Инак, боз сухан аз Истиқлол аст. Ва ҳар гоҳе сухан аз ин вожаи муқаддас ва зебову дилнишин ба миён ояд, руҳ болида ва қалб саршор аз фараҳу шодӣ мегардад. Зеро Истиқлол асоси ҳастӣ ва бақои давлату миллат аст. Ин неъмати бузург – Истиқлол омили асосии бедорӣ, шинохти арзишҳо ва ҳувияти миллӣ, рушду тараққии мамлакат, заминаи боэътимоди нақшофарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард ва, инак 31 сол мешавад, ки ҳамчун кишвари озоду мустақил бо равиши хоси худ, бо эътирофи арзишҳои умумибашарӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар саҳнаи ҷаҳонӣ ҳузур дорад.
Тоҷикистони азиз дар ин муддати барои таърих начандон тулонӣ аз як кишвари «ҷангзада» ба як кишвари босуботу пешрафта ва фаъолу ташаббускор дар минтақа ва ҷаҳон табдил ёфт. Ҳамаи ин аз баракати сиёсати амалгаро, санҷидашуда ва ботадбири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардид.Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кишвари мо тавонист ваҳдату ҳамдилӣ, субот, пешрафт ва шукуфоиро дар дохил таъмин карда, ҳамзамон, ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ касб намояд.
Хушбахтона, шаҳрвандони кишвари мо сол аз сол ба дарки мафҳуми Истиқлол бештар мерасанд, барои ҳифзи он омодатар ва ба хотири тақвияти он зиёдтар талош меварзанд. Ин ҳама нишонаи як миллати бедор, худогоҳ, ватандӯст ва пешрав мебошад. Имсол Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шароите таҷлил мегардад, ки мафҳумҳои ормони миллӣ, истиқлол, озодӣ, демократия барои ҳар як сиёсатмадору зиёӣ, олиму муҳаққиқ ва тамоми мардуми Ватани азиз рӯшан аст ва масири расидан ба ин ҳадафу ормонҳо мушаххастар шуда, ҳаракат барои пешрафти бештари мамлакат дар тамоми заминаҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ суръати нав пайдо менамояд.
Расидан ба давлатдории миллӣ, ёфтани мақом ва ҷойгоҳи шоиста дар арсаи байналмилалӣ, эҳёи расму оин ва фарҳанг, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, кушодани роҳҳо ва таъмини рафтуомади доимӣ дар дохил ва бо ин васила таъмин намудани ваҳдати воқеии миллӣ, рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати пешбурди ҳадафҳои байналмилалии кишварамон, эҳё ва бузургдошти чеҳраҳои мондагор ва фарзандони баруманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳама самараи Истиқлол буда, ҳувияти миллиро қавитар ва ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ устувортар мегардонанд.
Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд гардида, бонувони тоҷик дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми босазои худро мегузоранд. Боиси иқболу сарфарозии мо, занону духтарон аст, ки имрӯз давлатҳои мутараққии дунё аз сиёсати пешгирифтаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии бонувон дарси ибрату маърифату адолат омӯхта истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳое дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ мебошад, ки баробарии занону мардонро дар Конститутсия абадан сабт намуда, шароити заруриро барои рушди бонувон фароҳам овард. Ин нукта дар банди дуюми моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидааст: «Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Инчунин, бо мақсади ноил шудан ба баробарҳуқуқии воқеии мардон ва занон ва бартараф намудани як қатор монеаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва афкори умум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89 қабул гардид, ки масъалаҳои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занонро ба танзим медарорад.
Ин нуктаи Конститутсия барои давлат ва ҷомеа ду арзиши бузургро ифода мекунад. Аввалан, Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон ба олитарин ҳуқуқи инсон, яъне баробарӣ эҳтиром гузошта, онро эътироф намудаанд. Сониян, ин арзиши олиро дар ҳуҷҷати расмии сарнавиштсози миллат расман сабт намудаанд, ки минбаъд рушди кишвар ва роҳандозии муносибатҳо дар заминаи он сурат мегиранд. Пас, мо - бонувон бояд дар посух ба ин ғамхориҳо дар пойдору устувор мондани сулҳу ваҳдати кишвар, солиму обод нигоҳ доштани оила ва таълиму тарбияи насли солиму ояндасоз бо камоли садоқату самимият талош варзем, дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва ҳувияти баланди миллӣ тарбия намудани насли ҷавонро ба роҳ монем, ба ояндагон ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва поку беолоиш ба мерос гузорем. То имрӯз дар кишвар садҳо барномаву стратегияҳое қабулу татбиқ гардиданд, ки мақому ҷойгоҳи занонро баланд бардошта, нақши онҳоро дар рушду инкишофи давлат муассир гардондаанд. Илова бар он, татбиқ гаштани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии он барои солҳои 2021 – 2025 ба занону духтарони тоҷик имкониятҳои васеътар ба вуҷуд меорад. Дар ин росто, бояд махсус таъкид кард, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки 3 декабри соли 1999 ба тасвиб расид, таҳаввулоти бузургеро ба вуҷуд овард. Таҳия, қабул ва амалигардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар самти беҳдошти вазъи занон, аз ҷумла Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001–2010» ва панҷ барномаи дигар ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии хушунат нисбат ба занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарони фаъол ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувон мусоидат намуданд. Боиси тазаккур аст, ки Тоҷикистон дар минтақа нахустин кишварест, ки оид ба муқобилият ва пешгирии хушунат дар оила қонун қабул кард ва дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оиларо бо мақсади назорат ва амалисозии барномаҳои мазкур таъсис дод. Дар ҷумҳурӣ квотаҳои махсус амал менамоянд, ки ба занону духтарон дар самти маориф (Квотаи президентӣ барои бо таълим фаро гирифтани духтарони навоҳии дурдаст) ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкории занон равона гардидаанд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ бонувони Тоҷикистон тавонистанд, ки имкониятҳои навро дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳанг ба даст оранд: аз ҳисоби занон вакилони мардумӣ дар парлумони кишвар, мақомоти судӣ ва қонунбарор, хизматчиёни давлатӣ афзудан дорад. Ҳоло занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4442 нафар ё 23,9 дарсадро ташкил дода, аз 5787 нафар ишғолкунандаи мансабҳои роҳбарикунанда 1086 нафар ё 18,7 фоиз занон мебошанд. Бонувони Тоҷикистон мекӯшанд таҳти сарпарастӣ ва дастгириву роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дуруст истифода намудани имкониятҳои фароҳамомада ба қуллаҳои баландтар дар ҳама соҳаҳо бирасанд.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ муборак,
Модарону хоҳарони азиз!
Шоҳона СУЛАЙМОН