Ҳамоиши Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар неруи бузурги фаъоли сиёсиву иҷтимоии ваҳдатофару созандаи ин бахши муҳими ҷомеаро ба намоиш гузошт. Ҳайати корвон-модарон аз минтақаҳои гуногуни кишвар бо роҳбарии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода дар Театри вилоятии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ мулоқот орост. Ҳилолбӣ Қурбонзода оид ба нақш ва талошҳои хастанопазири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҷоди сулҳ ва таъмини ҳаёти шоиста барои мардуми кишвар сухан ронда, изҳор дошт, ки таҳти роҳбарии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва заҳмати пурмаҳсули сокинон Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ ноил гардид. Айни ҳол дар роҳи саноатикунонии босуръат гомҳои устувор гузошта шуда, бонувони соҳибкор ва ҳунарманд дар таҳкими ин раванд саҳми босазо доранд. Хайринисо Раҳимова, яке аз иштирокдорони ҳамоиш, ки зиёда аз 40 сол ҳамчун китобдори Китобхонаи бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳии шаҳри Хуҷанд кор кардааст, таассуроташро аз ҳамоиш ин гуна баён дошт: - Бароям муяссар шуд, ки дар ҳайати Корвони «Модарони ваҳдатсаро» нахустин бор аз шаҳру ноҳияҳои Бадахшон дидан кунам. Обҳои мусаффо, кӯҳҳо ва қуллаҳои сарсафеди баланд, вале бештар аз ҳама инсонҳои наҷиби меҳмондӯсту ҳунарманд, дилкушод ва самимӣ қалби моро тасхир намуд. Дар ноҳияи Рӯшон ба офаридаҳои бонувони ҳунарманд шинос шуда, бовар ҳосил намудем, ки чӣ тавр занон самаранок аз имкониятҳои коркарди дастии пашму муина истифода мебаранду маҳсулоти зебои серхаридор омода месозанд. Дар деҳаи Шидз бонуи соҳибкору ҳунарманд Басхотун Баёзова моро мизбонӣ намуд. Хонаводаи ин зани ҳунарманд аз саховати замини наздиҳавлигӣ ва сарватҳои табиии маҳал ба мақсади пур намудани сабади истеъмолӣ хеле хуб истифода менамояд. Ӯмаҳсулоти бофандагӣ ва дӯзандагиашро бо ранги табиӣ, ки худ аз рустаниҳои маҳал омода месозад,оро ва пардоз медиҳад. Шарбатҳои аз меваву гулу гиёҳҳои маҳал тайёр намудаи шаҳдбораш ба саломатӣ манфиатоваранду талаботи зиёд доранд. Аз гули қоқу бо усули махсус асал ва аз донакизардолую чормағз равған тайёр менамояд. Гулчине аз афкору андешаҳои иштирокдорониҳамоишро, ки дар мулоқот бо мардум изҳор доштанд, пешкаш менамоем.Сурайё Раҳимова, раиси Шурои занони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: Ташаббуси созандаи бонувони Боми Ҷаҳон омӯзанда ва шоистаи таҳсин аст. Дар ноҳияи Шуғнон ба фаъолияти зани соҳибкор шинос шудем, ки аз мурғпарварӣ, чорводорӣ ва заминкорӣ суд ба даст меораду рӯзгори хонаводаашро бароварда месозад. Хушоянд аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти озуқаворӣ босамар мавриди амал қарор гирифтаанд. Гулнисо Саидова, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Тоҷикобод: Сафар ва суҳбату мулоқот дар қалбамон таассуроти амиқ гузоштанд. Намое аз рӯзгори амну осуда ва созандаи кишвар, ягонагӣ ва ҳамдилиро дар истиқболи гарм ва меҳмоннавозии сокинон аз ноҳияи Дарвоз то Хоруғу Ишкошим баръало мушоҳида намудем.
Дар ноҳияи Шуғнон хонаи сарсафеди баланд, вале бештар аз ҳама инсонҳои наҷиби меҳмондӯсту ҳунарманд, дилкушод ва самимӣ қалби моро тасхир намуд. Дар ноҳияи табиӣ, ки худ аз рустаниҳои маҳал омода месозад, оро ва пардоз медиҳад. Шарбатҳои аз меваву гулу гиёҳҳои маҳал тайёр намудаи шаҳдбораш ба саломатӣ манфиатоваранду талаботи зиёд доранд. Аз гули қоқу бо усули махсус асал ва аз донаки зардолую чормағз равған тайёр менамояд. Гулчине аз афкору андешаҳои иштирокдорони ҳамоишро, ки дар мулоқот бо мардум изҳор доштанд, пешкаш менамоем. Сурайё Раҳимова, раиси Шурои занони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: Ташаббуси созандаи бонувони Боми Ҷаҳон омӯзанда ва шоистаи таҳсин аст. Дар ноҳияи Шуғнон ба фаъолияти зани соҳибкор шинос шудем, ки аз мурғпарварӣ, чорводорӣ ва заминкорӣ суд ба даст меораду рӯзгори хонаводаашро бароварда месозад. Хушоянд аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти озуқаворӣ босамар мавриди амал қарор гирифтаанд.
Гулнисо Саидова, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳияи Тоҷикобод: Сафар ва суҳбату мулоқот дар қалбамон таассуроти амиқ гузоштанд. Намое аз рӯзгори амну осуда ва созандаи кишвар, ягонагӣ ва ҳамдилиро дар истиқболи гарм ва меҳмоннавозии сокинон аз ноҳияи Дарвоз то Хоруғу Ишкошим баръало мушоҳида намудем. Дар ноҳияи Шуғнон хонаи урфии помириро муаррифӣ намуданд. Дар ҳар унсури он рамзҳои гуногуни муқаддаси ниёкон нуҳуфтаанд. Дар ин хона арӯсу домод, падар назири шоҳсутун ва модар ба ҳайси фариштаи нигаҳбону чароғи хонадон ва фарзандон меваи шаҳдбори волидон ҳар яке ҷой ва мақоми худро доранд.
Аз оби зулоли Чашмаи Носир нӯш ва аз осорхонаҳои шоир ва ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, доктори илм, ходими сиёсӣ ва давлатӣ Моёншо Назаршоев, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки дар таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург гузоштааст, дидан намудем.Тамошои кулбаи урфии Қаҳрамони Тоҷикистон бароямон хеле ҳаяҷонангез буд.
Зебо Баротова, роҳбари Маркази дастгирии бонувони шаҳри Левакант: Нақши бонувони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар бузург ҳасту ба ҳар ҷое сафар доштем, ин нақши созандаро дидем.Тӯтихон Назарова, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар: Хоруғро дар моварои кӯҳҳои азим ва сарбафалак тиллоӣ ва сокинонашро меҳрубону меҳмоннавоз дарёфтам.Ӯ бо истифода аз фурсат ба иштирокдорони мулоқот дар коргоҳҳои ҳунарӣ ва муассисаҳои фарҳангии шаҳр китоби «Таърихи Бохтар»-ро тақдим намуд. Дар қароргоҳи марзбонӣ бо хизматчиён мулоқот баргузор шуд, барояшон барномаи консертӣ пешкаш гардид. Раиси Шуро бо камоли ифтихор дар назди хизматчиёни ҳарбӣ изҳор дошт, ки дар Бохтар се иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд, ки яке 102, дигаре 100 ва савумӣ 97 сол доранд ва имрӯз насли ҷавон анъ-анаи қаҳрамононаи падаронро дар мавриди ҳифзи марзу буми Ватан сарбаландона ба ҷо меоранд. Аҳли корвон дар ноҳияи Роштқалъа ба тарзи тайёр намудани намад шинос шуданд. Дар Бадахшон расм аст, ки арӯс чун нишонаи бахти сафеду рӯзгори пурбаракат бо худ ба хонаи наваш намади зебову гулдори бо дастони модар тайёршударо мебарад. Меҳмонон ба ҳунарҳои мардумии гулдӯзиву бофандагӣ, оҳангарӣ, коркарди мӯина баҳо дода, аз осорхонаи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд дидан намуданд. Дар ноҳияи Ишкошим гурӯҳ бо чашмаҳои гарм, дижҳои бостонӣ ва маҳсули дастии мардуми ҳунарманду кишоварз шинос шуда, ин ҷоро чун осорхонаи ҳунарҳои қадимаи мардумӣ дарёфтанд.Тоҷикистонро бо Эмомалӣ Раҳмон ва Эмомалӣ Раҳмонро бо Тоҷикистон мешиносанд ва бо чунин Ватани озоду обод ва Сарвари маҳбуб ифтихор дорем, мегуфт сардабири рӯзномаи «Народная газета» Маҳбуба Камолова ва суханрониҳояш ҳар лаҳза ва дар ҳар мулоқот бо мавҷи кафкӯбиҳо омехта мешуданд.
Ҳамоиши Корвони «Модарони ваҳдатсаро» дар ВМКБ дар доираи таҷлили сазовори 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон доир шуд.Корвон ба намояндагӣ аз модарони Суғду Хатлон,Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашту Ҳисор ва шаҳри Душанбе чанд сол пеш ташкилёфта, ба бовари вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Гавҳар Шарофзода дар тарғиби сулҳу ваҳдат, ҳамгироии фарҳангӣ, рушди ҳунармандӣ васоҳибкорӣ ва беҳтар намудани ҳаёти иҷтимоии занон нақши муҳим дорад.
Мирзоҷалоли ШОҲҶАМОЛ,
ВМКБ