванд ва пайкари кишварамон мегузашт, мушкилотамонро афзуд. Муқовимати сахту шадиди моддиву руҳонии абарқудратҳо буҳрони сиёсиву иқтисодии ҷаҳониро амиқтар гардонд. Ҷангу носозӣ дар миёни Федератсияи Россия ва Украин аҳволи муҳоҷирони тоҷикро нек наовард ва аз он бадтар шумораи мамлакатҳоро ба ин моҷаро афзуд, ки ба нохуб гаштани авзои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ боис гардид.
Дар мамлакати ҳамсоя мардуми аз забону фарҳанг ба мо қарин ба ҷангу хунрезии навбатӣ кашида шуд. Тарҳи дигар сохтаи ҳукуматдорони аморати исломӣ роҳ ба ҷаҳони асримиёнагист ва бадтар аз он. Исломи ноб сар то по доғдор ва таҳриф шуда, ҳуқуқи тоҷики ватандор поймол мегардад ва кишвар сар ба чоҳи ҷаҳолату хурофот мезанад. Занону тифлон комилан дар авзои хатарбор қарор доранд. Имкони таҳсилу ширкат дар идороти давлатӣ чӣ ки одитарин василаи зист мавҷуд нест. Ва панди ниёгони дурандеш аст, ки оташ дар хонаи ҳамсоя ба нафъи мо набувад. Ва асари руҳию равонӣ ба мардуми мо доштааст.
Авзои нобасомони ҷаҳони ноором ҳушёрдеҳ барои шаҳрвандони Тоҷикистон буд ва ҳаст, ки бештар аз пештар бо огоҳии комил дар ваҳдату якдилӣ саъю талош варзанд ва аз сиёсати Ҳукумати кишвар дастгирӣ намоянд. Дар ин раванд сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ва созандаю бунёдкорона дар дохили мамлакат кишварамонро аз хатарҳо эмин нигоҳ медорад. Шукрона мегӯем, ки аз баду офатҳои замони муосир дар амонем. Ба ҳар ранг моро боз ҳам фаросати баланд, ҳушёрии сиёсӣ ва дониши сареҳи замони наву забономӯзӣ шарт аст, ки аз таъкидҳои Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд.
Соле, ки дар арафаи хатм аст, бо омодагӣ ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Иҷлосия, воқеан сарнавиштсоз ва бунёдгузори Истиқлоли воқеии давлати ҷавони Тоҷикистон ба шумор меравад. Иҷлосия бо сарварии фарзанди асили сарзамин Эмомалӣ Раҳмон асосҳоеро бунёд ниҳод, ки давлати дар вартаи ҳалокат ва мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва давлатро аз нобудӣ наҷот дод. Дар ҷаласае, ки ба ин муносибат дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, собиқадорон, коршиносон, арбобони илму фарҳанг ва иштирокдорони Иҷлосияи таърихӣ гирд омада буданд. Онҳо аз фарози солҳо ба аҳамияти Иҷлосия назари хосса ва ҷиддӣ иброз намуданд. Қисме, ҳамакнун қоил мешаванд, ки ҳич ба оромӣ, сулҳу субот ва ба по хестани давлати ҷавони Тоҷикистон бовар надоштанд. Онҳо Роҳбари ҷавон – Эмомалӣ Раҳмонро қурбонии навбатӣ мешумурданд… Кунун аз ободии кишвар меболанд.
Дар анҷоми сол вохӯрии ин ҷониб бо вакилони Иҷлосияи таърихӣ фаромӯшношуданист. Онҳоеро, ки ба шароити баргузорӣ, воқеияти ҳамон солҳо ва авзои ҷомеа бо андаке назари шубҳа менигаранд, дар рӯйдоди муҳим бахшида ба 30-солагии Иҷлосия дидан мехостам. Як ҷаҳон таассурот бардоштам. Боз аз он, ки мо ба қадри заҳмати мардони ҷонфидо расиданро омӯхтем ва бисёр чизҳои дигарро. Ва ман танҳо набудам. Баъди бозгашт ва бардоштҳо аз вохӯрӣ: хондаму шунидам андеша, суханони дур аз воқеият ва бадномсозиҳоро аз шахсоне, ки ба сурат марданду ба сират нотавон. Дар ёдам панди Низомӣ омад:
Бадгуҳар бо касе вафо накунад,
Аслбад дар хато хато накунад.
Соли равон, соле, ки сипарӣ мешавад, хотирмон буд. Дар хусуси эъмори иморатҳо, дабистонҳо, корхонаҳои нав ва ободии шаҳристонҳо намегӯям, ки хонанда огоҳии хуб дорад. Бароям хушоянд буд, ки бо эълони озмунҳои «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - чароғи маърифат» савияи дониши муосирон баланд мегардад. Сафи донишандӯзон аз шумори занону духтарон меафзояд. Чӣ хубе! Аз шодию нишоти онон ба хондани осоре, ки дар ҷавонӣ расидагӣ доштам, баргаштам. Ба ростӣ, аз хондани осори Низомӣ, ки хеле дӯсташ медорам, маъниҳои тоза ёфтам. Ва гӯё барои мо гуфта бошад байтро:
Мо, ки назар бар сухан афкандаем,
Мурдаи ӯему бад – ӯ зиндаем.
Соле, ки анҷом мепазирад, дар ёд монданист. Бо бонувони зебо, ҳунарманд ва пурталоши кишвар дар суҳбат будему ҳамнишинӣ доштем. Чи дили сафед доранду хушбинанд. Онҳо на заифнолӣ мекунанд ва на шикоят аз зиндагӣ. Сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Тоҷикистон барояшон роҳи фарохеро боз намуда. Бонувон омӯзгоранду роҳбарони корхона, хизматчиёни одӣ, хонашину дар нафақа ва қисме бо ҷисми нозук роҳбари ноҳия ва шаҳракҳо. Мардум ва Сарвари давлат ба онҳо бовар доранд. Ин ҳама бахти баланд аст.
Пешорӯйи соли дигарем. Умед дорам, ки Соли Нав, соли Модари Тоҷикистон хоҳад буд. Модар номуси миллат аст ва шарафу шони мардон. Мехоҳам эътиборашон афзун ва ҷойгоҳашон дар тасаввури мардон лоиқу сазовор бошад. Ва беҳтар аст чеҳраи зани тоҷик бо посдории анъанот, донистани забони фасеҳи модарӣ ва пӯшоку пари миллӣ. Эътибору мартабаро на мӯд, на либоси аврупоӣ, на хулқу хӯи бегона, балки донишу рой ва ҷаҳонбинӣ муайяну муқаррар месозанд.
Хатти андешаи банда то ин ҷо расид: Соли Нави милодӣ, хуҷаста бод!
ОДИНАЗОДА Шоњона Сулаймон