Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кайҳо поён ёфта бошад ҳам, изи қадами наҳсаш ҳанӯз аз сарзамини мо зудуда нашуда буд. Баҳори афсункор бо тамоми тароваташ ба дилҳо гармӣ ва ба чашмони мардум сурур мебахшид. Автобус аз Душанбе ба самти водии Вахш ҳаракат мекарду мусофирони аз гармӣ нафасгиршуда, тирезаҳоро во намуда, аз тамошои сабзаву лолахасакҳои ду тарафи роҳ баҳра мебурданд. Дар роҳ қариб ки нақлиёт ба чашм намерасид. Муноқишаҳои бемаънӣ ба кулли соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсири манфӣ расонда буданд. Нарасидани техникаҳои гуногун, камбуди маводи сӯхт, набудани ҷойи кор, камии маошу ҷо-ҷо сар бардоштани гурӯҳҳои ҷинояткори яроқнок ва масъалаҳои ҳалталаби рӯзмарра монеи пешрафти кишвар буданд. Аз радиои дастӣ- ҳамсафари доимиам, садои гарми наттоқи барномаи «Ахбор» Субҳон Раҳматов баланд шуд:
«Ин ҷо, Душанбе. Соат сездаҳ. Дар мавҷ барномаи «Ахбор». Имрӯз, шашуми апрел, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боздиди кориашро дар ноҳияҳои Колхозободу Ҷиликӯл, Қубодиён, Шаҳритус ва Бешкент идома дод. Сарвари давлат дар ин ноҳияҳо бо фаъолияти хоҷагиҳои навбунёд, пахтакорону боғдорон шинос шуда, бо аъзои оилаҳое, ки аз вилояти Суғд, минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои иқомати доимӣ ба ин ҷо омадаанд, мулоқоту суҳбатҳо анҷом дод.» Барнома ба охир расиду садои форами думбра аз автобус берун шуда, ба оғӯши сабзаҳои махмалини беканор фурӯ мерафт. Шоҳроҳи Душанбе – Бохтар, ки дар ҳамон замон мероси замони шуравӣ буд, ноҳамвору фарсуда буд ва ду тарафи роҳ бо иморатҳои холию валангораш нишоне аз рӯзгори наҳсбори дирӯза буд.
Автобус ба маркази ноҳияи Шаҳритус баъди нисфирӯзӣ расид. Дар истгоҳ мардуми зиёде дар такопӯ аз паси ташвишҳои зиндагӣ ба ҳар сӯ равон буданд. Ба автобусе, ки ба самти Бешкент мерафт, савор шудам. Сафари ман ба сӯи водии Бешкент – ба ноҳияи навтаъсиси Бешкент буд (ноҳияи Бешкент дар қисмати ҷанубу ғарбии вилояти Хатлон ҷойгир буда, 26 феврали соли 1996 дар заминаи водии Бешкенти ноҳияи Шаҳритус таъсис ёфтааст. Ин воҳиди маъмурӣ то соли 2003 Бешкент ном дошта, 8 сентябри соли 2003, ба ифтихори 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, дар асоси пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, номи Носири Хусравро гирифт).Дар байни мардуми таҳҷоӣ чашмам ба нафаре афтод, ки сарулибос ва қиёфааш аз мусофирон фарқ дошт. Курсии паҳлуии ӯро холӣ дида, салом дода, дар бараш нишастам. Пас аз муаррифӣ маълум шуд, ки ҳамсуҳбатам омӯзгор аз ноҳияи Муъминобод Одинаи Азиз будааст. -Бо Султон Салим, ки ҳоло мудири маорифи ноҳия аст, дар донишкада ҳамсабақ будем,- пас аз шиносоиву андаке суҳбат, ба гап даромад Одинаи Азиз. -Ҳоло ниёзи як оиларо бо маоши муаллимӣ таъмин намудан амри маҳол аст, бар замми ин дар деҳоти кӯҳистони камзамин деҳқонӣ кардан низ мушкил. Ҳамсабақам маро ба кор хонд, муаллимони тоҷикидон ангуштшуморанд гуфт, замин ваъда дод, чанд гектаре, ки хоҳӣ, ёфта медиҳам, гуфт. Медонӣ, барои оилаи серфарзанд замини бисёр метавонад манбаи даромади хуб гардад, ҳамчунин, бар замми ин ҳавои гарми ин минтақа барои ду - се ҳосил гирифтан мусоид аст… - Хуб, Шумо чӣ, бародар, мисли ман мусофир менамоед, ба Бешкент бо чӣ мақсад равонаед? –пурсид дар интиҳои суҳбат мусоҳибам.-Ман аз ноҳияи Варзоб, дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» кор мекунам, ҳамсабақам Зафар дар дастгоҳи мақомоти марказӣ кор мекунад ва бо раиси ноҳияи Бешкент дӯстӣ дорад. Раиси ноҳия аз набудани мутахассисон тангдастӣ мекашидааст. Барои бо забони давлатӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатнигорӣ илтимос кардааст, ки мутахассис фиристанд. Дар масъалаи манзил ягон мушкилӣ надоштаанд. Барои ман, ки солҳо иҷоранишинам, соҳиби ҷойи кор ва манзили зист шудан айни муддаост. Бинобар ин, пешниҳоди Зафарро пазируфтаму ҳоло дар паҳлуи шумоям…Ҳар ду ба шаҳраки Баҳор расидем. Дар роҳ бо ҳам маслиҳат кардем, ки аввал ба назди раиси ноҳия медароем. Раисро наёфтем, гуфтанд, ки соати 23 биёед, ситоди пахтасупорӣ доир мешаваду раисро низ метавон пайдо кард. Мо рӯзро дар чойхона ба сар бурдем, шаб ба бинои мақомот ворид гаштем. Дар долон раисони хоҷагиҳо, роҳбарони мактабҳо, раисони деҳоту маҳаллаҳо – мардуми зиёд саргарми сӯҳбат буданд. Ба толор даромада дар кунҷе нишастем. Баъди чанд лаҳза ситод саршуд. Баррасии рафти пахтачинӣ, нарасидани техника, камбуди сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, заҳрхимикатҳо, оби нӯшиданиву полизӣ, сар задани бемориҳои сироятӣ, баланд шудани сатҳи оби зеризаминӣ, шӯршавии заминҳо, набудани бинои мактаб, омӯзгорони фанни забони давлатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, мошини ёрии таъҷилӣ, дорухона, дорухонаи байторӣ, нарасидани табибон, омӯзгорон, мизу курсиҳо барои хонандагон, пайдо шудани сагҳои девона, кирми термит ва валангор шудани қисми биноҳои деҳоти Бешкент-4, таъмири пойгоҳи обкашии Бешкент-2, таъмини муҳоҷирон бо манзили зист, набудани роҳи мошингард ба деҳаи Корез ва дигар масъалаҳои ҷорӣ то дамидани субҳ идома ёфт. Инак, аз он айём 20 сол сипарӣ шуд. Боз ман сӯи водии Бешкент роҳ гирифтам. Роҳи васеи замонавӣ. Паҳноии роҳ аз 16 то 25 метр, ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ, аз байн бо девори бетонӣ самти муқобили ҳаракат ҷудо, роҳ, бо вуҷуди сермошин буданаш, роҳат ва ҳамвор аст. Имрӯз ҷашни арӯсии фарзанди хурдии Одинаи Азиз аст. Ман ба ин хотир набераҳоямро аз Душанбе ба Бешкент мебарам. Гӯшаки радиоро тоб медиҳам. Ровӣ дар гуфтор буд: «Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Носири Хусрав ташриф оварданд.Дар деҳоти «Истиқлол» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонон бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, хоҷагидорон ба парвариши дарахтони гуногуни мевадиҳанда, пунба, ғалладона, картошка ва зироатҳои полизӣ машғул буда, аз кишти такрорӣ ҳосили дилхоҳи кунҷит, дони ҷуворимакка, мош ва тарбузу харбуза ба даст меоранд. Нашъунамои пахта хуб буда, интизор аст, ки аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳияи Носири Хусрав дидан карданд. Аҳли заҳмат навъҳои гуногуни меваҳои шаҳдбор, мағзу мавиз, полизӣ ва маҳсулоти нониро ба намоиш гузоштанд. Ҳамаи ин маҳсулоти кишоварзӣ самараи заминҳои пурбори ноҳияи Носири Хусрав буда, ҳамасола деҳқонон бо истифодаи самараноку оқилонаи ҳар порча замин ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд ва бо ин дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ҳиссаи сазовор мегузоранд.» Бале, имрӯз Президенти Тоҷикистон дар водии Бешкент 16-умин мактаби чорошёнаи навро ифтитоҳ мекунанду набераи ману Одинаи Азиз Нӯшин он ҷо шеър мехонад ва мо бояд тезтар ҳаракат кунем. Вақт тез даргузар аст, ба шарофати сулҳу субот, бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз на ин ки як ноҳия ё як водӣ, балки тамоми Тоҷикистон гулгулшукуфон асту ободию озодӣ тантана доранд. Ана мо ҳам ба маъвои дониш расидем, боми баланди мактаби навро Парчами давлатии Тоҷикистон оро медиҳад. Парчами ободию озодӣ, парчами ифтихор. Шукри истиқлолият, шукри Тоҷикистони озод!
Ораш ОСАФ