Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ба бонувон ҳамчун ба қишри асосии ҷомеа такя намуда, ҷиҳати тақвияти саҳми онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар тавассути тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби бонувони лаёқатманд ва фаъолу ташаббускор ва ҷалби онҳо барои фаъолият дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъин ба мансабҳои роҳбарикунанда мунтазам таъкид намуда, масъалаи мазкурро дар меҳвари сиёсати худ қарор додаанд.
Дар партави сиёсати созанда бо мақсади тақвият бахшидани иштироки бонувон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ силсилаи тадбирҳои муассир роҳандозӣ гардиданд. Вобаста ба иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идораи давлат, аз ҷумла, ҷалби занон ба хизмати давлатӣ бо назардошти мақому мартабаи шоистаи бонувон, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии занон ва ихтиёр доштани роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд дар марҳилаҳои ҳассос ва оғози даврони соҳибистиқлолӣ санадҳои муҳим қабул ва роҳандозӣ гардиданд.
Қабули фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим дошта, тибқи он стандартҳои ақали иштироки занон дар идоракунии давлатӣ муқаррар гардида, барои таҳкими сиёсати гендерӣ дар ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда заминаи устувор гузошт.
Бо мақсади иҷрои фармони мазкур мақомоти давлатӣ ва худидоракунӣ масъалаи ба ҳайати роҳбарикунанда, аз ҷумла, дар вазифаи яке аз муовинони роҳбари мақомоти давлатӣ ва ҷамоатҳо таъин ва ё интихоб намудани занонро тақвият бахшиданд.
Бо мақсади ноил шудан ба баробарҳуқуқии воқеии мардон ва занон ва бартараф намудани як қатор монеаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва афкори умум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, №89 қабул гардид, ки масъалаҳои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии ҳуқуқу имкониятҳои мардону занонро ба танзим медарорад.
Минбаъд ҳам, дар ин самт қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд», «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраҳои миёнамуҳлат ба тасвиб расиданд, ки ҳамагӣ барои иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар нигаронда шудаанд.
Бонувон ҳамеша дар меҳвари сиёсати дурандешонаи Ҳукумати кишвар қарор дошта, маҳз бо таваҷҷуҳи доимӣ ва шароити мусоиди худташаккулёбии фароҳамовардаи давлат, такя ба таҳкими меъёрҳои демократӣ дар баробари равшангари рӯзгору чароғи хонадон, тарбиятгари фарзанд ва насли ҷавон, ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ буданашон, имрӯз ҳамчун ходими давлатию ҷамъиятӣ фаъолият дошта, чеҳраи сиёсии занон дар ҷомеа беш аз пеш тобнок гардида истодааст.
Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 зикр гардид, ки занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла хизмати давлатӣ, илму маориф, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона хизмат мекунанд.
Мувофиқи таҳлили омории соҳаи хизмати давлатӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2022 дар мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот теъдоди умумии бастҳои корӣ 21696 воҳидро ташкил дода, шумораи хизматчиёни давлатии амалкунанда 18559 нафар (85,5 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3137 адад (14,4 фоиз) мебошад.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4442 нафар ё 23,9 дарсадро ташкил дода, аз 5787 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1086 нафар ё 18,7 фоиз занони роҳбар мебошанд.
Теъдоди занон дар мансабҳои сиёсӣ - 11 (соли 2021 - 11) нафар, мансабҳои категорияи олӣ - 89 (соли 2021 - 93) нафар, мансабҳои категорияи якум - 73 (соли 2021 - 73) нафар, мансабҳои категорияи дуюм - 108 (соли 2021 - 107) нафар, мансабҳои категорияи сеюм - 584 (соли 2021 - 572) нафар, мансабҳои категорияи чорум - 370 (соли 2021 - 368) нафар, мансабҳои категорияи панҷум - 1160 (соли 2021 - 1145) нафар, мансабҳои категорияи шашум - 1221 (соли 2021 - 1208) нафар, мансабҳои категорияи ҳафтум - 902 (соли 2021 - 908) нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 12060 нафар, аз ҷумла, 2942 нафар (24,4 фоиз) занон фаъолият дошта, аз 3193 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 549 нафар (17,9 фоиз) занони роҳбар мебошанд.
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шумораи хизматчиёни давлатӣ 3560 нафар, аз ҷумла, 989 нафар (27,7 фоиз) занон буда, ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1447 нафар, аз ҷумла, 317 нафар (21,9 фоиз) - ро занон ташкил медиҳанд.
Теъдоди хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 3081 нафар, аз ҷумла 587 нафар (19,0 фоиз)-ро занон ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда 1124 нафар аз ҷумла, 247 нафар (21,9 фоиз) занон фаъолият доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити арзандаи иҷтимоиро барои ҳар як шаҳрванди кишвар таъмин намуда, имкониятҳои боз ҳам беҳтарро барои иштироки бонувон дар сиёсат фароҳам овардаанд, ки зиёд гардидани сафи занон дар сиёсат ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ гардидани онҳо шаҳодати ин гуфтаҳост.
Дилноза Аҳмадзода
муовини директори агентии хизмати давлатии
назди Президентии ҶТ