Бузургтарин неъмати мо сулҳ аст!
Эмомалӣ Раҳмон
Инсоният истилоҳи ҷангро намепарастад, дӯст намедорад ва ҳатто кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ин истилоҳи шумро ба забон наорад. Ин истилоҳ тороҷгари манзилҳои обод, шаҳру деҳаҳои гулафшон ва давлатҳои рӯ ба тараққист. Ин вабо аст, бало аст, ки ногаҳон бар сари мардуми орому осоишта мисли чанголҳои деви сиёҳ расида, маконҳоро хароб, дилҳоро озурдаву пур аз ғам, фарзандонро дар ҳасрати рӯи падару модар, хешу ақрабо, волидонро дар фироқи фарзанд ва азизони гумгашта ҷигаркабоб месозанд. Охир, кадом ҷанг хонаҳоро обод, маҳаллаҳоро шукуфон ва дилҳоро шод карда буд? Ҷанг бадбахтӣ ва саргардониҳои зиёдеро ба бор меорад.
Имрӯзҳо авзои нобасомони Афғонистон, Украинаву дигар минтақаҳои ҷангзадаи ҷаҳонро дида, пеши назар парокандагиву парешониҳои ҳамватанон дар солҳои 90-уми асри ХХ меоянд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои мо чӣ дод? Як кишвари валангор, хонаҳои дар коми оташ нестгашта, мардуми сарсону саргардон, фарзандҳои дар гузару маҳалла, дараву дарғотҳо аз дасти ғаддорон кушташуда, заминҳои зору ҳайрони киштногашта, модарони аз ғами фарзандон ақлгумкарда, хоҳарони дар ҳасрати додару бародар сӯхта, арӯсони бахтгумкарда, фарзандони бепадармонда, гурезаҳои беватан, гӯристонҳои ғарибон, кӯҳу пуштаҳои аз хуни шаҳидон лолагун, мурдаҳои дар кӯчаву растаҳо афтода, ҳамсояҳои аз ҳамдигар ҳаросон, асабҳои хароб, дилҳои пур аз ғам, пур аз тарсу ҳарос, руҳи ноором ва ғайраҳо. Ин аст кори ҷанг дар хонадони ҳар кадоми мо. Аз нооромиҳои як гӯшаи диёр дар хавотирем, ки наход боз дасти пур аз хун ва нобакори ҳасудхӯр ба сӯи ин кишвари офтобӣ, орому озод ва ин манзили орому осоишта равона шуда бошад? Аслан гуфтаанд, ки хонаи ободро ҳасудхӯронаш зиёд аст, рост мегӯянд. Барои он ки ин хонаву дари обод дар тарбияи фарзандон ва мардуми шарифаш хизмат бикунад, соҳибхона бояд меҳрубон, хушмуомила, ҳушёру зирак бошад, ки мабодо гармии хонадон аз бемеҳрии аҳли он сард гардаду бо мурури замон манзили гургону шағолон шавад.
Барои нигоҳ доштани гармии хонадон моро месазад, ки фарзандони худро дар руҳияи дӯст доштани марзу бум, худшиносии миллӣ ва ифтихор доштан аз гузаштаву имрӯзаи миллат тарбия намоем ва ба воя расонем. Фарзандон эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳифзи кишвари азиз аз тӯфонҳои вайронкори ободиҳоро дошта бошанд.Солҳои 90-уми асри гузашта барои мо тақдирсоз буд. Дар ҷанги таҳмилии душманон зиёда аз 150 ҳазор нафар фавтидаву зиёда аз 50000 тифл ятим мондаву мардумони беҳад шаҳди ғарибӣ чашидаанд. Хисороти ба сари кишвар омада беохир буд.
Имрӯзҳо шаҳди истиқлолияту озодӣ, оромиву осоиштагиро мардуми шарифи Тоҷикистон шамидаву бо сиёсати Сарвари давлат по ба по қадам гузошта, Истиқлоли давлатӣ - ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда истодааст. Аз ин рӯ, месазад, ки бо сиёсати оқилона, ободкорӣ ва озодихоҳу озодипарасти Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шукрона кунем. Дар ҳамбастагӣ ба сӯи ободкориву ташаббусҳои созандаи миллат сарбаландона қадам гузошта, бо ифтихор бигӯем: «Мо пайрави Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем!».
Ҳусния КУЧАРЗОДА,
вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе