Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвар вазъи душвори сиёсӣ, иҷтимоӣиқтисодӣ, маънавӣ-ғоявӣ пеш омад ва қариб буд ҳамаи дастовардҳои даврони шуравӣ барҳам хуранд. Раванди нави таърихӣ дар назди халқи тоҷик вазифаи басо пурмасъул - ҳифзи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузошт.
Истиқлоли давлатӣ имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи мамлакатро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии халқро таъмин намуд. Истиқлол нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои 90-уми асри рафта водор намуданд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он биандешем. Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард. Мутаассифона, дар кишвар дар ҳамин давраи ҳассос қувваҳои сиёсие пайдо шуданд, ки ин масъулияти таъри хиро нодида гирифта, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатӣ боло гузошта, диёри арҷманди тозаистиқлолро ба гирдоби талошҳои сиёсӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва бесарусомониҳо кашиданд. Ин амалҳои нопоку фоҷиаҳо рушди ҷомеаи тоҷиконро ба даҳсолаҳо ақиб партофт. Хушбахтона, пеши ин фоҷиаро Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд (16.11.1992) гирифт ва он оғози наҷоти Истиқлоли давлатии Ватан буд. Интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар тақдири миллати тоҷик фоли нек гардид. Ин сана дар саҳифаи таърихи тоҷикон бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шуд.
Дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз талошҳои хастанопазири Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт. Имрӯз тоҷикон аз он ифтихор доранд, ки дар баробари дигар миллату халқияти олам ҳуқуқу раъйи баробар дошта, ҳувияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд. Аз ҳама бузургтарин муваффақият дар солҳои соҳибистиқлолӣ барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст ва вазифаи ҷонии мо чун гавҳараки чашм пос доштани ин неъмати бебаҳост ва бояд баҳри ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ саъю талош варзем.
Фарҳодҷон МУРОДЗОДА