Зодрӯзи фарзанд барои мардумони ориёӣ ва дигар халқҳо муборак аст. Милоди ҳар тифл муждаи тозаест аз идомаи ҳаёт, ки дар худ ҳикмати давронҳоро нуҳуфта дорад. Ҳамаро волидон бувад ва ҳар ҷуфт ба тариқе аз шодиҳо бар худ меафзоянд. Тифли ба дунё омада оламест бо ҳазор розҳои нуҳуфта.
Мавлуд анъана, одат, урфу маросимҳо дорад, ки гуногунранганд, вале бо як мазмуну моҳият дар пазироии меҳмони нав. Агар рӯзе дар деҳае тифле ба дунё ояд, бонувони соҳибэҳтиром ба бачаҳо ширинкома медоданд ва овозаи тавлиди фарзанд дар як зум дар деҳа танин меандохт. Ва кампирони деҳа чиҳил рӯз модару тифлро танҳо намегузоштанд, то ки аз баду балоҳо ҳифз намоянд.
Дар оилаи тоҷикон омодагӣ ва пазироии тифл хеле зебо шакл мегирифт. Аз чашмрасаш дар аҳди пешин аз камон тир холӣ кардан буд, агар тифл писар бошад. Дар хонадони мо, гумонам, ин анъанаро хеле тулонӣ мунтазир шуд падарам. Зеро, мо-се духтар, пайи ҳам зода шудем ва орзуи бо садои тир шодии худро изҳор кардани падарам ҷомаи амал напӯшид. То кунун камонаш дар гӯшаи хона хомӯш овезон аст.
Ҳама ба коре андармон асту орзуҳо пушти ҳам хирвор мешаванд. Бо гузашти вақт чордарди модар ба ҳангоми зодан, ки, ба қавли мардум, «мемураду зинда мешавад», аз ёдҳо меравад, фаромӯш мекунанд, ҳатто худи модарон, зеро дар зодааш умеду орзу ва ормонҳояшро мебинад. Он лаҳзаи хушбахтӣ ва фирӯзро танҳо модар метавонад тасаввур намояд.
Ҳама насл зоданро аз камоли ду тан мешуморад, ки рисолаташон буд ва ҳикмати аслӣ парвариши инсони созанда ва нек аст, ки дар паяш таманниёти «Худо умри обаш бидиҳад!», «Садсола шавад». Ҳич тане намехоҳад фарзандаш дар ҳаёт ноком бошад. Кулли орзуҳои нек ба хотири бунёди ҷомеаест, ки ба нафъи инсонҳост.
Дар дафтари сабзи ҳаёт ҳамонҳое сабт мешаванд, ки хидмат гумордаанд ва шаъну шони мардумонашро баланд бардоштаанд. Фарзандони неку ростин такягоҳи мулку кишваранд, номашон намою рамзи миллат. Ҳаким Фирдавсиро барои симои Рустами Дастон дӯст медорам. Ҳамон Рустаме, ки асрҳо симо, сират ва номи миллате шуд ва тавлиди Рустам тимсоли ташаккули як миллат бо сарнавишти пурпеч ва сахту сангин аст. Ин ҳамаро бояд аз Ҳаким Фирдавсӣ пурсиду ҷустуҷӯ кард. Рудоба азият кашид дар зодани Рустам, ки бо ҷарроҳӣ берун кашида шуд. «Яке кӯдакӣ духтанд аз ҳарир» ва ҷойхобаш аз мӯйи самур буд бо тасвири ноҳиду ҳур, ба бозуяш нохуни шер бастанд, паҳлуяш синону кӯпон ниҳоданд, ки тавонманду бузург шавад. Маҳфили базм оростанд ва динору дирҳам бахшиданд. Сом бо диданаш бар сари фиристода дирам рехт ва фармуд деҳу шаҳрҳоро озин бастанд ва дил шод карду ба Зол нома нигошт, ки « зи тухми ту бар оини ман пуре зода шуд, ману туро пушт рост гардид». Ва ҳамон Рустам буд, ки наҷотдиҳандаи шоҳону Меҳан ва номусу нанги мардум гардид. Бе Рустам мушкил бар мушкилот биафзудӣ ва кори мулку кишвар хароб гардидӣ. Ба ин паҳлавон шабеҳ дар сарнавишти миллат мардон дорем, вале ангуштшумор.
Манзур аз пешгуфтори муфассал арзиш ниҳодан ба амалҳои фарзандони миллат аст. Борҳо саъй кардам, вале аз раъям пас гардонданам. Манзур, навиштани меҳрномае дар зодрӯзи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Кунун, ҳамчун фарзанд, шаҳрванд ва модар суханамро мегӯям. Дар шеъргунае эҳсосамро бо чунин зайл баён карда будам:
Ба инояти Худованд дару погаҳу дарат сабз,
Ба ҳақи муриду муршиду дуои модарат сабз…
Вале дилам тар нашуд. Ва ҳам шеър, ки жанри тахайюлист, воқеаро ба ҷид намегиранд. Ва бармегардам ба арзиши зодрӯз. Модари тоҷик 70 сол қабл тифле ба дунё овард, ки ҳич касе сарнавишташро муқаррар намедонист. На мунаҷҷим аз он кор гирифт ва на хирадманде аз ояндаи фирӯзаш сухан гуфт, вале ҳама дуогӯяш буданд. Дуову орзу дар бисоташ фаровон буд. Бо ин ҳама ниёиш бузург шуд ва барои худ ҷода кушод. Талош варзид. Чун дар хонаводаҳои инсонҳои одӣ ва заминӣ ба дунё омад, қаноатпеша ва хоксор монд. Ҳама пасту баландиҳои ҳаётро дид, шаҳд ҳам хӯрду заҳр ҳам. Хислатҳои доварӣ дар хеле масоил аз фаросати некаш дарак медоданд. Бо ин хислатҳо аз байни роҳбарони хоҷагиҳо вакил баргузида шуд. Вакил дар талоши адолат ба манфиати мардум буд. Бисёриҳо бар он боваранд, ки дар миёни вакилон аз ҳама боҷасорат, дилсӯз ва бедурӯғу беғараз буду андешаашро рӯирост ва бепарда мегуфт.
Хислатҳои ба ин радиф баробараш дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ рӯшантар ифшо гаштанд. Чаро аз миёни вакилон интихоб ба Эмомалӣ Раҳмон афтод? Зеро, вакилон он овон аз ӯ беҳтар Сарвар пайдо накарданд. Замона ноосуда ва ноамн буду ҳамин гуна шахсияти далеру ҷасур ва фидокору роҳнаморо мехост. Аз ҳамон даврон хислати худододаи роҳбариву роҳнамоии чун шамъи маҳфилу ӯ ба монанди Маҳтоб дар шаби тор фурӯзонтар гашт.
Хабару овоза ва ҳангомаҳо дар соли аввали сарвариаш бағоят зиёд буданд. Магар ин ҳолатро модараш эҳсос намекард. Ва ё мавҷи воҳимаҳо ба гӯши пайвандонаш намерасид? Борҳо шудааст, ки ӯро аз роҳаш гардонданӣ шуданд, вале раъйе, ки дошт, сарфи ирода кард ва пирӯз гашт.
Ёдам меояд ҳикояте, ки ба мавзуи таҳти назар бастагӣ дорад. Шоҳе аз даргоҳи Худо фарзанд хост. Ҳар шабро бо ҳамин орзу поён мебурд. Ҳатто барои се рӯз розӣ буд, ки фарзанде биёбад, то аз дидани орази накуяш ормон бишканад. Ончунон ҳам шуд, шоҳ писар ёфт. Дар рӯзи хостааш деҳу шаҳристонро орову озин бастанд. Ба ниёзмандон ҳадияҳо ато фармуд, аз ҳама гӯшаву канори кишвараш меҳмон даъват кард ва базми бузургу муҳташаме орост. Дар авҷи базму маҳфилҳо аввал ҳафт, баъд чил рӯз гузашт. Надимон аз ин бора огоҳаш сохтанд. Ӯ дар ниёишаш аз Парвардигор изҳори сипос намуд ва бо дили реш гуфт: « Амонаташро метавонад бигирад, ки аз пагоҳ тифл хандонрӯ хоҳад шуд ва аз даст доданаш барои падари лахти ҷигар гаронтар хоҳад буд». Садо аз арш омад:
«Воқеан, бароят серӯза фарзанд фиристода будам, аммо ҳар касе пораи нон хӯрд ва шодӣ карду аз Худо умри дарози тифлро хостор шуд. Ман бандаҳои худро ноумед намесозам!»
Дар ҳамон шабу рӯзҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кулли мардуми Тоҷикистон тансиҳатии Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмонро аз Парвардигор таманно мекарданд, ки аз ранҷу балоҳо эминаш дорад. Ӯ ниёзҳои мардуми ғамзада ва парешонро ба амал мебаровард. Ба воситаи Эмомалӣ Раҳмон наҷоти миллат амалӣ гардид. На танҳо сулҳ овард, балки дар муддати кӯтоҳ корҳое сомон ёфтанд, ки афсонаи ширин менамуданд. Ӯ дар саргаҳи таъмини истиқлоли воқеии кишвар ҷавонӣ ва неруи хешро ба назр дод. Роҳи тайнамудаи мардуми тоҷик ба садсолаҳо баробар аст. Ӯ рисолатеро пайгир аст, ки наслҳои шарафманди Исмоили Сомонӣ ҳазор сол боз дар орзуи анҷом доданаш буданд.
Зодрӯзи марди шариф муборак аст. Дар хидмату рисолати ҳамин гуна фарзандон зоҳир мешавад ҳикмати мавлуд ва посдории ҷашн шараф меафзояд ба мардумони мутамаддин. Мо, кулли мардуми Тоҷикистон, дуогӯи умри дарози наҷотбахши миллати тоҷикем
Шоҳона ОДИНАЗОДА