Шарафу мардонагии бонувони тоҷикро таърих дар ҳофизаи худ барои ҳамеша ҳифз намуда. Мисли ин, ки ба ояндагон ёдрас кардан мехоҳад, бонувони мо барои ҳифзи марзу бум, ободии Ватан на танҳо мардони шуҷоъ ба арсаи ҳастӣ овардаанд, балки худ низ ба муқобили душман, бедодгариҳои давр размидаву ҷон бохтаанд. Воқеан, бонувони шердилу бебоки тоҷик дар ҳама давру замон аз манфиатҳои миллат ҳимоя намудаву баҳри рушди Ватан мардона камар бастаанд.
РАВЗАНАИ ТАЪРИХ Дар ҷомеаи суннатии мо ба иллати таъсири хурофот ширкати бонувонро дар бисёр корҳо «айб» ё «нолозим» медонистанд ва фаъолнокии занон маҳкум мешуд. Ба таърихи дур не, балки як ё ду аср пеш бингарем, ки чи ранг бонувони диловари моро сиёсати ноадолати давр ситамгарона ҳукм намудааст. Тақдири Саида, иштирокчии бузургтарин ҳаракати мардумии охири садаи XIX - шӯриши Восеъ (мутаассифона, дар бораи Саида ва қаҳрамониву мардонагие, ки ӯ дар ин набард нишон додааст, қариб маълумот намондааст), мисол буда метавонад. Бори аввал бобати Саида баҳори соли 1939 экспедитсияи археологии бахши тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ки ҷониби Кӯлоб сафар карда буд, яке аз узви экспедитсия Тихон Гритсенко, маълумот пайдо намудааст. Тихон Гритсенко дар Балҷувон бо бисёр одамон, аз ҷумла дар маҳаллаи Сурхакон, бо иштирокчии шӯриш бобои Қурбони 110 - сола, дар маҳаллаи Саримазор бо холаи Фотимаи синнаш аз 100 боло ҳамсуҳбат мешавад. Холаи Фотима 3 нафар зану духтари ҷасурро ситоиш карда, мегӯяд: «Ҳар сеи онҳо иштирокчии фаъоли шӯриш буданд. Номи ду нафарашонро дар хотир надорам. Аммо Саидаро то ҳанӯз фаромӯш накардаам. Магар метавон ӯро фаромӯш кард? Зан не, мард буд. Восеи паҳлавон ҷасорати ӯро ситоиш кардааст. Ӯ барои шӯришгарон ғизо низ ҷамъ меовард. Барои онҳо нону хӯрок мепухт. Дар ин кор ду зани дигар ба ӯ ёрӣ мерасонд». Бо дастаи Бек задухӯрди сахт рух медиҳад. Саида дар ин задухӯрди мудҳиш бо падараш шуҷоату далерӣ зоҳир кард. Ӯ дар тан либоси мардона дошт ва шинохтани ин зани ҷасур осон набуд. Шӯриш пахш мегардад. Ба Балҷувон чил нафар аз шӯришгарони асирафтодаро меоранд. Миёни мардум Саидаи далеру паричеҳраро ба дор меовезанд. Баъдтар дармеёбанд, ки яке аз шӯришгарон зан аст. Доду фарёди мардум бармехезад. Ин ғазаби Бек ва сарбозони ӯро меафзояд ва онҳо ҷисми беҷону овезони Саидаро аз дами теғ мегузаронанд. Тақдири аввалин муаллимбонувони тоҷик, ки аслан ҳадафашон соҳибдониш намудани насли наврас, ба сӯйи фардои дурахшон раҳнамун сохтани онҳо ва бад-ин минвол рушд бахшидани фардои кишвар буд, низ андуҳовар меанҷомад. Бале, Саидаро куштанд, аввалин муаллимдухтарони тоҷикро ба дор овехтанд, аммо боз ҳам ғуруру матонати зани тоҷикро аз ӯ рабуда натавонистанд. Дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 бонувони тоҷик боз ҳам майдондорӣ карданд. Дар ин ҷанг Ойгул Муҳаммадҷонова – аввалин лочиндухтари тоҷик ба қасди душман дар шумори ҳазорон мардони гурд ба ҳимояи Ватан бархосту ба ҷаҳон рафт. Ҳузури ӯ дар ҷабҳа, балки хатти пеши размгоҳ, ки коршиносон даҳшатноктарин дар таърих шумурдаанд, ихтиёрӣ буд. Ойгул Муҳаммадҷонова дар қатори қариб сад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз он корзор барнагашт, аммо номаш чун фарзанди содиқу шуҷои Ватан барои ҳамеша дар таърих сабт гардид. АЗ БАРАКАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Агар замоне далерии бонуи тоҷикро ба марг маҳкум мекарданд, хомаашро мешикастанду дари дабистонро ба рӯяш мебастанд, алорағми ин ҳама, имрӯз бонуи тоҷик озод аст. Хосса дар замони истиқлоли Ватан, ки ба шарофати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Замони истиқлол баъзе қолабҳои анъанавӣ, ки боиси қафо мондани бонувон мегардиданд, шикастанд. Лашкари зулмот саркӯб шуд. Пешвои миллат омаду ҳомии бонувон гашт ва дар сиёсати пешгирифтааш мақоми занро боло бурд. Барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидани бонувон, хосса духтарони дурдасти кӯҳистон Квотаи президентӣ таъсис дод ва ҳамин тавр, дари саодат ба рӯйи бонувон боз шуд. Дар натиҷа садҳо нафар ҷавондухтарон аз навоҳии дурдаст маълумоти оливу ҳунарӣ гардиданд ва