Мусаллам аст, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба марҳилае рост омад, ки 16 ноябр мардуми шарифи Тоҷикистон 30 - солагии Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷаста дорад, ҷашн мегиранд. Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши ХVI Шурои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби вилояти Суғд 16 ноябри соли 1992 дар рӯзҳои вазнини парешониву парокандагӣ, шубҳаву ҳарос ва муборизаҳои дохилӣ баргузор гардида, масири сарнавиштсози қисмат ба тақдири қавми озодатабори тоҷик чархи гардуни миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолорро ба дасти меъмори мулоҳизакору дурандеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод. Ин рӯзе буд, ки Офтоб баробари ҷилои чашмону қалби ҷавони ғурури баланди миллидошта ба кишвари ғамзадае, ки фазояшро дуди ҷанги бародаркуш тира гардонда буд, рӯшанӣ андохт.
Аз он лаҳзаҳо чархи тақдиргардони миллат ба занону духтарон ва насли ҷавон ҷаҳони маънавии фурӯзонро арзонӣ дошт.
Бо заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами миллат субҳи умед дамидаву зиндагии шоистаи арзиши олидошта баҳри мардуми тоҷик эҳдо карда шуд.
Соҳиби бахту тахти тоҷикон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиришти худро бо сиришти халқу миллат тор ба тор, пуд ба пуд ресидаву бофта, дар масири ваҳдатсозиву суботи кишвар ҷонбозиҳо намудааст, то ки мо ба ҷавҳари оини давлатдории миллӣ бирасем.
Хушбахтона, аз оғоз то имрӯз бо роҳбариву роҳнамоии Пешвои миллатдӯст, бедордилу оқил ба ғояҳои баланди давлатдории миллӣ, ба ин рӯзи пуршарафу пур аз ифтихор расидем.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Сарвари давлат, шоҳсутуни миллат дар радифи дигар шоҳкориҳо ба мавқеи занону модарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст. Ин марди Худодод, ки тамоми меҳру муҳаббатро нисбат ба модар, нисбат ба Ватан аз модари бузургвораш омӯхтааст, тавонист онро дар тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос намояд. Маҳз ҳамин шоҳкориҳо аст, ки ҳар як модар ӯро фарзанд, ҳар як хоҳар ӯро бародар, ҳар духтар ӯро падар ва ҳар як кӯдак ӯро бобо мехонад. Ӯ ҳама меҳру муҳаббатҳои заминию осмониро аз волидайн омӯхтааст. Маҳз модари бузургвор бо шири покаш ба ӯ дарси одаму одамгарӣ, матонат, ҷасурӣ, ватандӯстиро омӯхтааст.
Занону духтарон бо фитрати созандаву отифияти худ зиннатбахши рӯзу рӯзгори башарият буда, имрӯзҳо ҳеҷ самтеро аз ҳаёту рӯзгори инсонӣ бидуни мавқеи устувори онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Махсусан дар ҷомеаи мутамаддини мо ин неруи инсонсозу қувваи пешбаранда соҳиби мақому манзалати шоиста гардида, дар ҳар бахши фаъолият ҳузури густурдаву фаъол ва бо ҳисси баланди масъулият дар раванди бунёдкориҳои кишвари маҳбубамон саҳми шоиста мегузоранд.
Пешвои миллат ба муқобили ақидаҳои ифротӣ, хосатан, маҳрум намудани занон аз одитарин ҳуқуқҳояшон ва дар чорчӯбаи танги ақибмонӣ нигоҳ доштани онҳо, ба занону духтарон чунин муроҷиат намуданд: «Метавонед боварии комил дошта бошед, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти афзалияти қонун ва эътирофи арзишҳои умумибашарӣ барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад».
Дар идомаи ин иқдом, бо ташаббуси Пешвои миллат аввалин ҳуҷҷати барномавӣ – Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998–2005 ва бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардондани генофонди миллӣ, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ фармони тақдирсоз «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид. Фармони мазкур аз таваҷҷуҳи беандозаи Сарвари давлат ба занону духтарони кишвар шаҳодат дода, барои таҳия ва қабули даҳҳо дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ заминаи устувор гузошт.
Дар ин росто бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ Гранти президентӣ, барои ҷалби духтарони деҳоти дурдаст ба таҳсилоти олии касбӣ Квотаи президентӣ, барои ҳавасманд намудани наврасону ҷавонон ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ стипендияи президентӣ, барои дастгирии духтарони ятим Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», барои духтарони тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда хобгоҳи «Сарвар» таъсис дода шуданд.
Дар натиҷаи амалӣ намудани ин иқдомҳои наҷиб ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, таъсиси корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, заргариву дӯзандагӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, муҳайё намудани шароити мусоид дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, зиёд гардидани шумораи занони донишманд ва дорои маълумоти олӣ дар ҷумҳурӣ тадриҷан вусъат меёбанд.
Маҳз ба хотири пойбанд набудан ба хурофот китоби муқаддаси Қуръон бо тафсири тоҷикӣ, инчунин, бо мақсади бохабар шудан аз асолати хеш, ҳифзи анфиатҳои марзу буми кишвар, манфиатҳои миллати тоҷик китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба кулли хонаводаи тоҷик дастрас гардид.
Қабул намудани қонунҳои миллӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Сарвари давлат роҳандозӣ гардиданд, барои рӯ овардани мардуми тоҷик ба асолату таърих ва фарҳангу тамаддуни ниёгон мусоидат намуд.
Зиёд гардидани сафи бонувони олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор, табибу омӯзгор, самараву шаҳодати интихоби дуруст, натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат мебошад.
Ин, пеш аз ҳама, нишона аз эътимоди Сарвари давлат ба неру, ақлу заковат, садоқату самимият ва ҷуръату ҷасорати занону модарони тоҷик аст. Президенти мамлакат занонро ба нигини пурҷилои тоҷи миллат шабоҳат додаанд, ки ин беҳтарин баҳо аст, чун фарру зебоии ҳама гуна тоҷ аз нигини он вобастагӣ дорад.
Мо бояд шукрона аз он кунем, ки чунин Сарвар дорем. Сарваре, ки бо номи поки Худо, бо шири поки модарон, бо дуои неки падару модарон, ба нону намаки дастархони пиру ҷавон, бо обу хоки муқаддаси Ватан савганд ёд карда, масъулияти тақдири ин рӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро ба дӯш гирифта, бо тамоми вуҷудашон аз он ҳимоят мекунанд. Имрӯз занону модарони тоҷик ба тазодҳои пешгӯинашавандаи ҷаҳонӣ ва навҳаи модарону гиряи кӯдакони сарсони дигар давлатҳое, ки занон мақому манзалате надоранд, назар карда, аз шароиту имкониятҳое, ки давлату Ҳукумат нисбат ба занону духтарони мо муҳайё намудааст, бояд шукргузор бошанд.
Боварии комил дорем, ки ояндаи мову фарзандонамон дурахшону хонаи ҳар як мардуми кишвар зери парафшонии Парчами Тоҷикистони биҳиштосо таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахайру обод ва мондагор хоҳад буд.
ҚУРБОНЗОДА Ҳилолбӣ Ҷумъахон,
раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон