Аҳамияти Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки маҳз тавассути ҳамин иҷлосия дар кишвар ба тадриҷ сулҳ, оромию осудагии доимӣ ғалаба кард. Ҳаёти ояндаи ҳазорҳо одамон, ки ба сангарҳои муқобил кашида шуда буданд, аз хатар эмин монданд. Масъалаҳои халъи силоҳ ва авфи умум яке аз омилҳои дурандешона ва ҷавонмардонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Баргардондани гурезаҳои иҷборӣ, таъмини озуқа, манзили зист чораҳои неки андешаи Ҳукумат буданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон Иҷлосияи XVI Шурои Олии ҷумҳуриро ҳамчун иҷлосияи таърихии сарнавиштсоз мепазиранд, зеро маҳз ҳамин иҷлосия ба сулҳу ваҳдат асос гузошт.Он солҳо мардум дилшикаставу парешонхотир буданд. Касе ба касе бовар надошт, бераҳмиву бетартибӣ, ҷаҳолат дар шууру тафаккури аксарият чун заҳрпечак печида буданд. Садои тиру туфанг дар фазои кишвар даромехта, ба дили мардум тухми навмедӣ мекошт.
Одамон аз хонаву дар маҳрум гашта, даҳшатзадаву ҷон ба каф тарки Ватан мекарданд. Дар ҳамин рӯзҳои вазнин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷуръату ҷасорати мардона ва иродаи қавӣ гуфта буд: «Ман аз роҳи пешгирифтаам пас намегардам. Ман ҷонамро барои сулҳу оромии ин халқу ин Ватан гарав мондаам. Агар ҳамаи ин кашмакашиҳо, ҷангу хунрезиҳо бо нархи ҷони ман хотима ёбанд, ин сару тан ва ҷони азизам фидои ин халқу Ватан бод!».
Халқи шарифи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳо-кимияти давлатӣ тавассути иштироки бевосита дар маъракаҳои интихоботи Президенти мамлакат (солҳои 1994, 1999, 2006, 2013 ва 2020) ва додани раъйи эътимод ба фарзанди фарзонаи халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарнавишти фардои дурахшон ва сарзамини тоҷиконро муайян намуд ва дар интихоби худ хато накард.
Халқи тоҷик дар тули 30 соли баъди баргузории Иҷлосияи таърихӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии истиқлолияти давлатӣ чор ҳадафи стратегӣ: таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, саноатикуно-нии кишвар заҳмати зиёдеро ба харҷ медиҳанд.Имрӯзҳо ҳама кӯшишҳо ва талошҳои Ҳукумат бо мақсади фароҳам овардани шароити неку мусоид барои зиндагии осоиштаю шоистаи сокинони кишвар равона гардидаанд. Ба шарофати татбиқи стратегияву барномаҳои миллӣ дар 30 соли охир суръати миёнаи тараққиёти иқтисодии ҷумҳурӣ дар як сол ба 7,8 дарсад баробар шудааст. Дар ин муддат даромади буҷети давлатӣ аз 300 млн сомонӣ то ба 18 млрд сомонӣ афзудааст.
Яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд, ки алҳол амалӣ гардид. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳҳои автомобилгарди Душанбе – Мурғоб -Қулма, Дӯстӣ - Панҷи Поён, Душанбе – Хуҷанд -Чаноқ, Душанбе -Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент ва ғайра таҷдиду барқарор гардиданд. Бунёди нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Озодӣ» орзуи чандинсолаи мардумро ҷомаи амал пӯшонд. Ҷамъ дар ин давра, зиёда аз 2000 км роҳ, 240 пул, 30 км нақбҳои мошингузар, 190 км роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуданд.
Дар солҳои истиқлолият соҳаи ҳаётан муҳим кишоварзӣ низ рушд ёфт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ қариб 3 баробар афзуд. Дар доираи татбиқи барномаҳои гуногуни соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба 180 ҳазор гектар расонда шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 100 ҳазор гектар зиёд мебошад. Дар соҳаи фарҳанг комёбиҳои беназир ба даст омаданд. Бо иқдоми неки Сарвари давлат Наврӯзи тоҷикон мақоми байналмилалӣ гирифт. «Шашмақом»-и тоҷик ва ёдгориҳои таърихии «Саразм» ба рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуданд.Танҳо баъди соли 1991-ум 18 номгӯи ёдгориҳои таърихии кишвар ба рӯйхати иншооти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гаштааст. Инак, беш аз сӣ сол аст, ки миллати тоҷик бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш меравад, рушд мекунад, дастовардҳои Иҷлосияи сарнавиштсозро, ки беҳтарин неъмат ва кафили осудаҳолии мардум аст, ҳифз менамояд.Тоҷикистон дар давоми 30 соли соҳибихтиёрӣ тавонист ба як давлати дунявӣ ва пешрафта табдил ёбад. Сохтмони роҳҳо ва пулу нақбҳои замонавӣ,фурудгоҳҳои байналмилалӣ, корхонаҳои азими саноатӣ сокинони кишварро ба ояндаи аз ин ҳам дурахшонтар дилгарм сохтааст.30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун меросбари тамаддуни бузург, ганҷинаи бебаҳои илму дониш, маърифат, макону махзани сарватҳои моддӣ ва боигариҳои табиӣ истиқбол мегирад, ки ин ҳама хусусиятҳо мояи сарфарозию ифтихори ҳар як соҳибватан аст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дар байни 193 давлати олам яке аз кишварҳои поягузори сулҳу ваҳдат, озодию истиқлолият маҳсуб меёбад. Хусусан, таҷрибаи ба даст овардаи сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон намунаи ибрат аст.
Бибимарям ГАДОЕВА,
магистри илмҳои филологӣ