Мусоҳибаи вижа бо муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ
- Шумо аз зумраи бонувонед, ки дар партави сиёсати давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дар зинаҳои гуногуни фаъолияти корӣ обутоб ёфтаед. Лутфан мегуфтед, ки барои муваффақ шудани занону духтарон дар арсаи сиёсат, чӣ аз ҳама муҳим аст?
Ба фикрам, фаросати комил доштану пайравӣ кардан аз мактаби сиёсии Президен-ти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз воситаҳои муҳимтаринанд дар ин ҷода. Барои хизматчии давлатӣ ва роҳбари муваффақ маҳал,баромади иҷтимоии одамон муҳим нест, балки ҳамаро ба мисли худ донишманду фарҳангӣ ва пойбанди арзишҳои миллӣ мебинад. Дар муроҷиатҳо ба ҷавонон мегӯем, ки меҳнатдӯсту дорои иродаи мустаҳкам бошанд.Ватани худро дӯст дошта, дар сафи донишман-дону эҷодкорони навовару технократҳо бошанд, зеро тақозои замон аст, ки ҷавонон ҳамадон бошанд.
- Гузори 23 соли баъди имзои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва рӯйи кор омадани чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқию барномаҳои давлатӣ, ҳузури бонувонро дар вазифаҳои роҳбарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбариашон ба нақши занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз соли 1999 боиси қабули чандин барнома, стратегия ва санадҳои муҳими сиёсӣ гардид, ки барои фаъолияти занон дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат намуд. Ин аст, ки имрӯз аз шумораи 196 ҳазору 858 нафар бонувони коргар дар вилоят 9833 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.
Ҷиҳати тақвият бахшидани мақоми зан дар ҷомеа, дарёфту муаррифӣ ва зиёд намудани сафи бонувони роҳбар дар вилоят чӣ тадбирҳо амалӣ гардида истодаанд?
- Қабули «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 - 2022» аз тадбирҳои ниҳоят муҳим арзёбӣ шуда, қадами ҷиддӣ баҳри ташаккули низоми мукаммали тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд гардид.Маврид ба ёдоварист, ки татбиқи фармонҳои болозикр ва барномаву стратегияҳои дар ин самт рӯйи кор омада, таҳти назорати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода қарор дошта, натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин самт назаррас мебошад. Дар заминаи Барномаи мазкур дар назди Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилоят Шурои донишҷӯдухтарон фаъолият дорад, ки дар он 104 нафар духтари фаъол аъзо мебошад. Дар доираи иҷрои Барнома аз соли 2017 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят курсҳои сайёри омӯзишӣ аз рӯйи барномаи «Зан – сарвар», «Зан - роҳбар»-ро бо иштироки 2930 нафар занони дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва захираҳои кадрӣ қарор дошта, баргузор гардид. Илова бар ин, дар солҳои 2019 - 2021 бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва мутахассисони соҳаи рушди иҷтимоии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо курси омӯзишии «Зан - роҳбар» идома ёфт. Ҷиҳати иштирок дар озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2017-ум 56 нафар, соли 2018 –ум 75, соли 2019-ум 42, соли 2020-ум 62 ва дар соли гузашта 48 нафар аз ҳисоби занону духтарон вобаста ба ихтисосҳои худ ба вазифаҳои хизмати давлатӣ ҷалб гардиданд.
Каме дар бораи саҳми бонувони вилоят дар раванди корҳои ободониву созандагӣ, бунёдгузории корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ мегуфтед.
Бонувони Хатлон дар раванди корҳои ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ва рушди соҳаи соҳибкорӣ саҳми назаррас доранд. Дар ин росто, садҳо нафар соҳибкорону ҳунармандон ба гирифтани грантҳои президентӣ ноил шуда, бо васеъ намудани доираи фаъолиятҳои истеҳсолӣ ҷойҳои бештари корӣ муҳайё сохтанд.Айни замон шумораи соҳибкорони инфиродӣ аз ҳисоби бонувони вилоят ба 17 ҳазору 541 нафар мерасад, ки аз ин 12 ҳазору 425 нафар бо шаҳодатнома ва 5116 нафар бо патент фаъолият доранд.
Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо семинару мизҳои мудаввар доир карда шуда, дар соли равон 27 нафар соҳибкорбону, ки ғолиби озмуни гранти раиси вилояти Хатлон гардид, ба андозаи 1 миллину 250 ҳазор сомонӣ маблаггузорӣ карда шуд.
