Ҳарчанд 31 сол дар кори давлатдорӣ муддати тулонӣ нест, метавонем дастовардҳоеро, ки дар ин давраи давлатдории навин муяссарамон гардиданд, арзёбӣ бикунем. Дар ибтидои ин дастовардҳо, албатта, Истиқлоли давлатӣ меистад, ки барои ҳама халқу миллати дунё бузургтарин неъмат аст. Ин падидаи бузурги сиёсиро мардуми кишвари азизамон бо шодию сурури беинтиҳо истиқбол намуд. Зеро хуб дарк мешуд, ки бо муяссар гардидани он дари дунёи дигарро ба рӯйи хеш во менамоем. Акнун шароити мусоид фароҳам меояд, ки бо дили гарму нияти нек ба марзу буми аҷдодӣ ормонҳои миллии худро дар амал татбиқ намоем. Аммо боиси таассуф аст, ки бадхоҳони миллат тавонистанд бо ҷалби як иддаи беҳувият миёни мардум тафриқа андозанд. Бо ба миён омадани парокандагӣ, даргирии тарафҳо, баланд шудани садои тир қалби пирони рӯзгордида аз оҳу ҳасрат лабрез гашт, нолаву фиғони ҷонсӯзи модарони азиз баланд гардиду ашк рухсораҳояшонро шуст, кӯдакону наврасон ба вартаи яъсу навмедию тарсу ҳарос афтоданд.
Мардуми ба доми тарсу ҳаросафтода барои амон мондани ҷони азизи худ на танҳо тарки макони иқомат, балки сарзамини аҷдодии худ намуданд. Ҳастии миллат, бутунии кишвар, истиқлоли муяссаргардидаро хатари нестӣ таҳдид мекард. Дар ҳамин шабу рӯз Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид. Макони баргузории он Қасри Арбоб интихоб шуд. Ин ҳикмат дошт: дар марказ вазъ басо муташанниҷ буд ва пӯшида набуд, ки Иҷлосия дар пойтахт доир мешуд, лоҳбадастону гурӯҳҳои бадният намегузоштанд намояндагони мардумӣ бо салоҳдиди хеш ба як арори ниҳоӣ биоянд. Тақдири ояндаи давлати тозасоҳибистиқлол ба Иҷлосияи мавриди назар сахт вобаста буд. Роҷеъ ба масъалаҳои баррасишаванда назару диди намояндагони мардумӣ яксон набуд. Ҳанӯз ҳам ғаразҳои гурӯҳию ҳизбию маҳаллию мазҳабӣ ҷо доштанд. Аммо дар ин миён намояндагоне буданд, ки манфиатҳои миллиро аз ҳама болотар мегузоштанд ва, хушбахтона, аксариятро ташкил медоданд.
Чун масъалаи аз нав интихоб намудани Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад ва намояндаи мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки то ин замон бо ҷасорату масъалагузории саривақтию суханрониҳои нишонрасаш дар миёни мардум шуҳрат дошт, номзад пешбарӣ шуд, шиддати зиддияти андешаҳо ба якбора коҳиш ёфт.
Хуб дар хотир дорем аввалин суханронии Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз минбари Иҷлосия, ки Парчамро бӯсиданд. Дар симои Раиси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши хешро медидем ва эътимоди комил доштем, ки воқеан ҳам бароямон Сулҳро ба армуғон меоранд. Зимоми давлатдориро, давлате, ки тамоми сохторҳояш фалаҷ шуда буд, ба дасти хеш гирифтанд.
Дар баробари ба роҳ мон дани фаъолияти муназзами тамоми сохторҳо, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва таъмини амнияти мардуми кишварро аз ҳадафҳои умдаи хеш қарор доданд. Чун ба тадриҷ шиддати даргириҳо дар дохили кишвар коҳиш ёфт, бо фармони худ аз 2 декабри соли 1994 халъи силоҳ эълон намуданд ва дар муддати на чандон тулонӣ иҷрои ин вазифаи дар он шабу рӯз басо муҳим муяссар гардид. Масъалаи дигаре, ки ҳарчи зудтар бояд роҳандозӣ мешуд, ин ба мардум фаҳмондани ҳолати ҳукмфармо, оқибатҳои ногувори парокандагӣ, ба даст овардани боварию эътимоди мардум буд. Роҳбари давлат дар пиёдасозии ин ҳадафи муҳим бо фиристодани намояндагони худ ба маҳалҳо иктифо наварзиданд, балки худ ба минтақаҳои даргири оташ сафар намуда, рӯ ба рӯ бо мардум суҳбат оростанд. Маҳз санъати баланди суханварӣ, вазъро хуб дарк карда тавонистан, ояндабину дурандеш будани Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки халқи порагашта аз нав ба ҳам омад. Баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ аз масъалаҳои муҳими дигаре буд, ки бояд ҳалли худро меёфт.
Роҳбари давлати тоҷикон ба худ иҷозат намедод, ки нисбат ба тақдири талхи ҳаммиллатони ғариби хеш, ки дар хорию забунӣ умр ба сар мебаранд, бетафовут бошанд. Роҳу васила ҷустанд, намояндагони хешро фиристоданд ва билохира ба мақсади наҷиби инсонпарваронаи хеш расиданду ин кори савобро низ бо рӯсурхию шарафмандӣ ба сомон расонданд. Беш аз як миллион ҳамватанон аз дарди гарони ғарибӣ ва фақирию бечорагӣ наҷот ёфтанд. На танҳо ба Ватани хеш баргардонда шуданд, балки ба нодории давлати тозабунёд нигоҳ накарда, барои бозсозию азнавсозии манзилҳои харобгаштаашон ба онҳо ёрӣ дода шуд, ки барои ин умре аз Сарвари давлати худ сипосгузоранд.
