Таърих барои ҳар халқу миллат чеҳраҳоеро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ эҳдо мекунад, то бори сарҷамъӣ, хештаншиносӣ, танзим ва руш-ди миллатро ба дӯш дошта бошанд. Барои миллати тоҷик ин гуна шахсияти шариф Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХУ1 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз дар ҳамин нукта таҷассум ёфтааст, ки тавонист роҳбари наҷотбахшро ба халқи Тоҷикистон эҳдо намояд. Дар ин иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул гардида, муҳтаво ва мақсади асосии қабули онҳо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, таҳкими низоми давлатдории навини миллӣ, ҳифзи арзишҳои олии миллию давлатӣ ва ҳимояи сохтори конститутсионӣ равона шуда буданд. Дар қабули санадҳои мазкур, тарҳрезии барномаҳо дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳбари тозаинтихоб нақши калидиро бозид. Ӯ тавонист, бо вуҷуди ҷавонӣ, аз тарзу усулҳои тоза ва ба худ хоси идоракунӣ ва роҳбарӣ истифода намуда, Тоҷикистони ба хоку хун оғуштаро ба имрӯзи гул-гулшукуфон расонад ва сохтори фалаҷгаштаи давлатиро ба дараҷаи олии низоми идоракунӣ боло барад. Дар нахустин суханронии хеш ба симати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои аввалини стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қолаби гуфтаҳои «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва «Ман тарафдори давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам» таҷассум гардида буданд. Аз ин рӯ, чун сухан дар бораи «Меъмори ваҳдат», «Бунёдгузори давлати навини тоҷикон», «Тоҷикистони муосир», «Тоҷикистони соҳибистиқлол» ва амсоли инҳо равад, симои бузурги сиёсию давлатӣ, раҳнамои миллати тамаддунофари тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоён мешавад. Президенти Тоҷикистон на танҳо амнияти сохтори конститутсионии кишварро таъмин намуд, балки худ кафил ва ҳомии Конститутсия буда, барои эҷоди Консепсияи сиёсати ҳуқуқии кишвар таҳкурсии боэътимод гузошт. Муҳимтарин аркони давлатдорӣ ва заминаҳои сиёсати Президенти кишвар эҳё ва наҷоти миллату давлат, поягузории давлати навини Тоҷикистон ва такомулбахшии рушди иқтисодию иҷтимои кишвар дар нукоти зерин маъниёб гардидаанд. Якум, Пешвои миллат низоми нави ҳуқуқии кишварро бунёд гузошт. Парламенти дупалатагӣ ба миён омад. Вобаста ба ислоҳоти соҳаҳо заминаҳои ҳуқуқии нав бунёд ёфтанд, ки асоси рушди минбаъдаи мамлакатро таъмин намуданд. Дар Тоҷикистон дар самтҳои ҳаёти ҷомеа тағйироти куллӣ ба миён омаданд, ки барои ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва роҳ ба сӯйи иқтисодиёти бозорӣ имкониятҳои васеъро фароҳам оварданд. Дуюм, низоми нави маориф ва ислоҳоти илмро дар кишвар ҷорӣ намуд. Дар ин замина, барномаҳои нави таълимӣ таълиф гардида, низоми таълими миллӣ эҷод шуд. Қабули Стратегияи рушди маориф, Консепсияи миллии таҳсилот, қабули 15 Барномаи давлатӣ дар соҳаи маориф, бунёд ва таъмири садҳо муассисаҳои таълимӣ, қабули низоми кредитӣ дар соҳаи маориф, таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ шаҳодати гуфтаҳои болоянд. Сеюм, арзишҳои олии миллию давлатиро муаррифӣ намуд ва ба онҳо вазъи ҳуқуқии махсус эҳдо кард. Барои халқи Тоҷикистон дар ин ҳошия мафҳуми муқаддасоти он: Тоҷикистон, Конститутсия, Президент, рамзҳои давлатӣ, забони давлатӣ, пули миллӣ, арзишҳои олии миллию давлатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бештар рӯнамо гардиданд.
Чорум, муносибатҳои дипломатиро дар шакли нави миллӣ ба роҳ монд. Имрӯз Тоҷикистон бо 187 мамлакати олам равобити дӯстона ва ҳасана дорад, ки асосгузори ҳамаи ин муносибатҳо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, аввалин маротиба дар таърихи тоҷикон Сарвари давлат дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ҳамчун давлати «соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона» муаррифӣ намуд.Панҷум, фарҳанг (театр, кино, рассомӣ, наққошӣ, мусиқӣ ва ғ.) - ро дар тарҳи нав муаррифӣ намуд ва фарҳанги миллиро асос гузошт. Таҳти сарварӣ ва аз файзи сиёсати оқилона ба аҳли ҷаҳон тавассути сафарҳои ҳунарӣ ва намоишҳо халқи тамаддунофари мо ҳунарҳои миллии худ: шашмақомсароӣ, гӯрғулихонӣ, рассомӣ, кандакорӣ, атласбофӣ, чакандӯзӣ, сӯзанӣ, каҷкорӣ, таомпазӣ ва амсоли онро шинос намуд.Шашум, низоми самаранок ва муназзами иқтисодии кишварро бунёд кард. Дар Тоҷикистонбарои рушди намудҳои гуногуни моликият замина ба вуҷуд омад ва ин амал боиси тараққиёти бемайлони иқтисодии диёр гардид. Ҳафтум, ба тафаккури миллати тоҷик ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба тамаддуну фарҳанги худ, гуманизм, суннатгароӣ ва ватанпарвариро дар шакли муосир ва вобаста ба шароити муосир мақом дод. Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, ба модели идоракунии дигарҳо такя накарда, комилан, шеваи хоси миллии идоракунии худро дар идораи давлат истифода намуд, ки заминаи он аз таҷрибаи давлатдории гузаштагон сарчашма мегирад. Дар ин замина, марҳилаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони муосир таҳти низоми идоракунии самаранок ва муназзам дар марҳилаҳои эҳё, таҳаввулот, тараққиёт ва рушди бемайлон ифода ёфтанд. Халқи заҳматпешаи Тоҷикистон ҳадафҳои стратегии худро муайян намуд, ки ин мақсаду маром бо тадриҷ амалӣ гардида истодаанд ва имрӯз дар марҳилаи сифатан нави таърихӣ қарор доранд. Дар маҷмуъ, Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо сиёсати дохилию хориҷии худро ба ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ, амният ва ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, рушди иқтисоди бозорӣ, эҷоди заминаҳои устувори ҳуқуқию байналмилалии ҳамкориҳо равона кард ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманд бо мамолики ҷаҳон, созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, ки дархӯри манофеи миллии кишвар буданд, густариш ёфтанд.Маҳз ба шарофати истиқлолият ва файзи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Тоҷикистон имрӯз дар шумори кишварҳои дигар мавқеву манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ пайваста устувор мегардонад.
Маҳина КАЛОНОВА,
устоди ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино,
номзади илми филология