Ҳамасола тибқи квотаҳои президентӣ даҳҳо нафар ҷавондухтарони навоҳии дурдаст ба муассисаҳои олӣ дохил шуда, ҳамин миқдор донишгоҳу донишкадаҳои кишварро хатм мекунанд. То куҷо ҷавононе, ки тариқи бурсҳои президентӣ соҳиби таҳсилоти олӣ мешаванд, тибқи муқаррарот ба ҷойи кор таъмин мегарданд?
- Таъсиси квотаи президентӣ барои ҷавонон, бахусус, ҷавондухтарони деҳоти дурдаст аз иқдомҳои муҳиму беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз соли 1997 тавассути он 9350 нафар ҷавонон, аз ин 5555 ҷавондухтарони аз минтақаҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои олии таълимиро хатм карда, ҳамчун мутахассисони замони муосир дар ҷодаҳои гуногун фаъолият доранд. Ҳамчунин, алҳол аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят 2695 нафар, аз ҷумла 1347 нафар духтарон тариқи квотаҳои президентӣ дар муассисаҳои олии касбии кишвар таҳсил доранд. Ҳамзамон, тибқи нақшаи қабули квотаи президентӣ дар соли таҳсили 2022 - 2023 аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 539 нафар, аз ҷумла 276 духтар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил мешавад.
- Бонувони вилоят дар кадом самтҳои хоҷагии халқ бештар муваффақ мебошанд?
- Имрӯзҳо саҳми бонувон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, аз ҷумла дар соҳаи маориф шумораи онҳо ба 27 ҳазору 176 нафар, тандурустӣ 23 ҳазору 619 нафар мерасад. Дар соҳаҳои фарҳанг 1698, сохтмон ва меъморӣ 495, саноат 3407, почта ва алоқа 201, коммуналӣ 777 ва бонкҳо 1176 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Нуфуси занону духтарони дар соҳаи кишоварзии вилоят 162 ҳазору 34 нафарро ташкил дода, 11 ҳазору 359 нафари онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Умуман, пешрафти соҳаикишоварзӣ бидуни неруи бонувон тасаввурнопазир аст. Мавриди зикр аст, ки аз 607 нафар олими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят 207 нафар ё худ 34,1 фоизро бонувон ташкил медиҳанд, ки аз ин теъдод 5 бону доктори илм, профессор, 138 нафар номзади илм, аз ҷумла 63 нафар дотсент мебошанд.
- Дар арсаи сиёсат киро идеали худ мешуморед?
- Ман дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо шахсияти пуштибони бонувон ва падари маънавии ғамхору меҳрубонро мебинам, балки раҳнамо ва идеали худ дар сиёсат меҳисобам.Имрӯз бо дастгириҳои Сарвари давлат бонувон дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ обутоб ёфта, бо хизмати содиқона ва масъулияти муҳими ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа заминаи устувор мегузоранд.
- Чун дар арафаи ҷашни 25-солагии таъсисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қарор дорем, Шумо ба симати идеологнақши бонувонро дар таҳкими ваҳдати миллӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
- Занону духтарони вилоят дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, Истиқлоли Тоҷикистон ва ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Дар ҷараёни ниҳоят ҳассоси баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зан - модари тоҷик бо матонату азми қавӣ саҳми арзанда гузоштааст.Месазад, ки аз корномаи мондагору муборизаҳои ватандӯстонаи фаъолзанони вилояти Хатлон Низорамоҳ Зарифова, Адолат Раҳмонова, Саодат Амиршоева, Гавҳарбӣ Пиракова, Муҳаббат Азизова, Қиматгул Рустамова ва даҳҳо нафари дигар мисол овард, ки аксаран ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ, қаҳрамонҳои арсаи меҳнат ва дигар нуфузмандони ҷомеа ба ҳисоб рафта, фаъолияти сиёсиву ташаббусҳои ватандӯстонаи онҳо мояи ибратомӯзии ҷавонони имрӯзу наслҳои оянда мебошад.Бонувони даврони Истиқлол бо ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат бо ташкилу баргузории суҳбату вохӯриҳои маърифатнокӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву сиёсии сатҳи гуногун дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва тарбияи ҷомеа дар руҳияи муқаддасоти миллату давлатдорӣ нақши пешоҳангӣ доранд. Дар тақвияти ин гуфтаҳо месазад аз андарзи бузургон ёдовар шуд, ки барои бунёди як ҷомеаи мутамаддин ва пойдории давлату ҳувияти миллӣ се арзиш муҳим аст: зан ва шамшеру қалам.
Ҷамолиддин САЙФИДДИН,
вилояти Хатлон