Дуруд, хонандаи азиз! Шоҳид ҳастӣ, ки аз оғози соли равон масъулони маҷаллаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ - «Бонувони Тоҷикистон», ки муассисаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба ифтихори 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фарзанди Тоҷикистонам!» озмун эълон намуданд. Дар ин муддат бо мақсади ширкат дар озмун ба унвонии маҷалла беш аз 150 маводи гуногуни муаллифон ворид гардид, аз ин шумора 33 мақолаи беҳтарин рӯи чоп омад. Хурсандибахш аст, ки озмун моро бо хонанда боз ҳам қарину наздиктар намуд.
Маросими ҷамъбасти озмун 7-уми октябри соли 2022 дар толори бузурги Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки дар озмун аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизматчиёни давлатӣ, олимон, адибон, омӯзгорон, донишҷӯён, магистру журналистони касбӣ то хонандагони одии маҷалла фаъолона ширкат доштанд. Гуногунии муаллифон ба муҳтавои матлабҳои озмун ҷилои тозае бахшид.
Мақолаҳо дар жанрҳои гуногун таълиф шуда, аз рафти Иҷлосияи таърихӣ, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарвари давлат, нахустин мусоҳибаҳо бо вакилони иҷлосияи мазкур, қарорҳои қабулнамудаи вакилон ва дигар мавзуъҳо қисса менамоянд. Махсусан, мақолаҳое, ки дар онҳо вобаста ба таъкидҳои таърихии Пешвои миллат «Ман ба шумо сулҳ меорам!», «Тамоми гурезаҳоро ба Ватан бармегардонам!», сухан меравад, таъсиргузоранд.
Дар 30 соли Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватани маҳбуби мо ба пеш гомҳои устувор ниҳода, бо 180 кишвари дунё робитаҳои дипломатӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ барқарор намуд. Шаҳрҳои мамлакат, пеш аз ҳама, пойтахти кишвар – Душанбе қабои нав ба бар кард. Садҳо иншооти таъиноти гуногун қомат афрохта, корхонаю коргоҳҳо дар тавлиди маҳсулоти саноатӣ ва ниёзи мардум гом мебардоранд. Неругоҳҳои хурди барқи обӣ зиёд мавриди истифода қарор гирифта, ду чархаи НБО «Роғун», мисли Замини неруманд дар атрофи меҳвари худ чарх мезанаду чарх мезананд, то ба мардум монанди Офтоб гармӣ бидиҳад. Дастовардҳо ва дигар комёбиҳои истеҳсолию фарҳангиро дар зарфи 30 сол муаллифон ҳангоми та