Қисме аз кишварҳои ҷаҳон истиқлоли давлатӣ доранд, аммо дар ҷодаи амну амонӣ ва ҳамбастагӣ комил нестанд. Бузургтарин дастовард барои ҳамаи давлатҳо сулҳ аст. Воқеан, сулҳу субот неъмати бебаҳои зиндагӣ буда, комёбиҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеаю давлат ва зиндагии серу фаровони мардум аз он ибтидо мегирад. Фикру зикри банда аслан ба ваҳдату Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ аст, зеро зиндагиномаи кишвар дар ин ҷода саҳифаҳои сабақомӯзи худро дорад. Ваҳдати миллии Тоҷикистон комилан ба ду рукни маҳакӣ асос дорад: Аввалан, ин собиқаи бостонии ғаризаи азалии хиради воло ва ягонагию ҳамбастагии миллии кулли тоҷикон ва баъдӣ воҳиду ягонагии кулли сокинони сарзамини мост, ки он метавонад ваҳдати воқеии кишварро таъмин созад. Аз рӯйи тафсир, қиёс, таҳлилу мушоҳидаи ходимони варзидаи соҳаи сиёсат собит шудааст, ки ваҳдати воқеии тоҷикон дар хориҷ бадбинони зиёде дорад, ки шаҳрвандони кишвар бояд аз амалҳои муғризонаи ин бадхоҳони миллат доиман ҳушёру огоҳ бошанд.
Овардани як далел, яъне ҷанги хонумонсӯз кофӣ аст ба ҷавонон бигӯем, ки он бо дасисабозиҳои душманони дохилию хориҷӣ бар сари миллат таҳмил шуд. Дар ин фоҷиа иқтисодиёти кишвар бештар аз 7 миллиард доллари амрикоӣ зарар дид, зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта гардида, 55 ҳазор кӯдак ятиму 250 ҳазор зан бесаробон монд. Зиёда аз як миллион нафар гуреза шуда, аз манзили зист фирор кард. Хисорот аз алангаи оташи ҷанги бародаркуш зиёд буданд ва барои ояндаи мо сабақ шуданд.Муваззафем ин сабақро ба гӯши насли наврас расонем, ки дар зиндагии худ зимоми зиракии сиёсиро дар даст маҳкам дошта тавонанд, то ки дар Тоҷикистони биҳиштосои мо ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва дар ҳамаи сатҳҳо ҳалолкорӣ болою болотар истанд.
Наврасону ҷавононро азин ду чизи ниҳоят муҳим бояд мусаллаҳ сохт. Се манбаъ: оила, мактаб ва ҷомеа маркази маҳакии таълиму тарбия буда, дар ҷадвали тадрисашон мероси гаронбаҳои адабии гузаштагону муосир ва ҷавҳари ҷони асли динӣ мавқеи хос дошта бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо аҳли ҷамоати шаҳри Душанбе андешаҳои худро чунин баён доштанд: «Мо тарафдори ақидаи солими динӣ буда, ба инкишофи мафкураи сулҳпарварона ва раванди осоиштаи дини мубини ислом мусоидат менамоем.
Ҳамзамон, намегузорем, ки ақидаҳои ифротӣ ва ҷудоиандозӣ дар кадом ҷомеаи идеологӣ ва мафкураи диние набошад, бар сари мардуми мо зӯран бор карда шавад. Зеро таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин гувоҳӣ медиҳад, ки то кунун дар ягон кишвари мусулмони олам ақидаи ифротӣ ба хайру осудагӣ ва оромии мамлакат бурда нарасондааст».
Баъди пош хӯрдани империяи абарқудратишуравӣ назорат аз фаъолияти мактабу маориф то андозае суст гардида, бо падид омадани камчинии ғизо таваҷҷуҳи мардум на ба тарбияи фарзанд, балки бештар ба пайдо намудани қути лоямут равона шуд. Тарафҳои даргир мамлакатро ба харобӣ ва мардумро ба маъюсиву дилшикастагӣ оварданд. Алоқаи тарафайни оилаю мактаб дар масъалаи таълиму тарбия коста гардид. Аз ин сабаб, дар мафкураи кӯдакон хало падид омаду он аз тарбия ва ақидаи нохуби кӯча пур шудан гирифт.
Қатъи назар аз нобасомониҳо маҳз дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб аз лутфу марҳамати хайрхоҳони миллат калимаҳои сулҳу ваҳдат баланд садо доданд.
Дар ин Иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ нишон аз давлату давлатдорӣ, сулҳу оромии кишвар буд. Сарвари тозаинтихоби мамлакат дар фурсати на он қадар тулонӣ тавонист неруҳои зеҳнии аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии халқҳои маскуни Тоҷикистонро баҳри ҳалли масъалаи таъмини сулҳу суботи кишвар сарҷамъ орад.
Бузургтарин дастоварди замон, ки онро тамоми мардуми маскуни Тоҷикистон ва берун аз он хуш истиқбол намуданд, Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ буд, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба тасвиб расид. Ин Созишномаро метавон омили дастовардҳои пешрафти имрӯзаю ояндаи мамлакат ном бурд.
Дар ин замина, соли 1997 Шурои ҷамъиятӣ ва Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он минбаъд дар муттаҳид гардондани оммаи васеи халқ ва рушди босуботи соҳаҳои муҳими кишвар саҳми муносиб гузошт.
Тоҷикистон дар Осиёи Миёна кишвари демократитарин ба ҳисоб рафта, дар он 8 ҳизби сиёсӣ, 270 иттиҳодияи ҷамъиятии ғайридавлатӣ, 262 рӯзнома, 81 маҷалла, 22 телевизиону радиои ғайридавлатӣ, агентии ғайридавлатӣ нишонаи равшани риояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, гуногунандешии сиёсӣ, фаъолияти озодонаи ахбори омма ва баёнгари роҳи қотеъонаи интихобкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Кунун Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 30 созмони бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳон саҳми босазо дорад.
Аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раисӣ дар яке аз ҷамъомадҳои 54-умин иҷлосияи генералии СММ шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз, мақому манзалати худро дорад. Тоҷикистон узви фаъоли иттиҳодияҳои ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони конфронси исломӣ буда, пайваста кӯшиш мекунад, аз тариқи густариши ҳамкориҳо ҳар пешомади иқтисодию сиёсиро ҳал намояд. Сиёсати «Дарҳои кушода» ва густариши мутақобилаи ҳамкориҳои судманд мақом ва обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ хеле баланд бардошт. Баракати Истиқлолро метавон дар мисоли пешрафти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қиёс кард.
Замони Иттиҳоди Шуравӣ роҳи мошингарди Хоруғ – Душанбе бар асари боришот дар ағбаи Хобурубот ва Сағирдашт шаш моҳ банд буд. Имрӯз робитаи нақлиёти доимии вилоят бо маркази кишвар тавассути роҳи мошингарди Хоруғ – Кӯлоб - Душанбе тамоми фаслҳои сол таъмин буда, вилоят бо Чин, Афғонистон ва Қирғизистон тавассути роҳу шаҳпулҳо рафтуомадва додугирифти молӣ дорад.
Аз рӯи маълумоти оморӣ дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ воситаҳои умумии нақлиётии вилоят ҳамагӣ 2,5 ҳазорро ташкил медод, имрӯз он ба 9,5 ҳазор расидааст, ки қариб ҳар хонавода соҳиби мошини сабукрав мебошад. Қариб 95 дарсади маҳаллаҳои вилоят тамоми сол аз истифодаи қувваи барқ бархӯрдоранд, ки ин натиҷа дар мамлакат ягона аст.
Лайло ЧОРШАНБИЕВА,
муовини раиси ноҳияи Рӯшон