Сари мизи музокирот хондани тарафҳои даргир дар он айём аз иқдомоти дигари Роҳбари давлатамон буд, ки барои пойдории давлати азиз нақши басо бориз дошт. Манфиати давлату миллати хешро аз ҳама, ҳатто аз ҷони хеш боло гузошта, сарфи назар аз ҳушдору огоҳию монеаи атрофиён ба хотири рӯ ба рӯ суҳбат оростан бо роҳбари мухолифин ба Хосдеҳи Афғонистон сафар намуданд.
Ин мулоқот барои музокироти миёни тарафҳо, ки наздик ба чаҳор сол идома ёфт, замина гузошт. Роҳбари давлат ҳамеша ҷониби Ҳукуматро ба сабру таҳаммулу шикебоӣ ва гузашт кардан талқин намуда, музокиротро барои миллат сарнавиштсоз арзёбӣ мекарданд. Билохира 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар шаҳри Маскав ба имзо расид.
Шодию нишоти мардуми азиятдидаро интиҳо набуд. Ин рӯйдод баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ аз бузургтарин дастоварди тоҷикон дониста мешавад. Бо муяссар гардидани сулҳу суботуоромиву осудагӣ мардум аз нав ба зиндагӣ дилгарм шуданд.
Нахустсуханронии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳисси баланди миллиаш барои ҳар як тоҷикистонӣ пандомӯзу мояи ифтихор аст, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба забони ширини тоҷикӣ на танҳо барои тоҷикзабонони дунё шодиовару масарратбахшу ифтихорзо буд, балки руҳи поки бузургони гузаштаамонро шод намуд. Дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари қабул гардидани рамзҳои давлатӣ зарурати дар таҳияи нав қабул намудани Конститутсияи кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба миён омад.
Бо қабули он ва мувофиқ ба талаботи он ба тасвиб расидани дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ волоияти қонун дар ҷомеа таъмин гардид. Инро метавон падидаи муҳими дигар дар ҳаёти сиёсии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳогузорӣ кард. Бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва аз миён рафтани низоми ягонаи таъмини барқ Тоҷикистон ба камбуди неруи барқ мувоҷеҳ шуд. Дар ибтидо бунёди неругоҳҳои хурди обӣ, ҳамзамон НБО «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» оғоз ёфт.
Мушкили мавҷуда то ҷое ҳалли худро ёфт. Аммо ин оғози кор буд. Сарвари давлат ба мардум рӯ оварда, НБО «Роғун»-ро иншооти аср баҳогузорӣ карда, даъват ба миён оварданд, ки ба ҳар сурате бошад, бояд ҳатман сохта ва ба истифода дода шавад, зеро то онро бунёд насозем, аз бунбасти коммуникатсионӣ берун намеоем. Мардум бо дилгармӣ даъвати Пешвои худро иҷобат намуданд.
Коршиносони сатҳи байналмилалиро ҷалб намуда, ба ҳамагон собит сохтанд, ки ҳама сару садо дар мавриди иншооти мазкур баҳонае беш нест. Кор дар ин самт оғоз ёфт ва то имрӯз ду агрегати он ба кор даромад ва агрегатҳои дигари он низ дар ояндаи на чандон дур ба тавлиди барқ шуруъ хоҳанд кард.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ аз чаҳорчӯби маҳдудияти ҳафтодсола раҳо ёфт. Бо назардошти вазъи ҳукмфармо зарурати аз нав қабул гардидани Қонуни забон ба миён омад. Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки забони тоҷикӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад. Барои рушду густариши он заминаи мусоид фароҳам омада, барои ба низом даровардани корбурди калимоту истилоҳот ва тадриҷан ба забони илм табдил додани забони модарӣ сохтори нав - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ҷиҳати густариши ҳарчи бештари забони тоҷикӣ ду дафъа барномаи давлатӣ қабул гардид.
Дар ин давра бо мақсади арҷгузорӣ ба таърих ҳазорҳо номи маҳалу мавзеъ ба тоҷикӣ номгузорӣ шуданд. Барои гиромидошти хидмати бузурги абармардони миллат солгарди милоди онҳо бо шукӯҳу шаҳомати вижа таҷлил гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ диду нигоҳ ба таърихи гузаштагонамон, суннат, расму анъанаҳо дигар гардида, ҷашнҳои миллӣ, ба мис ли Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва дар қатори онҳо даҳҳо номгӯйи санъати дастии мардумӣ аз сари нав эҳё гаштанд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, тадриҷан, мушкилоту монеаҳои мавҷуда бартараф, таҳкурсии давлати соҳибихтёр қавитар гардид, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ ва ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз ёфта, дар ин самт натиҷаҳои дилхоҳ ба даст омаданд.
Таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосӣ ва стратегии сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд.
Ҳама он чи дар мавриди хидматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, муштест аз хирвор.
Ҳамагон бо мо ҳамраъю ҳамақидаанд, ки дар як муддати кӯтоҳ диёри ҷангдидаи мо ба мамлакати амну амон табдил ёфт, дар қатори кишварҳои рӯ ба рушд қарор гирифт, рӯз ба рӯз ободтару зеботар мешавад, сифати зиндагии мардум хубтару беҳтар мегардад ва итминон дорем, ки бо арҷгузорӣ ба ин сарҷамъию якдилӣ, ваҳдати миллӣ, муттаҳид будан дар атрофи Роҳбари давлат ва садоқату сарсупурдагӣ ба ин хоки муқаддас ояндаи ҷумҳурӣ боз ҳам хубтару дурахшонтар мегардад.
Б. С. САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон