Ҳар давру замон мафҳумҳои калидии худро дар арсаи сиёсӣ дошт. Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки дар давраҳои муайян ин ё он шиор василаи идеологии табаддулотҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мегардид. Ҳамаи ин шиорҳо дар доираи худи давлатҳо паҳн мешуданд, вале имрӯз шиорҳо барои ба даст овардани манфиатҳои худ бо баҳонаи ҷорӣ намудани демократия ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар дигар кишварҳо истифода мешавад.
Давлатҳои абарқудрат ва иттиҳоди онҳо ба манзури ба даст овардани захираҳои табиии кишварҳои нафтдор, бо баҳонаҳои бофта давлатҳои Ироқ, Сурия, Ливияро ба нестӣ ва мардуми онҳоро овора намуданд. Давлатҳоеро, ки роҳи мустақили худро пеш гирифтаанд, бо ҳар роҳ ба сиёсати худ таслим карданӣ ҳастанд.
Зарбулмасале ҳаст, ки ҳалворо ҳаким хӯраду калтакро ятим. Ҳамин тавр давлатҳои абарқудрат барои ҳимояи манфиатҳои худ стратегияҳои гуногунро истифода мебаранд ва дар ин «муколамаҳо» давлатҳои хурд қатъи назар аз хоҳишашон ворид мешаванд ва баъзан дар муайян намудани иродаи худ комилан озод буда наметавонанд. Барои ин ба давлатҳои хурд омилҳои зиёд лозим мешаванд, ки истиқлолу манфиатҳои худро ҳимоя намоянд. Яке аз чунин омилҳо, ин захираҳои табиӣ ва мавқеи географӣ мебошад. Баъзан ин дороӣ диққати давлатҳои дигарро ба худ ҷалб намуда, сабаби дахолати онҳо ба кори давлатҳои соҳиби сарвати табиӣ мешаванд. Дар чунин равандҳои бозиҳои геополитикӣ танҳо ва танҳо давлате, ки дар он суботу якдигарфаҳмӣ мавҷуд мебошад, истиқлоли худро ҳифз карда метавонад. Дар ҳолати дигар, ба як майдони ҳарбу зарби манфиатҳои дигарон табдил меёбад.
Дигар омили пешгирандаи чунин ҳолат, ин амали қонунҳо мебошад, ки дар сурати риоя нашудани меъёрҳои қонунҳо мақомоти ҳокимият фалаҷ мегардад. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми таърихи навини тоҷикон мебошад, ки қариб сабаби нобудии давлат ва парокандагии миллат гардида буд.
Ба сари ҳокимият омадани фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикон фоли нек ва назари бахайре буд, ки сарфи назар аз ҷавонии хеш идора намудану сарҷамъ кардани ин миллати аз бозиҳои ноҳақи таърих ва сиёсии ҳасудхӯрони давлати ороми тоҷикон омадаву ин миллатро парешон ва давлатро қариб буд, ки пароканда намуда пора - пора тақсим мекарданд, офтоби оламоро гармӣ бахшиду Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷилои некбинонаву оини нек, садоқату вафои фарзандона, чашми пур аз меҳру муҳаббати тоҷикона ҷилави ин парокандагиро гирифта, давлати тоҷиконро баъд аз ҳазор соли парокандагиву сарсонӣ орифона, оқилона бунёд намуд.
Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки давлатдории тоҷикон бинобар надоштани сарвари умумимиллӣ борҳо ба парокандагӣ дучор шуда буд. Ҳар гоҳ сухан аз истиқлоли давлатии тоҷикон меравад, бояд дар назар дошта бошем, ки дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик як амри тасодуф набуда, балки дар паси ин воқеа заҳматҳои фаровони мардуми шарифи Тоҷикистон, сиёсатмадорон, олимону адибон ва зиёиён таҳти роҳбарии Сарвари хирадманду дурандеш Эмомалӣ Раҳмон будааст, ки барои бедорӣ ва худогоҳии миллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Баъди эълони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон роҳи мушкили ташаккули давлатдориро аз сар гузаронд. Аксарияти мардум дарк карданд, ки бе давлати тавоно ва ниҳодҳои вай, ҳам амнияти ҷомеа ва ҳам тараққиёти мунтазами соҳаҳои асосии онро таъмин кардан имконнопазир аст.
Мо дар арафаи 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Таърих исбот намуд, ки вакилон дар интихоби Роҳбари нави худ иштибоҳ накардаанд. Эмомалӣ Раҳмон исбот намуд, ки дар Тоҷикистон қувваи солим, қувваи тавоное мавҷуд аст, ки пеши роҳи ҳамагуна низоъро гирифта метавонад.
Халқи тоҷик 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамояд. Ин ҷашн аз дигар ҷашнҳову идҳо бо моҳияти созандагиву ободкории худ фарқ дорад. Сабабҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд. Мусибате, ки солҳои 90-ум ба сари халқи тоҷик омада буд, метавонист давлати моро ба парокандагӣ оварад. Ин боз як санҷиш буд. Сарвари давлат пайваста таъкид месозанд, ки Ваҳдат ва Истиқлол ду мафҳуми ба ҳам тавъам аст. Тоҷикистон дар даврони истиқлоли худ марҳилаҳои хеле вазнину пурхатарро паси сар намуда, аз санҷишҳои вазнини иҷтимоиву сиёсӣ сарбаландона гузашт. Имрӯз Тоҷикистон аз як кишвари ҷангзадаву буҳронӣ ба як мамлакати аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфта аст, ки тамоми дастовардҳои он шоҳиди пешравиаш мебошанд.
Тоҷикистони имрӯза дар арсаи байналмилалӣ соҳиби ҷойгоҳи хосса мебошад. Гузарондани ҷаласаҳои баландпоя бо иштироки сарварони давлатҳои гуногун дар пойтахти давлати тоҷикон – шаҳри дилорои Душанбе далели он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дигар кишварҳо дастгирӣ менамоянд ва имрӯз пойтахти Тоҷикистон яке аз марказҳои фаъоли сиёсиву фарҳангии байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Тоҷикистон бо ниҳодҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва обрасонӣ ҳамкорӣ карда истодааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид баҳои баланд гирифтаанд.
Ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» нишон медиҳад, ки имрӯз Тоҷикистон проблемаҳои ҷаҳониро хуб дарк карда, дар радифи давлатҳои бузург метавонад дар амнияти экологӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ саҳмгузор бошад.
Ваҳдат, Истиқлол ва Президент – неруи қавӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон мебошанд. Маҳз бо кӯшишу талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем худро аз фоҷиаи миллӣ нигоҳ дорем.
Он равандҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза ба вуқуъ омада истодаанд, хатари азбайнравии давлатҳоро доранд ва танҳо ваҳдати шаҳрвандон метавонад пеши роҳи ҷанги шаҳрвандии таҳмилию парокандагиро гирад. Ҳақ ба ҷониби Ҳерберт Дофман, узви Парлумони Аврупо аз ҳизби халқии Тироли ҷанубии Италия, роҳбари шурои Ҳизби халқии Аврупо, инчунин роҳбари Гурӯҳи дӯстии Парлумони Аврупо ва Парлумони Тоҷикистон аст, ки дар мақолаи худ бо унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлоли Тоҷикистон» мегӯяд:
«Маҳз ба шарофати талошҳои пайдарпайи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз як фоҷиаи миллӣ амон ёфта, тавонист истиқлоли худро дар охири асри ХХ таҳким диҳад ва ба туфайли он мардуми тоҷик пас аз ҳазор сол дар ҷодаи эҳёи миллӣ, ояндаи шукуфон ва худтаъминкунӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардад», ки инро нодида гирифтан нобиноии сиёсӣ мебошад. Зеро, маҳз Эмомалӣ Раҳмон тавонист Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанги бародаркуш бароварда, як дарси сулҳофаринии таърихиро пешниҳод намояд. Ин таҷрибаи Тоҷикистон имрӯз барои бисёр кишварҳое, ки дар чанголи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудаанду хатари фоҷиаи экологии демографии ҷаҳониро доранд, қобили истифода мебошад».
Даъвати 20 сол пеши Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли проблемаҳои Афғонистон имрӯз дурустии худро исбот намуд. Ташаббуси нави Сарвари давлат дар бораи 10-солаи «Об барои рушди устувор» нишон медиҳад, ки имрӯз Тоҷикистон проблемаҳои ҷаҳониро хуб дарк намуда, дар радифи давлатҳои бузург метавонад саҳмгузор дар амнияти экологӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ бошад.
Имрӯз аз пештара бештар бояд дар атрофи Пешвои худ муттаҳид шавем, зеро танҳо ваҳдату ягонагӣ асоси соҳибистиқлолӣ ва рушди босубот шуда метавонанд.
Марҳилаҳои пурпечутоби зиёда аз сисолаи таърихи навини халқи тоҷик нишон доданд, ки имрӯз Тоҷикистон ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфтааст ва кафили ин рушди босубот Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Н.Содиқова
вакили Маҷлиси намояндагони МО ҶТ