15 июли соли 2011 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба Файзобод дар Боғи фарҳанги ба номи Бозор Собир, дар рафти гуфтор аз Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ ёд овард. Хушмаҳмад Саидов, ин пири кордида, ки понздаҳ сол раиси ноҳия буд, бо маънии чуқур, лекин хеле одӣ гуфт: «Ин мардак (Эмомалӣ Раҳмонро дар назар дошт - Ҷ. М.) дар ҳамон иҷлосияи Хуҷанд роҳбарии давлатро ба уҳда намегирифт, Тоҷикистон тика-тика мешуд».
Ҳамин суханон то имрӯз дар гӯшам садо медиҳанд ва акнун ба навиштани сатрҳои зер водорам карданд.
Тоҷикистон, Ватани азизи мову шумо, садҳо нафар фарзандони асилу номӣ дорад. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон симои асилтарин фарзандони Тоҷикистон аст. Ӯ Президенти муътабар, ғамхори хурду бузурги кишвар мебошад, ки васфаш шеъру достонҳоро фаро гирифтааст. Асолату бузургии ӯ аз рӯзҳои нахустини сари қудрат омаданаш аён гардид. Воқеан, дуруст зикр кард пири хирад, яке аз дӯстдорони Тоҷикистон Хушмаҳмад Саидови зиндаёд: «Ӯ намешуд, Тоҷикистон тика-тика мешуд».
Ёд маро ба он рӯзҳо мебарад.
Ҳине, ки дар Хуҷанди бостон Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон мегузашт, бандаи камтарин 45-сола будам. Қиблагоҳ дар 73-солагӣ аз олам гузашт. Ҳодисаҳои мудҳиши солро пеши рӯ оварда, ба маънии навмедӣ аз зиндагӣ ба худ мегуфтам: «Дар пешонӣ умри чилупанҷсола навишта шуда будааст…». Зеро дар шафати шаҳри Кофарниҳон (Ваҳдати имрӯза), дар ағбаи Чормағзаку Шаршар ва Норак, шимолтар аз он ҷойҳо - дар Қӯрғонтеппа ва дигар манотиқи ҳамон ҷониб ҷанг мерафт, ҷанге, ки аз ҳасрат «бародаркуш» ном гирифта буд.
Мурдани худро ҳеҷ ҳисобида, дилам барои ҷигарбандонам -Нилуфару Парвонаю Фархундаву Маҳваш хун мегирист. Охир, ҳанӯз нахустинаш арӯсӣ надида буд. Силоҳбадастон ба Файзобод наомада бошанд ҳам, мешунидем: «Яроқбадаст ба киву куҷоӣ буданат, ба пирию ҷавониат кор надорад, намепурсад, ки коммунистӣ ё диндор, намозхонӣ ё бенамоз, прокурорӣ ё суд. Меояд, ғорат мекунад, дасти таҷовуз меандозад, мепарронад ва ҳатто… ба гӯрондан монеъ мешавад».
Гӯё қоидаи ҷанг ҳамин будааст. То ҳамон рӯзҳои баргузории Иҷлосияи таърихӣ садҳо ҷавонмардон, занону кӯдакон туъмаи ҷанг, ҳадафи тири хунсардон шуданд. Байни онҳо хешу ақрабои ман ҳам буданд. Баъдтар ҳисоб карданд, ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон қариб 150 ҳазор кас ба ҳалокат расидаву 25 ҳазор зан бешавҳар, яъне чандин ҳазор оила аз сарпараст маҳрум ва 50 ҳазор тифл ятим мондааст. Ба ин шумора 23 нафар қурбоншудаи субҳи 26-уми декабри соли 1992-и Сунбулоқ (Чашмасори ҳозира) низ шомил аст. Ҳамон шабу рӯз зиёда аз 70 нафар марди бегуноҳи гирду атроф, раҳакиву рӯякӣ, ҳадафи тири хунхорон гардид.
Прокурори вақти Файзобод Тӯйчӣ Саидов аз даҳшати ҷанг талх ҳасрат кард: «Дар Файзобод моҳи чорум вазифаи прокурори ноҳияро иҷро менамудам. Вазъият имкон намедод, ки ҳуқуқу масъулияти қонунии худро ба пуррагӣ ба иҷро расонам. Бояд мардона иқрор шавам, ки коркунони прокуратура, мисли дигарон дар андешаи халосии ҷони худу аҳли оила будем. Ҳукми яроқбадастон аз ҳукми қонун боло меистод. Сохтори ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фалаҷ гардида, алоқаи байни мову мардум ба тамом канда шуда буд. Сад ҳазор бор шукр, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷуръати мардона роҳбарии давлати фалаҷшударо ба уҳда гирифт. Ин кас намебуд, Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдату оромии имрӯза намерасид. Аз ватандӯсттарин фарзандони ин Ватан аст, ӯ…»
Марги ҳазорон нафар бегуноҳон барои давлати Тоҷикистон гаронтарин дард аст. Илова бар ин, ҷанг харобиҳои сангини иқтисодӣ овард, ки рафъи онҳо аз ҳукумати феълӣ, роҳбари имрӯзаи давлат ғайрату матонат, масъулияти ватандорию ватандӯстиро талаб намуд.
Фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавию мустаҳкам роҳбарии ҳукумати фалаҷшудаю миллати ҷангхӯрдаро ба уҳда гирифта, паи оштӣ дорондани тарафҳо кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод, то охирин гурезаро ба Ватан баргардондан худро ором нагузошт, баҳри рушди иқтисодиёти мамлакат камари ҳиммат баст, ободу барқарорсозии харобаҳоро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумат донист. Охир, зарари иқтисодии ҷанг беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод. Роҳбари давлат барои обод кардани харобаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дӯстони мо, ташкилотҳои хайрхоҳи байналмилалиро ҷалб намуд. Ин кор ҳам ҳунару истеъдоди роҳбариро талаб мекард.
Чаро нагӯем, ки аз баргузории чунин маҷлиси тақдирсоз, яъне Иҷлосияи шонздаҳум бисёриҳо шубҳа доштанд. Зеро қувваҳои ҳархела cap бардошта буданд, ҳизбу ҳаракатҳои навташкил ҳар кадом манфиати гурӯҳи худро пеш мегузоштанд. Калимаи «оппозитсия» вирди забонҳо буду ақидаҳои солимро аз ҳам дур мекард. Якчанд вохӯрие, ки дар ин ё он гӯшаи Тоҷикистон, масалан, дар Душанбе (22 апрели соли 1992 ва 7 майи соли 1992), Хоруғ (16 июли соли 1992), Хуҷанд (ноябри соли 1992) баҳри хотима додани ҷанг баргузор гардиданд, натиҷаи дилхоҳ надоданд. Зӯроварие, ки аввали моҳи сентябри соли 1992 нисбат ба вакилон ва аъзои Шурои вазирон раво диданд, бовариро аз ҳукуматдорони вақт коста гардонд. Тоҷикистони ноамн «лидер»- ҳои бешумор пайдо карда буд. Ҳарфи «Мо» қариб аз забони «лидер»-ҳо афтида буд, ҳама «Ман» мегуфт.
Иҷлосияи шонздаҳум дар осмони Тоҷикистон ҳамчун офтобе тулуъ кард, ки бо нурҳои дурахшонаш ғуборҳоро парешон намуд, абрҳои сиёҳро ба борони гарми сулҳу оштӣ табдил дода, ба дилҳои пуркин меҳру вафо андохт. Иҷлосияи шонздаҳум баробари воқеаи муҳими сиёсӣ буданаш, дар марҳилаи таърихии давлатдории тоҷикон давраи наве гардид, ки ба фаъолияти қонунгузорӣ асоси мустаҳкам гузошт. Ин кор бо азму ирода, донишу ғайрати шахси аввал – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд. Ӯ, воқеан, ваҳдату оромӣ, шукуфонию рушду нумӯи Тоҷикистонро кафил гардид ва ба савганди дар Хуҷанд додаи худ содиқ монд.
Иҷлосияи Хуҷанд қарору қонунҳое қабул кард, ки аҳамияти таърихӣ дошта, ба тақдири талхи мардумони бегуноҳи ҷафокашида шириниҳо бахшид. Қабули қонунҳо «Дар бораи ба ҷойи истиқоматашон баргардондани гурезаҳо» ва «Дар бораи авфи умумӣ» аз ҷумлаи ҳамон асноди тақдирсозанд. Ин санадҳо, чи тавре мо тавассути телевизион мушоҳида менамудем, шахсан бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, ки нав Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуда буд, рӯи кор омаданд.
Банда бо тақозои касби рӯзноманигорӣ рафти Иҷлосияи мазкурро бо таваҷҷуҳи зиёд тамошо мекардам. Ҳиҷ аз ёд намеравад: пас аз Сарвари давлат интихоб шудан Эмомалӣ Раҳмон назди фирориёни тоҷик, онҳое, ки аз тарсу ҳарос тавассути дарёи Панҷ ба Афғонистон мегузаштанд, рафт. Дар набудани ӯ пешбарии кори Иҷлосия ба зимаи муовини тозаинтихоби раиси Шурои Олӣ Қозидавлат Қоимдодов афтод. Ҳамон дам набудани шахси якум ҳис карда шуд, иштирокчиён низоми ҷаласаро риоя намекарданд. Хулоса гирифтем, ки Эмомалӣ Раҳмони соҳиби санъати роҳбарӣ ва сиёсатмадори тавоно аст…
Пас аз иҷлосия, ҳарчанд задухӯрдҳои мусаллаҳона дар баъзе нуқтаҳои ҷумҳурӣ идома доштанд, дар дили мардум чароғи умеди оромию сулҳу субот фурӯзон гардид ва 40 гуфтушуниди ғайрирасмию расмӣ натиҷа дод. Ва ахиран музокироти Москва байни Ҳукумат ва намояндагони неруҳои мухолиф гули ормони халқи тоҷикро чун ғунча во кард. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Москва бо ҳуҷҷати тақдирсоз-Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба Душанбе баргашт.
Маҳз ҳамин иҷлосияи таърихӣ барои инкишофи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ роҳи васеъ кушод. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ва худро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда тавонист. Парлумони мамлакат бо эълон намудани принсипи волоияти қонун силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кард, ки таҳти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд.
Ҷӯрабек Муъмин
Корманди шоистаи Тоҷикистон, ноҳияи Файзобод