Иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангӣ дар Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб», 16 ноябри соли 2022 16 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар чорабинии тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори Ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии бошукӯҳ, ки дар макони баргузории Иҷлосияи таърихӣ - Қасри Арбоби ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми кишварро бо солгарди Иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки нуқтаи оғози барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва ноил гардидан ба дастовардҳои имрӯзаи мардум мебошад, табрику таҳният гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ҳамон вақт вакилон бо як овоз Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори оқилу хирадманд ва саодатпешаро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарвари давлати тоҷикон интихоб карданд.
Аз рӯзҳои нахустин, ҷонибдорӣ аз сиёса ти пешгирифтаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқи тоҷик ба ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад.
Сарвари хирадманду саодатпеша муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба аҳдаш вафо кардаву ба мардум сулҳ овард, дар ин рӯзи пур аз нишот бори дигар аз талошҳои созандаву бобарори роҳбарияти давлату Ҳукумат ва мардуми шарафманди мамлакат баҳри ба як кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон андеша ронданд.
Таъкид гардид, ки раванди давлатсозии тоҷикон маҳз аз ҳамин Иҷлосия оғоз гардид ва аз ин лиҳоз, 30-солагии ин рӯйдоди тақдирсоз барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни дар ҳақиқат бузург ва таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Пас аз расидан ба истиқлолу озодӣ миллати тоҷик ба ҷойи он, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба эъмори як давлати муосири миллии худ оғоз намояд, ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки чунин вазъият талаб мекард, ки барои гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани волоияти қонун дар ҷомеа ва сулҳу оромӣ дар мамлакат иҷлосияи Шурои Олӣ даъват карда шавад, зеро хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки рӯз табдил ёфта буд.
Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ даъват гардид, ки ин иқдом дар он рӯзҳо нишонаи ҷасорати бузурги вакилони халқ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосия бо рӯзномаи иборат аз 23 масъала ба кори худ идома бахшид.
Интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати нави Раёсати Шурои Олӣ, Ҳукумати нав, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, баргардондани гурезаҳо ва ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ дар мамлакат аз ҷумлаи масъалаҳои пешниҳодшуда буданд, ки барои қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ, ба ҷойҳои зисташон баргардондани гурезаҳо ва ба даст овардани сулҳу оромӣ хеле муҳим ба шумор мерафтанд.
Баъди интихоб шудан ба вазифаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият изҳор намуда буданд, ки ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастанд. Барқарор кардани сулҳу осоиш дар ҳар як хонадон, ба Ватан баргардондани тамоми гурезаҳо ва қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз вазифаи аввалиндараҷаи Роҳбари тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Вакилони иҷлосия низ ин ташаббусҳои Сарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ намуда, бо назардошти вазъи ҳассоси кишвар ва ормону хостаҳои мардум, инчунин, ба хотири ҳифзи якпорчагии Ватан ва сарҷамъии миллат, дар раванди иҷлосия ба таври бесобиқа фаъол ва муттаҳид буданд. Ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ ва расидан ба сулҳ яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия буд.
Бо ин мақсад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон намудани 26-уми ноябри соли 1992» қабул шуд ва раванди барқарорсозии сулҳ дар мамлакат оғоз гардид. Яъне, қадами нахустин дар роҳи барқарорсозии сулҳ дар ҳамин иҷлосия гузошта шуд ва тавре ки ҳамватанони мо хуб дар хотир доранд, баъди музокироти бисёр мушкили беш аз чилмоҳа 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Яке аз дастовардҳои муҳимтарине, ки Ҳукумати навинтихобшуда ба он ноил гардид, дар муддати начандон тулонӣ аз Давлати Исломии Афғонистон ва дигар кишварҳо ба Ватан баргардондани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, яъне ҳамватанонамон буд, ки аз тарси ҷон хонаву маҳали зисти худро тарк карда буданд. Қабули Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати мустақили Тоҷикистон, нишонаи соҳибихтиёрӣ, ягонагӣ ва ифтихори мардуми кишвар дигар иқдоми муҳими Иҷлосияи таърихӣ буд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар зарфи чанд рӯзи баргузории он, барои мардуми мо воқеан рӯзҳои сарнавиштсоз буданд.
Бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ва баҳсу мухолифатҳои шадид қарорҳое қабул гардиданд, ки ҷавобгӯи талабу хостаҳои мардум ва баёнгари иродаи матини фарзандони ватандӯсти халқи Тоҷикистон буданд. Таъкид гардид, ки вакилони мардумӣ он рӯзҳо масъулияти таърихӣ, қарзи фарзандӣ, вазифаи ҷавонмардӣ ва рисолати имонии худро нисбат ба сарнавишти кишвари тозаистиқлоламон, халқи Тоҷикистон ва наслҳои имрӯзаву ояндаи мардумамон иҷро карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бо гузашти сӣ сол аз қабули ин ҳуҷҷатҳо бо қаноатмандиву ифтихор метавонем гӯем, ки ин ягона роҳи оқилона ва дурусте буд, ки мо – вакилони халқ – онро ба хо- тири ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту тараққиёти ояндаи Ватанамон интихоб намудем. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро қатъ намудем, давлатро аз нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо бахшидем, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллиро барқарор кардем, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро гузоштем ва рушди устувори иқтисодиро таъмин кардем.
Дар зарфи 30 соли гузашта мардуми шарифи Тоҷикистон, вакилони халқ, аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, умуман хизматчиёни давлатӣ ва, албатта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ барои ҳимояи истиқлолу озодӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди давлат ва ободии Ватан содиқона хизмат карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи сарбаланди Тоҷикистонро қаҳрамони сулҳ, созандагӣ, ободӣ ва пешрафти Ватан арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки, агар тайи сӣ сол хурду бузурги мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи моро дастгирӣ намекарданд, мо ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт, яъне ба ин рӯзҳои нек намерасидем.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба солҳои нахустини давлатсозию давлатдорӣ, ба кишвари воҳид мубаддал сохтани Тоҷикистон, қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ, ҷорӣ кардани ислоҳоти соҳаҳо, ба роҳ мондани робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои олам, муносибати судманд бо ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, интихоби сиёсати дарҳои кушода дар сиёсати хориҷии Ҳукумат, талошҳову ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, андешаҳои арзандае иброз доштанд.
Дар хотимаи суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзу карданд, ки дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ пойдору ҷовидон бошад, ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси миллати озоду соҳибихтиёри мо бо заҳмати содиқонаву софдилона аркони давлату давлатдории мустақиламонро устувор гардонда, барои ояндаи ободу осудаи сарзамини куҳанбунёдамон саъю талоши бештар намояд.
Баъди анҷоми чорабинии тантанавӣ ва барномаи рангини фарҳангӣ намоиши бошукӯҳи мушакпарронии идона ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
«Бонувони Тоҷикистон»