04

Июл, 2025
Ҷумъа

04

Июл, 2025
Ҷумъа

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ВАТАНСОЗУ ВАТАННОЗУ ВАТАНДОР

Bonu 07_2022___fmt   888888888888888Устод Камол Насруллоҳ дар як мақолааш нигоштааст: «Оё эҳсос кардаед, ки вожаи Ватан дар солҳои охир дар Тоҷикистони азизи мо беш аз ҳар вақта вирди забони мардум аст? Чаро? Зеро, масъулияти ватандорӣ дар давраи навини соҳибистиқлолӣ халқу миллати моро бештар фаро гирифтааст». Дар идома метавонем биафзоем, ки вожаҳои «Ваҳдат» ва «Истиқлол» низ имрӯз аз калимаҳои муҳимтарини ҳаёти мост, ки бештар аз ҳамеша ба асолати ин мафҳумҳои ватансоз ниёз дорем. Тоҷикистон ватани ваҳдату ҳамгироиву истиқлоли ростин аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста илқо месозанд, ки Истиқлол чароғи афрӯзандаи имрӯзу ояндаи ҷомеаи мост, ки бидуни он наметавонем бузургтарин ормонҳои миллии худро пиёда созем ва Тоҷикистони азизи худро ба вусъатободи тараққиву пешрафтҳои беназир бубарем.Бо даъвату ҳидоятҳои ҳодии ваҳдати мо – Президенти маҳбуб Ватани мо ҳолиё Ватани Наврӯз аст, Ватани Сулҳ аст, Ватани гулҳову обҳову чаманҳои мубаррост. Ин ҳама оғозҳои нек аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии саодатпартави мо шуруъ мешавад. Шоир мефармояд: «Ваҳдат аз домони модар мешавад оғоз» ва мо ҳам умед мебандем, ки бунёди хонаводаҳо маҳкаму қавӣ бошад ва бунёди Ватан ҷовидона бегазанд бимонад. Ман низ чун як тан узву ҷузъи Ватани дилбанд ва чун як тан модари тоҷик дасти дуо мекушоям, ки Тоҷикистони мо бо юмни Истиқлол ва Иҷлосияи оғозбахшаш ваҳдаткада ва саодатгоҳи ҷовидам бошад ва дар гулбанди илму фарҳангу тамаддун парчами пирӯзиҳоро партавафшон намояд. Ин сурударо, ки ниёиши дили модарони Ватан аст, ба шодбоди рафоҳу саодати пояндаи Тоҷикистонам мавзун намудаам.

         Биё, ваҳдатнаво бошем, имрӯз,                                           

       Сарахбори сафо бошем, имрӯз,

       Ватансозу ватаннозу ватандор,

       Ватанро муттако бошем имрӯз,

     Ҳама як дил, ҳама љону як руҳу як ҷон,

       Ба дарди ҳам даво бошем, имрӯз.               

       Ба фардоҳои масъуду мунаввар,

     Раҳораҳ раҳкушо бошем, имрӯз,

       Ало, эй модарони Тоҷикистон

       Дуои андар дуо бошем, имр

         Ҳамовозу ҳамафкору ҳамомол,

     Ба гирди Пешво бошем, имрӯз.

Бо чунин ормони болову дуои неки модарона, орзу мекунам, ки ҳамаи мову шумо бо саломативу тавфиқу фархундагӣ ва қудрати ҳамагонӣ барои бунёди бинои муҳташами фардои Ватан даст ба дасту дӯш ба дӯшу ҷон ба ҷон ҷаҳд варзем.  

                                                                                                                                                              Хайринисо ЮСУФӣ

:.  Сиёсат 25.07.2022 13:23 625

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz