Медонам, ӯ барои ҳастиву бақои миллати хеш ҳар он чи ки аз дасташ омад, дареғ надошт, тоҷику Тоҷикистон гуфту дар ғаму дард, шодию сурури ҳамватанон шарик ва дар ин роҳ ҷавониаш ноаён паси сар шуду мӯйи сараш сафед гашт…
Исми ӯ барои ҳар нафаре, ки худро тоҷику тоҷикистонӣ меҳисобад ва худро аз ин Ватан мехонад, бояд азизу муътабар бошад. Аз ҷумла, барои ман ҳам. Вақте мард кору кирдор ва рафтори мардона дораду ба ваъдаи хеш вафо ва алорағми ноадолатиҳо сина сипар мекунад, бояд ҳамагон, ба қавли пирон, ба ӯ тан диҳанд. Ҳоло, ки қалам рӯи коғаз мондам, садҳо намунаи мардӣ, садҳо ироаҳои мардӣ ва садҳою ҳазорҳо мардона ва далерона сухан гуфтану гом ниҳоданаш барои Истиқлоли давлатӣ пеши назар меоянд.
Мурод аз ин гуфтаҳо ба ҷуз меҳру ихлосу ватандорӣ ба Президенти мардумӣ, ки дар кулли интихобот аз сидқ ба ҷонибдориаш овоз додаам, дигар чизе нест. Андешаҳои худро дар остонаи 70-солагии Сарвари муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан ҳам дар ин муддат, ба вижа дар 30 соли зимоми роҳбарии давлатро ба даст доштанаш, ба сад не, балки ба ҳазору як мушкил дарафтод, ёд овардан мехоҳам. Аммо боз ҳам аз чи оғоз кардану дар куҷо анҷом доданамро намедонам…
Беҳтар он аст, ҳафт хотирае, ки маро бештару бештар дар ҳар нафас пеши назар меояд, рӯи коғаз биёрам. Ному насаб ва номи падар, Эмомалӣ, Раҳмон, Шариф, - ҳама исмҳои худододӣ. Метавон бе муболиға ба он тан дод, ки ин марди бузург фиристодаи Аллоҳ буд: «Бирав, бихез, бигӯй ки, ман розиам, ман наметарсам, ман ин Ватанро аз ҳарвақта дида дӯсттар дорам ва онро аз вартаи ҳалокат наҷот мебахшам», нахуст.
Дувум, ӯ дар аввалин ироаи хеш ҳамватанонро бовар кунонд, ки қосиди сулҳ асту то охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан бозпас наорад, худро ором ҳис намекунад ва пайдост, ки ба қавли хеш вафо кард, мардуми бумӣ ду бора ба зодгоҳи хеш баргашт, нафаси тоза гирифт, барои тоҷику Тоҷикистон сулҳ овард. Далерию шуҷоат ва мардонагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шабакаҳои ватанию хориҷӣ баъди он садо дод, ки собиқ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Сайдамир Зуҳуров ва кормандони ташкилотҳои хориҷиро аз чанголи қумандони мухолиф Баҳром Садиров раҳо намуд. Президент сохтмони НБО «Роғун»-ро аз сар гирифт ва ба соҳибкорону ҳамватанон рӯ овард, ки дасти ба даст онро бунёд созем. Аммо чун маърака ҳамовозии амиқ пайдо накард, дар яке аз маҷлисҳои Ҳукумат бо боварӣ изҳор дошт: «Давлат қуввату тавоноӣ дорад ва мо Роғунро месозем, ман аз роҳи пешгирифтаам пас нахоҳам гашт». Ва шукрона аз ин бовариҳо, ки имрӯз ду чархаи неругоҳ барои Тоҷикистон барқ истеҳсол мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз в охӯриҳои хеш бо ҳамватанони бурунмарзӣ дар Федератсияи Россия ҳангоми суҳбат ишора намуданд: «Президентро танқид кунед, давлату ҳукуматро бадном кунед, чи ки мехоҳед гӯед, аммо ҳеҷ вақт ба Ватан – миллат хиёнат накунед, ки ин гуноҳи бузург ва нобахшиданӣ аст». Магар аз ин дида фалсафаи бузурге ҳаст Яке аз шоҳидони ҳол ба ёд овард, ки ҳангоми аз кори картошкапарварони ноҳияи Лахш дидан намудан, Президенти муҳтарами Тоҷикистон ниҳоли картошкаро аз замин канда аз ҳосили он лаззат бурд ва дар ҳоле ки мардуми табиатан меҳмондӯсти Лахш ба дастони Сарвари давлат об рехтан хостанд, ӯ нагузошт: «Ман ҳам фарзанди деҳқонам ва аз сари замину киштаҳо файз ёфтаам», - гуфту бо рӯймолчааш дастонашро пок намуд. Ин на танҳо нишони хоксорӣ, балки арҷ гузоштан ба хоки поки Ватан ва ба меҳнати сангини деҳқон низ ҳаст. Ҳафтум ишораи Сарвари давлат ба доварони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» буд, ки мегуфт: «Шумо кӯдаконро тавре имтиҳон мекунед, ки толиби илмро яъсу ноумедӣ фаро мегирад…». Ин гуфта гувоҳ ба он аст, ки ҳама нақшаву чорабиниҳо аз таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат дур намемонанд. Ман борҳо ашки Сарвари давлатро дидаам, гаҳе ашки шодию гаҳе ашки ғам, аммо сеи он аз хотир намеравад. Аввалинаш дар иҷлосияи тақдирсози шаҳри Хуҷанд буд. Асное, ки аз минбар поин шуду бо панҷаҳои гирову мардонааш Парчами давлатро ба машом бурду бӯсид ва аз Яздони Пок имдод ҷуст…
Дувумӣ дар шаҳри Хоруғ ҳангоми суханронии духтарчае буд, ки ҳасрати бепадарӣ мекарду орзуи донишҷӯ шуданро дошт. Ва Президенти Тоҷикистон дар ҳоле, ки дарун ба дарун мегиристу ашки худро аз аҳли толор пинҳон медошт, духтаракро бовар кунонд, ки худро бе кас напиндорад ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон саробони онҳост ва ҳеҷ гоҳ ятимонро танҳо гузоштан намемонанд. Савум, аснои аввалин сафари расмии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев буд. Ҳангоми гусели ӯ дар майдони ҳавопаймо роҳбарони ду давлат бо чашмони пурнам чун ёру бародар, дасти якдигарро самимӣ мефишурданду оғӯши меҳр аз ҳам ҷудо кардан намехостанд. Ва дилу чашму забони ҳар ду як сухан мегуфт: «Яхҳои душманӣ об шуданд, мо дӯст будем, ҳамсояи қарин будем, то абад ҳамсояву дӯст хоҳем монд». Ин хотираҳои пареш аз ҷараёни суҳбату вохӯриҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилу дидаи ман чун як шаҳрванди ҳамин кишвар мақоми воло доранд.…Мӯи сараш сафед шуду дар ин сафедиҳо сафедиҳои рӯзгори мардуми шарифи Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони давлату миллати тоҷикро мебинам. Лутфи ин ҷониб чунин аст: «Эй кош баъд аз 70 - солагӣ дар солҳои зиёди оянда дигар мушкилеро набинӣ, Сарвари азизу маҳбуби мо».
«Бонувони Тоҷикистон»